Тарабхонаи "Очил" Алёна Кимро хуб ёд надорад

Занеро, ки моҳи июл дар Узбакистон бо ҷурми ҷосусӣ ба манфиати Тоҷикистон ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, кормандони тарабхонаи “Очил”- и шаҳри Хуҷанд тақрибан ёд надоранд.

Мақомоти Узбакистон иддао кардаанд, ки Алёна ҳамроҳи дугонааш -

Ҳарчанд худи ин зан дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор шудааст, баъдан аз дохили зиндон ба модараш осори лату кӯб дар танашро нишон дода гуфтааст, ки ӯро шиканҷа карданд ва ӯ маҷбур шуд гуноҳи нокардаро ба дӯш бигирад

Зуля Ҳалимова (нафари бешаҳрвандӣ) соли 2004 барои кор ба Тоҷикистон омада, тайи як сол дар тарабхонаи "Очил"-и шаҳри Хуҷанд ба ҳайси пешхидмат кор кардаанд. Вакили дифои Алёна Ким гуфтааст, зоҳиран ҳамин сафари нафари таҳти ҳимояташ ба Тоҷикистон ва будубошаш дар Хуҷанд шубҳаи ҷониби Узбакистонро бештар кардааст.

"Алёна буд ё набуд?"

Тарабхонаи “Очил”, ки дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, барои бисёр сокинони маҳаллӣ хуб ошно аст. Аз миёни кормандони ин тарабхона, ки соли 2004 дар ин ҷо кор мекарданд, афроди ангуштшумор боқӣ мондаанд. Дар давоми 13 соли охир аксари кулли коргарони ин тарабхона нав шудаанд.

Мақсудҷон Ҷумъабоев, як корманди он дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 23 август гуфт, ки номи Алёна ба ӯ шинос аст. Вале аниқ гуфта наметавонад ӯ кадом сол кор мекард. Ӯ ба бармени собиқадори тарабхона, ки замони суҳбати мо ҳозир набуд, занг зад. Акбарҷон, бармени тарабхонаи “Очил” дар суҳбат бо радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки воқеан пешхидматеро бо номи Алёна ва зоҳиран кореягиро ёд дорад, ки ҳамроҳи дугонааш муддати кӯтоҳе ба ҳайси пешхидмат дар ин тарабхона кор мекард.

Вале ба гуфтаи Акбарҷон, Алёнаву дугонааш на соли 2004, балки 2007 каме дар тарабхона кор кардаву баъд онро тарк карданд. Ӯ афзуд, аз кору зиндагии ин ду зан хотироти зиёде надорад. Вале Музаффар, сарошпази собиқадори тарабхонаи “Очил” гуфт, ӯ соли 2004 дар ин тарабхона кор мекард ва пешхидматеро бо номи Алёна Ким дар ин тарабхона ёд надорад.

Ӯ афзуд, Алёнае, ки ба ҳайси пешхидмат дар тарабхона кор мекард, дигар аст, лоғару қоматбаланд буд ва ба зоҳир аз Алёна Ким комилан фарқ дошт. Додгоҳи низомии вилояти Сирдарёи Узбакистон Алёна Кими 36-сола, модари ду фарзанд ва сокини шаҳраки Ширини ин вилоятро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон даҳуним сол аз озодӣ маҳрум кард.

“Хиёнат ба давлат” ва 10 соли зиндон

Вакили мудофеи Алёна Ким дар ин бора рӯзи 21-уми август ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ хабар дод. Ин ҳукм рӯзи 12-уми июли соли ҷорӣ содир шудааст. Вакили мудофеъ Надежда Пак ба Радиои Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояти ӯ бар асоси моддаи 157-и Кодекси ҷиноии Узбакистон, яъне “хиёнат ба давлат” гунаҳкор шудааст.

Ҳарчанд ҳукми додгоҳ моҳи июл мавриди иҷро қарор гирифтааст, то ҳол ба вакили мудофеъ ва наздикони Алёна Ким нусхаи ҳукмро надодаанд. Ба гуфтаи наздикони Ким, ки дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур доштанд, Алёна ба ҷосусӣ, ифшои сирри давлатӣ ба кишвари хориҷӣ ва фаъолияти душманӣ нисбат ба Ҷумҳурии Узбакистон айбдор шудааст.

Алёна Ким модари ду фарзанд аст

Бахши Ӯзбакии Радиои Озодӣ, ки бо модари Алёна сӯҳбат кардааст, мегӯяд, ҳарчанд худи ин зан дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор шудааст, баъдан аз дохили зиндон ба модараш осори лату кӯб дар танашро нишон дода гуфтааст, ки ӯро шиканҷа карданд ва ӯ маҷбур шуд гуноҳи нокардаро ба дӯш бигирад. Модараш гуфт, ки ба эҳтимоли духтараш акси муштаракаш бо Зуля сабаби боздошту иттиҳоми ӯ шудааст. Зуля Ҳалимова як сол пеш ба зиндон андохта шуд.

Виктория Султонмуродова, хоҳари бузурги Алёна, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарашро барои фаъолияти корӣ дар Тоҷикистон ба “ҷосусӣ” айбдор кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, замони боздошт Алёна Ким ба ҳайси хоҳари шафқат дар бемористони шаҳраки Ширини Узбакистон кор мекард.

Ӯ дар охири соли 2016 дар пайи баъди дастгир ва 12 сол зиндонӣ шудани дугонааш Зуля Ҳалимова бо айби “ҷосусӣ ва убури ғайриқонунӣ аз марз” дастгир шудааст. Ҳангоми боздошти Зуля Ҳалимова дар албомаш акси Алёна Ким ҳам пайдо шуда ва худи ӯ алайҳи Алёна шаҳодат додааст.

Дар солҳои ахир чандин нафар аз сокинони Узбакистон барои ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон муттаҳам шудаанд. Дар моҳи марти соли 2013 ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Сурхондарё се занро бо айбномаи ҷосусӣ алайҳи Узбакистон боздошт карданд. Бино ба гузориши барномаи “Ҷиноят ва ҷазо”-и шабакаи телевизиони “Ёшлар” (“Ҷавонон”) ин се зан талош доштанд, дар бораи иншооти муҳим, ба мисли постгоҳҳои марзӣ ва низомӣ, вазъи амниятӣ ва кормандони онҳо маълумот ҷамъоварӣ кунанд. Дар Тоҷикистон низ чанд нафар ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Узбакистон зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла, масъулони ширкати “Востокредмет” дар шимоли Тоҷикистон бо чунин айбнома дар додгоҳ муҳокима шуда буданд.