Алсу Қурмашева: "Онҳо вақти гаронбаҳоро аз ман дуздиданд"

Алсу Қурмашева бо шавҳараш Павел Буторин

Алсу Қурмашева, хабарнигори Радиои Озодӣ ва модари ду фарзанд, баъд аз 9 моҳ ҳабс дар Русия дар як табодули зиндониён ба назди оилааш ба Амрико баргашт. Ӯро бо иттиҳоми дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия ба шашуним сол зиндон маҳкум карда буданд. Радиои Озодӣ ва худаш иттиҳомро беасос медонанд.

Ҳоло ҳамроҳи шавҳараш дар шаҳри Тексас (Техас)-и Амрико аст. Майк Эккел, хабарнигори Радиои Озодӣ, дар суҳбате аз Алсу Қурмашева пурсид, ки баъди ин ҳама сангиниҳову рӯзҳои сахти ҳаяҷонӣ чӣ ҳол дорад?

Алсу Қурмашева: "Ман бисёр хушҳолам. Хубам. Дар ниҳоят пеши одамони дуруст ҳастам. Муолиҷаҳои оддии тиббиро мегирам, ки моҳҳо надоштам. Бо ман мисли инсон муносибат мекунанд. Билохира пас аз ин як соли боздошт ва мусибати ваҳшатнок, ман ҳоло хубам."

Суоли дигар аз Алсу ин буд, ки эҳсосу ҳаяҷони лаҳзаи берун омаданаш аз ҳавопаймо ва мисли як модар ва ҳамсар ба дидори азизонаш расиданро чӣ гуна тасвир мекунад?

Алсу Қурмашева: “Ин як лаҳзае буд, ки моҳҳо дар борааш хаёлпардозӣ мекардам. Ман дақиқан дар руъёҳоям медидам, ки чӣ гуна хоҳад буд. Албатта, аз интизориҳои ман бештар буд ва шодибахштарин лаҳза буд. Ман то ин замон бовар намекардам. Ҳамачиро махфӣ нигаҳ медоштанд. Намедонистам чӣ хабар буд. Ман намедонистам, маро куҷо мебаранд, кай ва чаро мебаранд. Пас аз моҳҳо иттифоқот, аз тафтиш хабаре набуд. Ҳоло ин чиз иттифоқ уфтод. Бинобар ин, замоне ба ин муъҷиза бовар кардам, ки шавҳару фарзандонамро ба оғӯш гирифтам. Аз ҳамон рӯз ба оғӯш гирифтани ҳамдигарро бас намекунем.”

Аз Алсу Қурмашева ҳамчунин пурсида шуд, ки оё аз он хашмгин нест, ки ҳукумати Русия моҳҳо ӯро аз фарзандонаш ҷудо кард ва аз зиндагии одӣ маҳрум сохт?

Алсу Қурмашева: “Қатъан ман ҳоло хашмгин нестам, асабонӣ нестам. Ба касе нафрат надорам. Таассуф мехӯрам. Дилам ба онҳое месӯзад, ки ин корро карданд, ба додрасҳо, ба муфаттишон, ба афсарон, ба посбонҳо. На, ман хашмгин нестам. Ҳоло бояд ба замони имрӯз мутобиқ шавам. Видеоҳоеро бубинам, ки ҳангоми набуданам аҳли оила бароям сабт кардаанд. Бояд бо оҳангҳои нав, хабарҳои нав, филмҳои нав ҳар чизи дигар ошно шавам. Бале, он вақти гаронбаҳоро аз ман дуздиданд, ҳеч касе он як солро ба ману хонаводаам баргардонда наметавонад. Ин ҳама маро қавитар кард, оилаи моро қавитар кард. Ва ман хашмгин нестам, ба касе нафрат надорам.”

Видеои мусоҳибаро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Алсу Қурмашева: "Хашмгин нестам, нафрат надорам"