Тамоми парвандаҳои Зайд Саидовро ба Ожонси зиддифасод супурдаанд

Тамоми парвандаҳои марбут ба Зайд Саидов, аз ҷумлаи парвандаи бисёрзаниро ҳам ба Ожонси мубориза бо фасод супурдаанд.
Вакилони мудофеъи соҳибкори боздоштшуда рӯзи 6 июн ба Озодӣ гуфтанд, ки таҳқиқи тамоми парвандаҳои марбут ба Зайд Саидов дар ҳоли ҳозир пурра дар ихтиёри Ожонси мубориза бо фасод қарор гирифтааст. Ба гуфтаи яке аз вакилони ӯ, аз ҷумла тафтиши иттиҳоми бисёрзанӣ, ки парвандааш рӯзи 11 май аз ҷониби додситонии Душанбе боз шуда буд, низ ҳоло ба Ожонси зиддифасод вогузор шудааст. Як мақоми додситонии Душанбе ҳам таъйид кард, ки парвандаи Зайд Саидовро аз ин идора ба Ожонси зидди фасод супурдаанд.

Бо ин ҳол, вакилони мудофеъи Зайд Саидов мегӯянд, ки аз рӯзи 29 май ба ин сӯ, инак 8 рӯз боз наметавонанд бо муваккили худ мулоқот кунанд.Зайд Саидов аз 24 май дар як ҳуҷраи дукасаи боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад. Яке аз вакилони Зайд Саидов рӯзи 6 июн ба Озодӣ гуфт, бори охир бо муваккили худ дар боздоштгоҳи Кумитаи амният рӯзи 29 май мулоқот кардаанд.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, мулоқоти вакили мудофеъ бо муваккилаш дар боздошт танҳо дар сурати ризоияти хаттии муфаттиш ё раҳбари гурӯҳи тафтишотии парванда сурат мегирад. Аммо мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки таҳқиқи парвандаи Зайд Саидов дар дасти онҳост, инак 8 рӯз боз ба вакилони мудофеъ иҷозаи мулоқот бо Саидовро намедиҳанд.

Вакили Саидов мегӯяд, имкон дорад, ки мақомоти тафтишотӣ ин фурсатро барои фишор ба Зайд Саидов, ё барои, ба истилоҳ,“кор кардан” бо муваккили онҳо истифода баранд, чунки дар шароити маҳдуд ва маҳрумият аз тамос бо берун розӣ кунондани як нафар ба эътирофи гуноҳ, ба гуфтаи ӯ, осонтар аст. Мусоҳиби Озодӣ ба ҳар сурат, изҳори умед кард, ки имрӯз ё фардо иҷозати чунин мулоқот бо муваккилашонро пайдо хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони соҳибкори боздоштшуда мегӯянд, мақомот як бахши ҳисобҳои бонкӣ ва молу амволи марбут ба Зайд Саидову наздиконашро ба ҳабс гирифтаанд, ки ҳар навъ ҳаракати нотариалӣ, яъне харидуфурӯши ин молу мулкро манъ мекунад. Аммо дар айни ҳол, фаъолияти ширкатҳои марбут ба ин наздикони Саидов, аз ҷумла сохтмони бинои нави мактаби рақами 8 дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт , ки бар ӯҳдаи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” мебошад, идома доштаааст.

Вакили мудофеъи Зайд Саидов ҳамчунин гуфт, ки ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ҳамроҳ бо ду гумонбари дигар нигоҳ дошта мешавад ва мақомоти боздоштгоҳ имкони таъмини Зайд Саидов бо доруву даворо фароҳам кардаанд. Қарори маълум, Зайд Саидов дар боздошт аз хуруҷи дарди меъдааш шикоят мекард. Пайвандонаш мегӯянд, дар як ҳафта се маротиба ҳаққ доранд, ки барояш ғизо баранд. Ба гуфтаи як манбаъи наздик ба хонаводаи Зайд Саидов, маъмурини боздоштгоҳ ҳафтаи гузашта ба ӯ имкони мулоқоти кӯтоҳе бо писари калониаш Хайрулло ва фарзандони хурдиаш Омина ва Ёсинро ҳам додаанд.

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон вазири собиқи саноат Зайд Саидовро бар асоси банди чоруми моддаи 319-уми Қонуни ҷиноӣ ба порагирӣ айбдор мекунад. Ин иттиҳом бар пояи нишондоди Низомхон Ҷӯраев, мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара аст, ки баъди чанд соли фирор моҳи апрели соли 2012 ба таври мармуз дар Душанбе пайдо шуд ва ба гуфтаи манобеъи Озодӣ, ин ҳама муддат дар бинои Ожонси зиддифасод ба сар мебарад. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ки Низомхон Ҷӯраев ба шарти берун нарафтан аз макони зист дар озодист ва парвандааш то ду моҳи дигар ба додгоҳ хоҳад рафт.

Низомхон Ҷӯраев ибтидо Зайд Саидовро ба гирифтани пора ба маблағи 100 000 доллар айбдор кард ва феълан дар айбномаи вазири собиқи саноат ва соҳибкори шинохта ҳамин иттиҳом сабт шудааст. Вале баъдан мақомоти Ожонсӣ гуфтанд, ки сухан дар бораи ғасби корхонаи “Тоҷикатлас” аз ҷониби Зайд Саидов меравад. Аммо Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд Саидов, рӯзи 5 июн дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба Озодӣ гуфт, ки “Тоҷикатлас”-ро на Зайд Саидов, балки ӯ харида буд ва он ҳам на аз Низомхон Ҷӯраев, балки аз нафаре бо номи Абдусамад Саидов.

Худи Зайд Саидов низ тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълон шуда, аз ҷумла иддаои Низомхон Ҷӯраевро радд мекунад ва мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад ва баъди эълони азми ӯву ҳамфикронаш дар моҳи апрел ба таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.

Зайд Саидов рӯзи 19 май баъди бозгашт аз сафари Аврупо дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе рӯзи 20 май мақоми дахлнопазирии вакилии ӯро лағв ва додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 22 май ҳукми ҳабси думоҳаашро содир кард. Субҳи 24 май Зайд Саидовро аз Ожонси зиддифасод ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интиқол доданд.

Зайд Саидов, зодаи ноҳияи Нуробод ва хатмкардаи бахши барномарезии саноати Донишгоҳи миллӣ 54 сол дорад ва соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноат таъйин шуд. Ӯ аз соли 2001 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд ва баъди рафтан аз ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт. То оғози таъқибаш аз сӯи мақомот раиси Шӯрои анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистон буд, вале ин Шӯроро ҳам рӯзи 12 май барҳам доданд.

Эътилоф барои демократия ва ҳуқуқи башар, ки як теъдод аз аҳзоби мухолиф ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис додаанд, як Кумитаи вижаи дифоъ аз ҳуқуқи конститутсионии Зайд Саидовро ташкил кардааст. Ахиран як гурӯҳи равшанфикрони тоҷик дар номаи дастаҷамъӣ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон қазияи Зайд Саидовро як зарбаи ҷиддӣ ба обрӯи байналмилалии кишвар бахусус дар соли интихоботи президентиаш номида, хостори дахолати мустақими Эмомалӣ Раҳмон дар ин қазия шуданд.