Мақомоти Тоҷикистон шоми 16 сентябр расман хабари кушта шудани генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалимро тасдиқ карданд.
Бино ба гузориши вижаи маркази муштараки матбуоти вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шоми 16 сентябр нашр шуд, "16-уми сентябри соли 2015, соати 14:00, амалиёти зиддитеррористӣ оид ба несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода пурра ба охир расид."
Бино ба ин гузориш, аъзои гурӯҳи Назарзода баъди якуним рӯзи таъқиб дар қисмати рости мавзеи Гусгеви дараи Ромит, воқеъ дар 110-километрии шаҳри Ваҳдат ба иҳота афтоданд, вале баъди он ки кӯшишҳои гуфтушунид ва моил сохтани онҳо ба таслимшавӣ натиҷа надод, "зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд. Теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид."
Дар ин гузориш ҳалокати фармондеҳи воҳиди махсуси «Алфа» полковник Амакиев Рустам Холалиевич ва 3 тани дигар аз нирӯҳои ОМОН ва «Алфа»-ро низ тасдиқ кардаанд.
Қаблан як манбаи наздик ба амалиёти зидди гурӯҳи Назарзода ба Озодӣ хабар дод, кирӯзи 16 сентябр дар ҷараёни амалиёти вижаи нирӯҳои қудратии Тоҷикистон дар дараи Ромит генерал Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофеаи Тоҷикистон кушта шудааст. Ба иттилои ин манбаъ, 7 нафар аз ҷангиёни гурӯҳи Назарзода нимаи рӯзи чоршанбе кушта шуданд. Яке аз онҳо худи генерал Назарзода ва дуюмӣ Ҷунайдуллоҳ Умаров будаанд.
Шомгоҳи 15 сентябр дар мавзеи Покрӯди дараи Ромит дар байни нирӯҳои амниятии Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода даргириҳои шадид ҷараён гирифт ва бо ҳалокати 11 нафар, бо шумули фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии "Алфа" Рустам Амакиев анҷом ёфт.
Кушта шудани фармондеҳи "Алфа"
Полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи махсуси "Алфа"-и марбут ба КДАМ дар як даргирии мусаллаҳонае бо афроди марбут ба генерал Назарзода кушта шуд. Ҳамроҳ бо ӯ дар задухӯрди ахир боз се низомии дигар ҳам ҷон додаанд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ манобеи
мӯътамад дар сохторҳои қудратӣ хабар доданд. Як тан аз зердастони Рустам Амакиев гуфт, ки "полковник аз тири снайпери номаълум дар ҳоле кушта шуд, ки гурӯҳи мусаллаҳро дар самти Харангони Варзоб таъқиб мекард."
Хабар кушта шудани сарҳанг Рустам Амакиевро мақомоти ноҳияи Восеъ ва ҳамчунин наздикони ӯ тасдиқ карданд. Ӯ соли 1974 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст, оиладор ва соҳиби як фарзанд буд.
Рустам Амакиев соли 1997 Донишгоҳи ҳарбии фармондеҳии нирӯҳои десанти ҳавоии шаҳри Рязани Русияро хатм кардааст. Аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон медали "Ҷасорат", "Шараф", дараҷаи 2 ва барои хизмати шоиста қадрдонӣ шудааст.
Низомии дигар, ки дар ҷараёни даргирии шаби 15 сентябр кушта шуд- сарбози 20-сола Абдулаҳад Кабиров, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар аст. Наздикони ин сарбоз ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки баробари аз сафар баргаштани падар ва бародарони Аҳмад Кабиров ҷасади ӯро ба хок месупоранд. Омодагӣ ба маросими дафни Абдулаҳадро дар ин видео бубинед:
Дар манзили Рустам Амакиев дар ноҳияи Восеъ низ сокинон барои ширкат дар маросими хоксупорӣ ҷамъ шуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бар пояи иттилои дигар, дар ҷараёни даргириҳои рӯзи 15 сентябр дар мавзеи Покрӯд, як чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон осеб дид ва нишасти изтирорӣ анҷом дод. Ин чархбол ҳангоми парвоз ба мавзеи эҳтимолии гурӯҳи Назарзода аз ҳамлаи заминӣ осеб дид, вале бидуни талафот ба замин нишаст. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки ба чархбол эҳтимол аз миномиёт ҳуҷум сурат гирифт. Сокинони деҳоти дараи Ромит низ нишасти изтирории чархболро мушоҳида кардаанд.
Амалиёти нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон алайҳ афроди мусаллаҳ дар дараи Ромит рӯзи 4 сентябр шурӯъ шуд. Субҳи он рӯз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ШКД шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи полис дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, 9 ходими ҳифзи ҳуқуқро куштанд. Мақомот масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯши афроди марбут ба генерал ва муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода вогузор карданд. Назарзода ҳамон рӯзи 4 сентябр бо як қарори ҳукумат аз мақом барканор шуд ва ҳамроҳ бо тарафдоронаш дар дараи Ромит панаҳ бурд. Аз он замон то имрӯз дар амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматӣ 100 тарафдори Назарзода боздошт ва 20 нафар кушта шуданд.