Александр Гордон: "Акнун зуд-зуд меҳмони Шумо хоҳем шуд" (ВИДЕО)

Александр Гордон. Душанбе, 26 майи 2015

​Александр Гордон, ровии маъруфи шабакаи ОРТ гуфт, тӯли се рӯз аз Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он боздид карда, ният дорад, ҳамроҳи ҳамсараш дар бораи Тоҷикистон филми ҳуҷҷатӣ бигирад.

Александр Гордон, ровии маъруфи ОРТ - шабакаи аввали телевизиони Русия мегӯяд, ки пойтахти Тоҷикистон ба зодгоҳи ӯ -- Одесса бисёр монанд аст ва аз ин рӯ Душанберо сахт дӯст доштааст. Гордон, ки ҳамроҳи ҳамсари тоҷики худ - Ноза (Нозанин) Абдулвосиева ва писари ҳафтмоҳааш ба Тоҷикистон омадааст, рӯзи 26 май дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ нахуст ҳадафи сафараш ба Тоҷикистонро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, "моро ба ин ҷо як баҳонаи хуб овард. Модаркалони писарам ҷашни зодрӯз доранд ва ҳама ёру дӯстон ба ҳамин муносибат сарҷамъ гардидем. Барои ҷашнгирии ин санаи муҳим ман ҳамроҳи завҷа ва писарам, ки фардо ҳафтмоҳа мешавад, омадем. Ин нахустин сафари ману писарам ба зодгоҳи аҷдодиаш аст. Асосан маркази пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои атрофро тамошо кардам. Сохтмони биноҳо дар авҷ аст ва шаҳр низ бисёр манзараҳои зебо дорад. Сокинон аҷоибанд ва фикр мекунам, акнун зуд-зуд меҳмони Шумо хоҳем шуд."

Радиои Озодӣ: Аз издивоҷи Шумо бо Ноза Абдулвосиева як сол гузашт ва бисёриҳо донистанд мехоҳанд, ки зиндагии якҷояатон чӣ тавр мегузарад?

Александр Гордон: "Бовар кунед, мо бисёр зиндагии хуб дорем ва азбаски фарзанди мо хурдсол аст, ҳамаи таваҷҷуҳамон ба он равона шудааст. Ихтисоси ману оилаам ба якдигар пайванди зиёд дорад, барои ҳамин нигоҳи мо низ ба масъалаҳо тақрибан аз як зовия аст ва мо зуд роҳи зиндагии хуби муштаракро пайдо кардем."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таассуроти Александр Гордон аз Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Ҳоло оилаатон чӣ кор мекунад?

Александр Гардон: "Ҳамсарам пайи таҳсил аст ва бояд онро дар сатҳи хуб ба анҷом расонад. Ман ризқу рӯзии оилаамонро аз ҳисоби фаъолият дар телевизион пайдо мекунам."

Радиои Озодӣ: Дар оянда барномаҳои хос барои Тоҷикистон доред?

Александр Гордон: "Ману ҳамсарам нақша дорем, якҷоя як филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Тоҷикистон, Бадахшон ва Душанбе таҳия кунем. Чунки ҳамсарам ва ҳоло ман низ бо ин ҳама пайванди мустаҳкам дорем."

Радиои Озодӣ: Вақте хабари издивоҷи Шумо бо як духтари тоҷик расонаӣ шуд, вокунишҳо дар Тоҷикистон мухталиф буданд. Вақте ба ин ҷо омадед, чӣ гуна аз Шумо пазироӣ шуд?

Александр Гордон: "Маро ҳамчун як шахси наздик ба оилаи худ пазируфтанд, ҳамчуноне, ки ҳамсарамро дар Русия, Украина ва Амрико наздиконам хуб қабул карда буданд. Афсӯс, ки дар ин ҷо бисёр ҷойҳоро дида натавонистам, вале Душанбе аз ҷиҳати ҳам зебоӣ ва меҳмондӯстии сокинонаш ба ман писанд омад. Азбаски тӯли чанд вақт боз ба зодгоҳам - Одесса бо сабаби нооромиҳои зиёди он ҷо рафта натавонистам, аз ҳамин ҷиҳат Душанберо ҳамсони зодгоҳи худам қабул кардам. Зеро аз чанд ҷиҳат ба онҷо шабоҳат дорад. Ман ба Шумо муваффақият мехоҳам ва ба кишвари Шумо аз ҳама чизи муҳим сулҳро хоҳон ҳастам. Чунки хуб медонам, Тоҷикистон чӣ рӯзҳои сахтеро паси сар гузоштааст."

Номи Александр Гордон баъд аз расонаӣ шудани хабари издивоҷаш бо Ноза Абдулвосиева, набераи синамогари маъруф Валерий Аҳадов ва абераи шоири шинохта Мирсаид Миршакар дар Тоҷикистон маъруф шуд. Александр Гордон ва Ноза Абдулвосиева соли гузашта издивоҷ карда, моҳи октябри ҳамон сол соҳиби писар шуданд. Ин ҷуфт, бино ба хабарҳо, дар ҷараёни наворбаргирии филми “Ақлак” (“Умник”) бо ҳам шинос шудаанд.

Ноза Абдулвосиева 21 сол дошта, дар ВГИК – Донишкадаи давлатии санъати кино – таҳсил мекунад. Вай ҳамсари чаҳоруми Гордони 50-сола аст. Гордон аз издивоҷҳои қаблиаш бо Мария Вердникова ва Елена Пашкова ду духтар дорад, вале Александри навзод нахустин писари ӯст.

Ҳарчанд ин издивоҷ дар миёни корбарони тоҷик дар интернет вокунишҳои зиёд дошт, аммо бобои Ноза - Валерий Аҳадов ба Озодӣ гуфт, аз интихоби наберааш розист, чунки Александр Гордон, ба ақидаи ӯ, як марди хуб аст: "Муҳим он аст, ки онҳо ҳарду хеле хушбахтанд."

Александр Гордон ровии барномаҳои пуртамошобине, чун “Они и мы”, “Ночной Гордон”, “Закритый сеанс”, “Гордон-Кихот”, “Гражданин Гордон” дар шабакаҳои ОРТ ва қаблан НТВ мебошад. Ӯ ҳоло дар ОРТ кор мекунад ва ровии ба истилоҳ ҳамакора аст: ҳам барномаҳои сиёсиро мебараду ҳам фарҳангиро ва ҳам ток-шоуҳои иҷтимоиро.

Ба навиштаи матбуоти Русия, Гордон аз ҳамсари қаблиаш Нина Тригорина, ки низ ҷавону донишҷӯ буд, дар моҳи ноябри соли 2013 ҷудо шуд. Матбуот он вақт навишт, ки далели ҷудоии ин ҷуфт фарқи синну соли зану шавҳар будааст. Вале зоҳиран, Александр Гордон бори чаҳорум ҳам ба ҳамон дарё пой андохт: Гордон моҳи феврал 50-сола шуд ва аз арӯси нави тоҷикаш 30 сол бузургтар аст.