Мақомот ва хешовандонаш дар ин бора суҳбат накарданд. Искандаров 73-сола аст. Вай дар авҷи рӯёрӯиҳои солҳои навадум ба мақоми раиси Шӯрои олӣ расид ва муддате иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Тоҷикистон буд.
Ду манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми июн гуфтанд, намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон "13-14-уми июн Акбаршоҳ Искандаровро ба бозпурсӣ даъват карда, дигар ҷавоб надоданд".
Сабаби бозпурсӣ ва нигоҳ доштани ӯ маълум нест.
“Муфаттишони Додситонии кул қариб 50 нафарро бозпурсӣ карда, бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист озод намудаанд, аммо Акбаршоҳ Искандаровро раҳо накарданд,” -- афзуд як манбаъ.
Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмии масъала ба Додситонии кулл нома фиристод ва мунтазири посух аст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми июн ба хонаи Акбаршоҳ Искандаров дар шаҳри Душанбе рафтанд. Наздиконаш аз паси дар танҳо ҳаминро гуфтанд, ки “дар хона нест, равед.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Искандаров: "Ба давлату ватанам хиёнат накардаам."Акбаршоҳ Искандаров ба дунболи боздошту бозупурсии вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода ва вазири пешини корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ дастгир шудааст. Маълум нест, қазияи онҳо то куҷо бо ҳам пайванд дорад.
Додситони кул Юсуф Раҳмон гуфт, ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода “ва дигарон” рӯзи 12-уми июн парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Усмонзодаро ба кӯшиши ғасби ҳукумат муттаҳам ва аз дахлнопазирӣ маҳрум карданд.
Дар бораи “дигарон” расман иттилоъ дода нашудааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамон рӯзи 12-уми июн Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дипломати собиқадор ҳам дастгир шудааст.
Акбаршоҳ Искандаров солҳои охир дар Академияи илмҳои Тоҷикистон кор мекард. Чандин сол сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва дертар намояндаи Душанбе дар Қазоқистон буд.