Масъулини Кумитаи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯянд, ки шикояти сокинони рустои Оби Канапои ноҳияи Айнӣ дар робита ба таъсири манфии фаъолияти корхонаи муштараки фулузотгудозии “Анзоб” ба саломатии аҳолӣ, асосе надорад. Мақомот ҳамчунин мегӯянд, ки эҳтимол дорад сокинон танҳо ҳадафи дарёфти ҷубронпулӣ аз ин ширкати муштараки Тоҷикистону Амрикоро доранд.
Деҳаи Оби Канапои ноҳияи Айнӣ дар шафати роҳи мошингард ба самти Искандаркӯл дар вилояти Суғд ва ҳудуди 150 километр шимоли шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар солҳои шӯравии пешин ин маҳал бо номи корхонаи коркарди маъдани “Анзоб” маъруф буд, ки машғули коркарди маъданҳои нодир буд. Аммо соли 2005 ҳукумати Тоҷикистон 51% саҳмияи ин корхонаро ба ширкати "Comsap Comodities Ink"-и Амрико ба қимати 11 миллион сомонӣ фурӯхт ва дар ин маҳал корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико бо номи “Анзоб” ташкил шуд.
Бештаре аз сокинони деҳаи Оби Канапо собиқ бошандагони рустои Махшевади ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ мебошанд, ки соли 2006 аз селфароӣ хисорот дида буданд ва бо қарори ҳукумати маҳаллӣ дар моҳи январи ҳамон сол ба онҳо дар маҳаллаи Оби Канапо барои бунёди манзил иҷоза шуда буд.
Аз соли 2011 сокинони ин деҳа пайваста аз таъсири манфии партовгоҳи ин корхона ба саломатии худ шикоят мекунанд. Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон 25-уми январ дар нишасти матбуотии ниҳоди худ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, ки соли 2017 мутахассисони ин ниҳод дар маҳалли корхонаи “Анзоб” ташхис анҷом дода, “далели шикояти сокинонро пайдо накарданд. Бо ин вуҷуд, мо дар назар дорем соли ҷорӣ низ дар ин маҳал бозрасии наве анҷом диҳем”.
Аммо Мақсадулло Мардонов, сардори раёсати ташхиси давлатии истифодаи замин дар Кумитаи муҳити зисти Тоҷикистон 25-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аслан зиндагии ин сокинон дар минтақаи “амн”-и марбут ба корхонаи “Анзоб”, ғайриқонунӣ аст. Зеро сокинон ба ин минтақаи “амн”- корхонаи Анзоб соли 2006 дар пайи фаромадани селоб дар рустои Машхевади ин ноҳия кӯчонида шудаанд.
Ҷаноби Мардонов афзуд: “Соли гузашта мо ин масъаларо баррасӣ карда, ба хулосае омадем, ки ин сокинон ғайриқонунӣ дар ин маҳал манзил сохтаанд. Мо аз корхонаи “Анзоб” талаб кардем, ки тамоми ҳуҷҷатҳои фаъолияти худро пешкаш созад. Партовгоҳи ин корхона тибқи қоидаҳои муқарраршуда фаъолият мекунад ва ҳеҷ қонуншикание дида намешавад. Ин сокинон ғайриқонунӣ дар ин минтақа манзил бунёд кардаанд ва мақомоти маҳаллиро зарур аст дар мавриди кӯчонидани ин мардум тадбирҳое рӯи даст бигиранд. Зеро, ҳатто барои чунин миқдори сокинон намешавад, ки фаъолияти корхона дар Тоҷикистони кӯҳистониву камзамин қатъ карда шавад.”
Аммо сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки маҳз партовҳои ин корхонаи тавлиди сурбу сурма сабаб шудааст, ки дар миёни сокинон бемориҳои мухталифе назири касалиҳои пӯст ва зардпарвину роҳҳои нафас бештар шудааст. Қутбиддин Шамсиддинов, як сокини деҳаи Оби Канапо дар ин бора чунин гуфт, ки солҳои қаблӣ чунин мушкил дар миёни сокинон аслан вуҷуд надошт, вале баъд аз оғози фаъолияти ин корхонаи муштарак, занҳои деҳа ҳама гирифтори бемориҳо шуда, тифлони носолим таваллуд мекунанд.
Ин сокини деҳаи Оби Канапо дар идома гуфт, ки ҳамаи ҳолатҳои беморӣ дар бемористон сабт шудааст ва гузашта аз ин, тақрибан ҳамаи чорвои деҳа насли мурда таваллуд мекунанд ва чунин ҳолат дар гузашта ҳаргиз набудааст.
Абдусалим Ҷӯраев, сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумитаи муҳити зисти Тоҷикистон 25 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки “мушкили сокинони ин деҳа асосан баъд аз корхонаи муштарак шудани “Анзоб” пайдо шудаст”.
Вай гуфт: “Мутахассисони мо масири партовҳои ин корхонаро пурра ташхис карданд. Зеро, эҳтимоле вуҷуд дошт, ки ҳангоми ба муҳити зист партов шудани боқимондаҳои тавлидот дар пайи омезиш бо ҳаво таъсири манфии ин полоиш мушоҳида шавад. Аммо, ин гумон ҳам ботил баромад. Фикр мекунам, сабаби асосии ин мушкил дар он аст, ки мардум барои ҳалли мушкилоти худ мехоҳанд аз ин корхонаи муштарак ҷубронпулие дарёфт кунанд”.
Алихон Тӯраев, муовини мудири корхонаи муштараки “Анзоб” рӯзи панҷшанбеи 25 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вуҷуди ин мушкилро бепоя донист. Зеро, ба гуфтаи вай, тӯли чанд соли ахир ҳайатҳои мухталифе барои санҷиши фаъолияти онҳо дар бахши зистмуҳитӣ омада, ҳеҷ қоидавайронкуниеро ошкор накардаанд.
Вай шӯхиомез ҳатто гуфт: “Нуктаи ҷолиб ин аст, ки сокинон иддао доранд гӯё бемориҳо аз соли 2011 дар миёни сокинон хуруҷ кардааст. Аммо, корхонаи мо соли 2013 ба фаъолият оғоз кардааст ва чӣ гуна метавонад партовҳои мо, ки он замон набуданд, таъсири бад расонида бошад? Гузашта аз ин, партовҳои мо дар қуттиҳои бетонӣ зери замин гӯронида мешаванд ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд сабаби бемориҳои ҳатто сироятӣ шуда бошанд”.
Зимнан, бештаре аз сокинони деҳаи Оби Канапо собиқ бошандагони рустои Махшевади ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ мебошанд, ки соли 2006 аз селфароӣ хисорот дида буданд. Ба қарори раиси ноҳияи Айнӣ дар моҳи январи ҳамон сол ба ин сокинон дар маҳаллаи Оби Канапо барои бунёди манзил иҷоза шуда буд. Аз ин пеш, ин маҳалла “минтақаи бехатарии” корхонаи “Анзоб” маҳсуб мешуд.
Дар охири соли 2012 мақомоти ноҳия ба корхонаи муштараки “Анзоб” иҷоза дод, ки дар наздикии манзили сокинон партовгоҳи зеризаминии худро бисозад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Айнӣ, маҳз баъд аз фаъол шудани корхонаи муштараки “Анзоб” ин ноҳия аз лиҳози молӣ худкифо шуда, аз кӯмакҳои молии ҳукумати марказии Тоҷикистон даст кашидааст.
Ба ин далел, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки барои додани иҷозаи сохтмони манзил дар “минтақаи бехатари” корхонаи “Анзоб” мақомоти ноҳияи Айнӣ бояд ҷавобгар бошанд. Аммо то он замон рӯшан нест, ки сокинони рустои Оби Канапои ноҳияи Айнӣ чӣ гуна бояд зиндагӣ дошта бошанд.