Масири Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ бозсозӣ мешавад

Бозсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ ҳамвор ва мумфарш карда нашудааст, интизор меравад моҳи сентябр оғоз ёбад.

Садриқул Шербутаев, сардори идораи роҳи ноҳияи Айнӣ рӯзи 17 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “барномаи бозсозии ин роҳ аз сӯи ҳукумати кишвар тасдиқ шуда, агар раисҷумҳур моҳи сентябр зимни сафарашон дастур диҳанд, кор сар мешавад.”

Роҳи байни Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ ягона масири нақлиётӣ байни ноҳияҳо дар шимоли Тоҷикистон аст, ки аз замони шӯравӣ ҳамвору васеъ ва мумфарш карда нашудааст ва ҳар сол дар ин масири кӯҳистонӣ чандин садамаҳои нақлиётии маргбор рух медиҳад.

Абдуллоҳи Фозил, як сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар бораи вазъи кунунии ин роҳи нақлиётӣ гуфт: “Дар ҳоли ҳозир вазъи роҳ хароб мебошад. 55 киломтер роҳ аз маркази Кӯҳистони Мастчоҳ то Айниро дар чор соат тай мекунем. Ҳар гуна мошинҳои оддии сабукрав ҳаракат карда наметавонад, фақат “ҷип”-ҳо мегарданд. Хусусан дар фасли зимистон ҳаракат бисёр вазнин ва баъзан номумкин мешавад.”

Ба гуфтаи ин сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ, навсозии ин роҳ ҳаракати нақлиёт ва омадурафт аз ин ноҳияи дурафтода ба самтҳои Душанбеву Панҷакент ва Хуҷандро ба маротиб осон мегардонад.

Аюб Мираминов, сармуҳандиси муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВС» гуфт, ки соли 2014 тарҳи бозсозии ин роҳи 55 километрӣ бо 80 миллион доллар сармоя таҳия ва ба вазорати нақлиёт ироа шудааст.

Ба гуфтаи вай, 55 километр роҳи байни ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ, ки қаблан аҳамияти маҳаллӣ дошт, соли 2015 дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ гардонида шуд: "Мо ҳам мунтазири он, ки бозсозии ин роҳ зудтар оғоз шавад, чунки ин роҳи хеле хавфнок аст.

Ба гуфтаи мусоҳибам, фаромоишгари ин тарҳ вазорати нақлиёти кишвар мешавад, ки бо роҳи тендер – озмун, иҷрокунандаи онро интихоб хоҳад кард.

Бозсозии роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ дар чаҳорчӯби барномаи ҳукумати Тоҷикистон барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани Тоҷикистон анҷом мегирад. Ифтитоҳи шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ тавассути туннелҳо аз гарданаҳои Анзоб ва Шаҳристон, бозсозии роҳҳои мошингарди Айнӣ-Панҷакент ва Душанбе-Турсунзода то сарҳади Узбакистон, навсозии роҳи Хуҷанд-Конибодом-Исфара, ки баҳори соли равон оғоз ёфт, шохаи ин шоҳроҳро то марзҳои Узбакистону Қирғизистон дар самти шимолу шарқи кишвар мебарад.

Шоҳроҳи навсозишуда бахше аз пайвандҳои барномаи байнулмилалии "Долони Шимол--Ҷануб" аст, ки аз Хуҷанд тавассути Душанбе ба самти Панҷи Поёну Афғонистон ва Эрону Покистон масир дорад.

Дар ҳоли ҳозир аз роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳои Суғд танҳо роҳи нақлиётии Хуҷанд-Ашт, ки ҳудуди 140 километр масофа дорад ва ва то марзи Узбакистон мебарад, навсозӣ нашудааст. Дар гузашта он як ҷодаи аслии транзитии Узбкистон маҳсуб меёфт.

Тилав Расулзода.

Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, дар шароити Тоҷикистон, ки 93 дарсади масоҳаташ кӯҳистон аст, бунёди роҳҳои иртиботӣ дар баробари наздик намудани сокинону осон намудани равуо ва тиҷорати онҳо, барои ҷалби сармояи хориҷӣ зарур аст.

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, айни ҳол Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ ниёз дорад ва ба хотири ҷалби сармояи хориҷӣ зарур аст, ки дар минтақаҳо инфрасохтори зарурӣ, роҳҳои нақлиётии змонавӣ, хати барқу об ва монанди инҳо фароҳам карда шавад: "Ман гумон мекунам, ки дар навбати аввал навсозии роҳҳои нақлиётӣ на танҳо байни минтақаву шаҳру ноҳияҳои кишвар, балки байни деҳаҳо низ муҳим аст.”

Ин дар ҳолест, ки бино ба омори расмӣ, дар соли 2016 аз будҷаи вилояти Суғд барои навсозӣ ва таъмиру тармими роҳҳои ин минтақа 32 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки он танҳо ба навсозӣ ва таъмиру тармими танҳо чанд километрӣ роҳҳои нақлиётӣ дар Хуҷанд ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят масраф мегардад. Роҳҳои байни минтақа ва шаҳру ноҳияҳо дар Тоҷикистон умдатан тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ, ба навбати аввал Чин таҷдид мешавад.