Раиси вилояти Бадахшони Афғонистон ин шабу рӯз дар Тоҷикистон қарор дорад ва 4 август тавассути чархбол ба Хоруғ рафтааст. Намояндагони сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфтанд, Аҳмад Файсал Бекзод аз ширкати "Помир Энержӣ" дидан карда, бо мақомоти Бадахшони Тоҷикистон асосан дар масъалаи тиҷорату иқтисод суҳбат кардааст.
Аммо ин сафари Аҳмад Файсал Бекзод дар ҳоле анҷом мешавад, ки вазъ дар шимоли Афғонистон печида буда, бино ба гузоришҳо, Толибон вулусволӣ ё ноҳияҳои Юмгон, Карон ва Минҷони вилояти Бадахшонро ба тасарруфи худ даровардаанд ва даргириҳо дар ноҳияи Роғистони вилояти Бадахшони Афғонистон идома доштааст.
Муҳаммадзамони Замон, кордори низомии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, вазъи амниятӣ дар минтақаҳои наздик ба марзҳои Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон чандон доғ набуда ва ба вулусволиҳои Шуғнон, Ишкошим ва Дарвози Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, ҳанӯз қадами гурӯҳи Толибон нарасидааст. Замон гуфт, феълан дар вилоятҳои Кундуз ва Тахор, ки бо ноҳияҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, вазъият ноором буда ва Толибон чанд минтақаро таҳти назорати худ даровардаанд.
Вай афзуд, ба ин далел ду рӯз қабл дар вилояти Кундуз бо иштироки мақомоти ниҳодҳои амниятии Афғонистон ва низомиёни амрикоӣ ҷаласаи амниятӣ баргузор шуда ва дар он вазъ дар минтақа ва омодагиҳо барои анҷоми амалиёти бузург алайҳи гурӯҳи Толибон баррасӣ шудааст.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, мақомот аз таҳаввулоти ахир дар минтақаҳои шимоли Афғонистон хуб огоҳ буда ва барои тақвияти бештари хатҳои марз бо Афғонистон чораҳои иловагӣ меандешанд. Улуғхоҷаев таъкид кард, тасарруфи ин минтақаҳои наздимарзӣ тавассути гурӯҳи Толибон ба вазъияти марзҳои ҷанубии Тоҷикистон асаре нагузошта ва ҳодисаҳои убури ғайриқонунӣ аз Афғонистон ба ҳудуди Тоҷикистон рух надодааст.
Дар ҳамин ҳол, генерал Нуралишо Назаров, муовини пешини сардори Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, наздикшавии гурӯҳи Толибон ба марзҳои Тоҷикистонро хатари ҷиддӣ ба амнияти кишвар арзёбӣ кард. Зеро, ба қавли ӯ, дар солҳои қаблӣ вазъияти мушобеҳ ба ташаннуҷ дар марз ва ҳатто рабуда шудани сарбозони тоҷик аз ҷониби Толибон боис шуда буд.
Ба бовари генерал Назаров, дар паҳлӯи таҳкими марз мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон бояд бо ҳамтоёни афғони худ роҳу усулҳои мубориза муштарак алайҳи Толибонро матраҳ кунанд.
“НАТО бояд кафили амният дар Афғонистон бошад. Нирӯҳои байналмилалӣ ва амрикоӣ фаъолияти худро бо нирӯҳои давлати Афғонистон ҳамоҳанг кунанд. Қувваҳои ҳукумати Афғонистон бе кумаки НАТО ҳеч кор карда наметавонанд. Барои саркӯб кардани Толибон дар шимоли Афғонистон нирӯҳои пиёдагарди НАТО ба нирӯҳои Афғонистон кумак кунанд,” – гуфт ӯ.
Дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарз нуфуз кардану ҳатто бархе аз ин манотиқро зери контроли худ даровардани ҷангӯёни Толибон ба нигарониҳои амниятии мақомоти Душанбе аз самти Афғонистон меафзояд. Хусусан дар ҳоле ки дар сафи Толибон, ба гуфтаи мақомоти афғон, шумори зиёди ҷангҷӯёни зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ ҳузур доранд ва ин гурӯҳҳо қасди ба ин сӯи Омӯ густариш додани ҷабҳаҳои ба ном “ҷиҳод”-ашонро дар сар доранд.
Генерал Шерхон Салимзода, раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон, рӯзи 4 август дар нишасти хабарӣ вазъияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро босуот арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, гурӯҳи Толибон мехоҳанд мавқеашон дар ҳудуди Афғонистонро мустаҳкам карда ва қасди ҳуҷум карда ё гузаштан ба хоки Тоҷикистонро надоранд. Вале ба гуфтаи генерал, мумкин аст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”, ки ҳоло ба Афғонистон омадаанд, барои аз роҳҳои мухталиф ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудан талош кунанд.
Тоҷикистон аз ҳамсояҳои наздики Афғонистон аст, ки бо ин кишвар беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад. Ин ҳамсоягӣ Тоҷикистонро пайваста дар ростои чолишҳои амниятӣ қарор медиҳад, ки камтарини он қочоқи маводи мухаддир ва бузургтаринаш интиқоли нооромиҳои Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон аст.