Ҳизби Аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) дар охирин оморе, ки ба Комиссияи Марказии Интихобот ва Райъпурсӣ (КМИР) пешниҳод кардааст, теъдоди аъзои худро 47 000 нафар номид ва иддао дорад, ки баъд аз ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократӣ аз лиҳози шумора дар ҷойи дувум аст. Ин дар ҳолест, ки аксари коршиносон ҲАТ-ро як ҳизби "ҷайбӣ"-и ҳукумат меноманд ва номзади он дар интихоботи президентӣ аз номзади ҳизби ҳоким ҳимоят мекард. Шумораи аъзои ҲАТ дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2010 ба 15 000 ҳазор мерасид. Баҳори соли равон гуфта мешуд, ин ҳизб 29 780 узв дорад. Дар камтар аз нӯҳ моҳ беш аз ду баробар зиёд шудани аъзои ҳизб дар кишваре, ки мардум аз сиёсат дилсард буда, бо душворӣ узвияти расмии ҳизберо мепазиранд, бисёре аз нозирони саҳнаи сиёсиро дар шигифт гузоштааст.
Бино бар омори мавҷуда Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон 200 000 узв дошта, дар ҷойи аввал ва ҳизби ҳоким аст. То эълони ахири ҲАТ, бино бар омор, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо 40 000 узв дар ҷойи дувум қарор дошт, вале акнун аграриҳо иддао доранд, ки шумораи аъзои ин ҳизб назар ба ҲНИТ 7 000 нафар бештар аст.
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, афзоиши теъдоди аъзои ин ҳизб натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии гурӯҳҳои он дар чаҳор моҳи охир аст. Ӯ афзуд, масъулони ин ҳизб давоми чанд моҳи гузашта дар шаҳру навоҳии кишвар сӯҳбатҳо анҷом дода, сокинонро аз аҳдофи худ огоҳ сохтаанд.
"Аъзои ҳизби мо бештар сокинони деҳот ва кишоварзон ҳастанд. Мақсаду мароми мо ба мақсаду мароми кишоварзон хеле наздикӣ дорад. Мо ҳангоми вохӯриҳо ба суолҳои онҳо дар бораи роҳҳои самараноки истифода замин сӯҳбат мекардем. Сиёсати ҳизбро фаҳмонидем, якбора аъзоёнамон бештар шуд. Инҳо аъзои хасакӣ нестанд, балки ҳамаи онҳо санҷида шуда, бо тавсияи собиқадорони ҳизб ба аъзогӣ пазируфта шуданд. Ин эътимоди бузурги мардум мебошад ва аграриён сазовор будани худро ба боварӣ дар амал нишон диҳанд. Дар вилояти Хатлон, ки теъдоди ҳамсафони мо қариб 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ҲАТ бояд ба ҳама мушкилоту хурсандӣ ва масъалаҳои ҳалталаби мардум шарик бошад ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро дар назди мақомоти марбута масъалагузорӣ намоянд ва пеш аз ҳама худ дар ҳалли онҳо саҳмгузор бошад",-- гуфт ҷаноби Латифзода.
Ин ҳизб дар ҳоле аз афзоиши теъдоди аъзоёни худ хабар медиҳад, ки тасмим дорад, барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ 18-уми декабри соли равон анҷумани пешазинтихоботӣ баргузор намояд. Дар назар аст дар ин анҷуман 210 вакил аз шаҳру навоҳии кишвар ширкат кунанд.
Ҳизби Аграрии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳашт ҳизби сиёсии кишвар буда дар моҳи ноябри соли 2005 аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистон расман сабти ном шуд ва Амир Қароқулов, ки он замон ноиби президенти акадамияи кишоварзии Тоҷикистон буд, раҳбари ин ҳизб баргузида шуд. Дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар 2006, Амир Қароқулов ба ҳайси номзад ба маснади раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ин ҳизб иштирок кард.
Дар ноябри соли 2011 Анҷумани 4-уми Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ҷаноби Қароқуловро берақиб ва барои боз панҷ соли дигар ба раҳбарии ин ҳизб баргузиданд. Пас аз даргузашти ӯ дар моҳи марти соли равон Рустам Латифзода, ки он вақт раиси ноҳияи Восеъ буд, раҳбари ҳизби интихоб гашт.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҷумлаи он аҳзоби сиёсии кишвар аст, ки дар парлумони кишвар ду намоянда дорад ва ба гуфтаи мухолифони давлат, ҳизби ӯ низ ҳамкор ё шарики Ҳизби халқӣ-демократии ҳоким дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳизбҳои сиёсии дигар дар робита ба афзоиши якбораи аъзои ҲАТ то ҳол вокунише нишон надодаанд, аммо намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи ҷалби аъзои бештар ба сафҳои худанд. Дар арафаи интихоботи гузаштаи порлумонӣ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мегуфт, аз лиҳози таъсир ва нуфуз дар кишвар, пас аз ҳизби ҳоким дар ҷойи дувум қарор дорад. Аммо ҷараёни интихобот нишон дод, ки ин ҷойгоҳ ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Қатъи назар аз теъдоди аъзо ва тарафдорону хайрхоҳон, тибқи маъмул, дар интихоботҳои порлумонӣ аксарияти кулли курсиҳо ба ҳизби ҳоким мерасанд ва ба ҳизбҳои дигари расмӣ, ба ҳар кадом ҳамагӣ 2қтоӣ курсӣ насиб мегардад. Вале, бархе аз коршиносон бар инанд, ки мумкин аст, ин таносуб дар интихоботи 1-уми март тағйир ёбад.