Латифзода гуфт, ҲАТ дар парлумон фраксия ташкил мекунад (ВИДЕО)

Нишасти хабарии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, рӯзи 3-юми марти соли 2015.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон эълон кард, ки дар парлумони оянда соҳиби панҷ курсӣ хоҳад буд. Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ, ин ҳизб дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ соҳиби 3 мандат шудааст.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон эълон кард, дар парлумони ояндаи кишвар панҷ курсӣ дар ихтиёр хоҳад дошт. Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, рӯзи 3 март дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба иловаи се мандат, ки аз тариқи феҳристи ҳизбӣ ба даст овардаанд, боз ду номзади онҳо дар ҳавзаҳои якмандатӣ баранда шуданд.

Ба гуфтаи вай, Аҳмадҷон Қобилов, муовини раиси вилояти Суғд дар ҳавзаи Спитамен-25 ва Зайниддин Сафаров, муовини раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии Восеъ-39, аз рақибони худ раъйи бештар ба даст овардаанд. Ҷаноби Латифзода гуфт, интизор доштанд, ҳизби онҳо дар ин интихобот то 20 дарсади раъйи интихобкунандагонро соҳиб мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 2 март натоиҷи интихоботи парлумониро эълон кард, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо касби 11,8 дарсади оро, баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, дар ҷои дувум қарор гирифт. Аҳзобе, ки аз 5 дарсад ва ё аз он бештар раъй гирифтаанд, соҳиби мандат ё курсӣ дар Маҷлиси намояндагон мешаванд.

​Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҷумлаи он аҳзоби сиёсии кишвар аст, ки дар парлумони гузаштаи кишвар ду намоянда дошт ва ба гуфтаи мухолифони давлат, ҳизби ӯ низ ҳамкор ё шарики Ҳизби халқӣ-демократии ҳоким дар Тоҷикистон мебошад.

Аммо Рустам Латифзода гуфт, ки вай ин иддаоҳоро, ки гӯё ҳизби онҳо қаноти Ҳизби хокими халқӣ-демократӣ бошад, қабул надорад. Ба гуфтаи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, "мо рақиби ҲХДТ ҳастем, на қаноти он. Кисагӣ гуфтани мо таҳқир аст, аммо бигузор гуфтан гиранд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нишасти хабарии Ҳизби аграрии Тоҷикистон

​Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2005 аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистон расман сабти ном шуд ва Амир Қароқулов, ки он замон ноиби президенти академияи кишоварзии Тоҷикистон буд, раҳбари ин ҳизб баргузида шуд. Дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар 2006, Амир Қароқулов ба ҳайси номзад ба маснади раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ин ҳизб иштирок кард.

Дар ноябри соли 2011 Анҷумани 4-уми Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҷаноби Қароқуловро берақиб ва барои боз панҷ соли дигар ба раҳбарии ин ҳизб баргузиданд. Пас аз даргузашти ӯ дар моҳи марти соли гузашта, Рустам Латифзода, ки он вақт раиси ноҳияи Восеъ буд, раҳбари ҳизби интихоб гашт.


Ҳизби Аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) дар охирин оморе, ки моҳи декабри соли гузашта ба Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсӣ (КМИР) пешниҳод карда буд, теъдоди аъзои худро 47 000 нафар номид ва иддао кард, ки баъд аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аз лиҳози шумора дар ҷойи дувум аст.

Шумораи аъзои ҲАТ дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2010 ба 15 000 ҳазор мерасид. Баҳори соли гузашта гуфта мешуд, ин ҳизб 29 780 узв дорад. Дар камтар аз нӯҳ моҳ беш аз ду баробар зиёд шудани аъзои ҳизб дар кишваре, ки мардум аз сиёсат дилсард буда, бо душворӣ узвияти расмии ҳизберо мепазиранд, бисёре аз нозирони саҳнаи сиёсиро дар шигифт гузоштааст.

Аммо Рустам Латифзода, раиси ин ҳизб дар нишасти матбуоти рӯзи 3-юми март гуфт, ки 74 дарсади мардуми Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи онҳо кишоварз ва ҳаммароми онҳо мебошанд.