Ҳазорҳо нафар аз ҷомеаи исмоилиҳои Тоҷикистон 60-умин солгарди ба тахт нишастан ё имомати шоҳзода Оғохонро дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷашн гирфтанд. Ҷашн рӯзи 11 июл дар Маркази исмоилиҳои Тоҷикистон баргузор шуд.
Исмоилиҳои Тоҷикистон бо шукр аз вуҷуди имоми худ якдигарро бо нидоҳои “хонаободон” табрик карданд. Шоҳзода Карим Оғохон дар байни исмоилиҳои Тоҷикистон, махсусан сокинон дар вилояти Бадахшон нуфузи беандоза дорад ва мардум барои кӯмакҳои билоивазаш дар мушкилтарин солҳои ҷанг аз ӯ сипосгузор ҳастанд. Шоҳзода Оғохон тарҳҳои зиёдеро тавассути бунёди ҳамноми худ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ пиёда мекунад, ки аксаран тарҳҳои башардӯстона ҳастанд.
Кӯмакҳои Шоҳзода Оғохон мардумро аз марг наҷот доданд. Дар муддати 7 сол имоми исмоилиҳо дар чаҳорчӯби "Барномаи имдод ва рушди Бадахшон барои таъмини мардуми ин вилоят 160 миллион доллар харҷ кард
Ёдгор Файзов, раиси Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ин ҷашн гуфт, ки Карим Оғохони 4 соли 1995, дар ҳоле вориди Тоҷикистон шуд, ки кишвар даргири ҷанги шаҳрвандӣ буд, ҳудуди 220 ҳазор сокинони Бадахшон ва 50 ҳазор паноҳанда аз манотиқи дигар дар инзиво қарор доштанд.
Файзов гуфт, ки кӯмакҳои Шоҳзода Оғохон мардумро аз марг наҷот доданд. Дар муддати 7 сол имоми исмоилиҳо дар чаҳорчӯби "Барномаи имдод ва рушди Бадахшон барои таъмини мардуми ин вилоят 160 миллион доллар харҷ кард".
Соли 1995 ҳукумати Тоҷикистон дар нахустин сафари расмии имоми исмоилиҳои ҷаҳон бо бунёди Оғохон шартнома баст ва соли 1997 роҳи Оғохонро барои татбиқи барномаҳои мухталиф, бо шумули тарҳҳои маориф, энержӣ ва зистмуҳитӣ ҳамвор кард. Қисме аз барномаҳои муштараки ҳукумати Тоҷикистон бо Бунёди Оғохон аз 20 то 50 солро дар бар мегиранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистон асосан кишвари суннимазҳаб аст, вале исмоилиҳо дар он мавқеи вежа доранд. Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошта дурии вилояти Бадахшон аз марказ ва эҳтимолан пуштибонии қавии Имом аз пайравонаш, талош мекунад, ки ин минтақаро аз худ розӣ боқӣ гузорад. Бисёре аз коршиносон бидуни он ки ба умқи мавзӯъ бираванд, мегӯянд, дар кишваре, ки танҳо як пешво дар маркази таваҷҷӯҳ аст, зуҳури пешвои дигар, махсусан дар як гӯшаи дур аз марказ, наметавонад ҳукуматро ба андеша водор накунад. Ин аст, ки ба гуфтаи онҳо, бархӯрди мақомот бо Оғохон хеле эҳтиёткорона аст.
Аммо барои исмоилиҳои Тоҷикистон Шоҳзода Оғохон раҳбари рӯҳонӣ аст, ки ҳарфаш шаръӣ аст ва чуну чаро надорад, ҳарчанд Оғохон як шахси замонавӣ ва беруншуда аз қолабҳои мазҳабӣ аст.
Зебо Ҳилолӣ, як сокини Бадахшон мегӯяд, "мо садсолаҳо имоми худамонро намедонистем ва намешинохтем ва намедонистем, ки ҳаст. Танҳо дар соли 1995 бо омаданаш ба Тоҷикистон дарк кардем, ки ӯ кӣ ҳаст ва мо кӣ ҳастем”.
Исмоилиҳои Тоҷикистон мегӯянд, Имом на танҳо дар тангдастӣ ба кӯмаки онҳо шитофт, балки дари донишгоҳҳои бонуфузро ба рӯи фарзандонашон боз кард.
Бунёди Оғохон чандин иншоотро дар Тоҷикистон бунёд ва сохтмони баъзе пулҳои байни Тоҷикистону Афғонистонро сармоягузорӣ кардааст.
Чанд сол пеш бо сармоягузории Имом дар пойтахти Тоҷикистон Маркази исмоилиҳо бунёд шуд, ки ба гуфтаи Ёдгор Файзов, раиси Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон, дар ибодатгоҳи он то чаҳор ҳазор нафар намоз мегузоранд. Файзов кӯмаки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди равобит бо Бунёди Оғохон ва ҳамзистии осоиштаи мазҳабҳо муҳим мешуморад.
Шоҳзода Карим Оғохон 13 декабри соли 1936 дар Шветсария ба дунё омадааст. Имоми ҷомеаи исмоилиҳо дар 25 кишвари ҷаҳон буда 15 миллион пайрав дорад, ки бахши умдаи онҳо дар Африқову Осиё ва Афғонистону Покистону Эрон зиндагӣ мекунанд. Бузургтарин ҷамъияти исмоилиҳо дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст, ки шуморашон беш аз 200 ҳазор нафар гуфта мешавад.
Шоҳзода Карим Оғохон 11 июли соли 1957, баъди вафоти бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оғохони 3 имоми исмоилиҳо эълон шуд.