Афзоиши таниш байни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"; радду бадал бо Туркия

Бо боло гирифтани таниш байни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки кишвараш дар паҳлӯи Лубнон меистад ва аз кишварҳои минтақа хост аз Бейрут пуштибонӣ кунанд.

Танишҳо байни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" дар ҳафтаҳои охир боло рафта, нигарониҳоро аз ҷанги фарогир байни Исроил ва Лубнон афзоиш додааст. Гулӯлаборони минтақаҳои шимолии Исроил ва даргириҳо боис ба фирори даҳҳо ҳазор нафар аз минтақаҳои ду тарафи марз шудааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 26-уми июн дар суҳбат бо намояндагони Ҳизби адолат ва рушд дар порлумони кишвараш гуфт, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар пайи густариши ҷанги Ғазза ба минтақа аст.

Раиси ҷумҳури Туркия дар идома афзуд, "Исроиле, ки Ғаззаро вайрон кардааст, акнун ба Лубнон чашм дӯхтааст ва мо шоҳиди ҳимояти пушти пардаи Ғарб аз Исроил ҳастем".

Ӯ пуштибонии Ғарбро аз Исроил "риққатбор" хонд ва гуфт, "барномаи Нетаняҳу барои густариши ҷанг дар минтақа, сабаби як фоҷеаи бузург хоҳад шуд".

Раҷаб Таййб Эрдуғон бо таъкид бар ин ки Туркия дар канори мардум ва ҳукумати Лубнон меистад, аз кишварҳои дигари минтақа хост, бо Лубнон эълони "ҳамбастагӣ" бикунанд.

Дафтари раёсати ҷумҳури Туркия ҳам шоми чаҳоршанбе эълон кард, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо Наҷиб Мийқотӣ, нахуствазири Лубнон, телефонӣ гуфтугӯ кард ва бори дигар ба ҳимояти Анқара аз Бейрут "дар барбари сиёсатҳои таҳоҷумии Исроил" таъкид кард.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Исроил ба ин суханони Эрдуғон вокуниш кард. Ӯ дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, "Эрдуғон талош дорад ҳаққи Исроил барои дифоъ дар баробари созмони террористиро (манзур "Ҳизбуллоҳ") нодида бигирад".

Вазири корҳои хориҷии Исроил Эрдуғонро ба бархӯрд бо курдҳои Сурия муттаҳам кард ва ӯро "ҷинояткор" номид.

Ҳудуди се ҳафта пеш, "Ҳизбуллоҳ" пас аз ҳамлаи ҳавоии Исроил, ки боис ба кушта шудани яке аз фармондеҳони баландпояи ин гурӯҳ шуд, шаҳрҳо ва пойгоҳҳои низомии Исроилро ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии густурда қарор дод.

Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари "Ҳизбуллоҳ" ҳафтаи гузашта ҳушдор дод, ки дар сурати як ҷанги фарогар байни ду тараф "ҳеч ҷойе дар Исроил дар амн нахоҳад буд".

Давоми ҳашт моҳи даргириҳои Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" ки баробар бо ҷанг дар Ғазза идома дорад, беш аз 400 нафар дар Лубнон, аз ҷумла 70 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Исроил низ то кунун 26 кушта додааст, ки 10 нафари онҳо ғайринизомӣ будаанд.