Шоми сешанбе, пас аз баргузории маъракаи ҳамраъйӣ бо соҳибкори маъруф, Маҳмудҷон Қосимов, 5 писари Зайд Саидов ба бозпурсӣ даъват шуданд.
Тибқи иттилои вакилони дифои соҳибкори боздоштшуда Зайд Саидов, шоми сешанбе, 27 август се нафар наздикони ӯ барои бозпурсӣ ба идораи амнияти миллӣ ва шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват шуданд. Вакили дифоъ Фахриддин Зокиров дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ дар соатҳои 19:50 рӯзи сешанбе гуфт, ки бо даъвати мақомоти амниятӣ, Маҳмудҷон Қосимов, узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби "Тоҷикистони нав" ба идораи амнияти миллии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва фарзандони Саидов ба шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои сӯҳбат даъват шуданд. Тибқи иттилои радиои Озодӣ, бо гузашти се соат аз воридшавии онҳо
ба дохили ин муассисаҳо, ҳанӯз берун набаромада буданд.
Вакилони дифоъ мегӯянд, ки пеш аз рафтан ба назди ниҳодҳои қудратӣ, ҳамаи ин се нафар телефонӣ ба вакилон хабар доданд, ки ин даъват бо флеш-моби имрӯза - маъракаи ҳамраъйии онҳо бо З.Саидов иртибот дорад.
Дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ тақрибан соатҳои 17:00 сешанбе, 27 август, қабл аз рафтан ба шӯъбаи Кумитаи амнияти миллии ноҳияи Сино
худи Маҳмудҷон Қосимов хабар дод, ки кормандони ин ниҳод ба дафтари кориаш омада пофишорӣ кардаанд, ки «барои муоқот бо раиси кумита» биравад. Ба гуфтаи Қосимов, ин даъват бо баргузории флеш-моби имрӯза иртибот дорад.
- Ҳарчанд гуфтам, ки ман имрӯз мулоқот дорам ва фардо худам меравам, онҳо қабул накарданд ва назди корхона бо мошинашон истодаанд ва мунтазири ман ҳастанд, ки бояд ҳамин руз биравам, - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ аз тариқи телефон.
Имрӯз, дар иртибот ба 100 рӯзи боздошти Зайд Саидов дар шаҳри Душанбе флешмоб ё маъракаи ҳамраъйӣ баргузор шуд. Ширкаткунандагони ин намоиш ба ҳаво 100 кабӯтар сар доданд ва бори дигар шиори “Озодӣ ба З.Саидов”-ро ба забон оварданд. Ин ҳамоиш дар боми Маҷмаи тиҷоратии «Пойтахт» бо ҳузури ҳудуди 50 тан аз ҷонибдорони Зайд Саидов сурат гирифт.
Маҳмудҷон Қосимов, дар шарҳи ин иқдом гуфт, ки бо ин роҳ мехоҳад бори дигар таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба қазияи Зайд Саидов ҷалб кунад. Вай гуфт, ки кабутари сафед рамзи озодист ва бо сар додани сад кабутари сафед ба осмон, мехоҳанд дубора ба озод шудани вай даъват кунанд.
Зайд Саидов аз рӯзи 19 май инҷониб дар боздошт аст. Мақомоти тафтишотӣ ӯро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла, тамаъҷӯӣ, гирифтани пул, таҷовуз ба номус, водор кардани ноболиғ ба исқоти ҳамл ва бисёрҳамсарӣ муттаҳам мекунанд. Вале худи соҳибкор ин иттиҳомотро қабул надорад ва мегӯяд, ки фишору таъқиби ӯ бо нияти ташкили ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" иртибот дорад, ки дар борааш як моҳ пеш аз боздошташ расман эълон карда буд.