Вазорати дифои Афғонистон: "Тора Бора аз ДИИШ озод шуд"

Вазорати дифои Афғонистон эълом кард, ки нерӯҳои давлатӣ минтақаи стратегии Тора Бора (Тура Бура) воқеъ дар вилояти Нангарҳорро аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" бозпас гирифтаанд. Ба гуфтаи мақомоти ин вазоратхона, шуморе аз афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ин амалиёт кушта шудаанд. Ин минтақа ҳудуди даҳ рӯз қабл ба дасти ДИИШ афтода буд.

Генерал Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи 19-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз поксозии комили ин минтақа хабар дод. Вай афзуд, ки нерӯҳои афғон ба ҳадафи пешгирӣ аз талафоти минаҳо, бо эҳтиёт дар ҳоли пешравӣ ҳастанд.

Ҷангиёни гурӯҳи "Ал-Қоида" бо раҳбарии Усома бин Лодин пас аз ҳамлаҳои хунбори 11-и сентябри соли 2001, замоне, ки аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ таҳти таъқиб қарор гирифтанд, муддате дар ҳамин шабакаи ғорҳо ва тунелҳо, паноҳ гирифтанд.

Оқои Вазирӣ аз ҷумла гуфт, ки "нерӯҳои мо дар Тангии Сулаймонхел қарор доранд ва атрофи Тора Бораро муҳосира кардаанд. Ҷанг нест, ДИИШ минтақаро холӣ кардааст. Талафоти зиёде ба онҳо ворид шуд. Ҳашт тани онҳо кушта ва шаш тани дигарашон захмӣ шуданд. Аслиҳаи худро гузошта ва минтақаро тарк кардаанд. Вале нерӯҳои мо бо эҳтиёт ба пеш мераванд, ки Худое нахоста минагузорӣ накарда бошанд. Ба хотири пешгирӣ аз талафот, онҳо эҳтиёт мекунанд. Ҳоло ҳеҷ гуна мушкил дар онҷо вуҷуд надорад."

Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон аз чораҳое хабар дод, ки ба ҳадафи пешгирӣ аз бозгашти ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар минтақа, дар ҳамоҳангӣ миёни ниҳодҳои амниятӣ ва мардуми маҳаллӣ, рӯи даст гирифта шудааст. Вай гуфт, "бо машвараи раёсати амнияти миллӣ ва вазорати дохилӣ, пулиси маҳаллӣ ва бошандагони маҳал, яъне хезиши мардумӣ, омода ҳастанд минтақаро муҳофизат кунанд ва вазорати дифоъ ҳам аз ҳар гуна кӯмакҳо, ки дар инҷо лозим бошад, дареғ намекунад."

Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯзи шанбеи гузашта минтақаи стратегии Тора Бора гирифта буданд. Ин минтақа аз оғози ҷанги Амрико дар Афғонистон дар поёни соли 2001, паноҳгоҳи раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин буд. Тибқи бархе гузоришҳо, теъдоде аз аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ба ду ҳазор тан расидааст. Аммо вазорати дифои Афғонистон ин гузоришҳоро рад карда ва таъкид мекунад, ки ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ин кишвар аз 600-700 ҷангӣ, бештар нест.

Вилоятҳои Кунар, Нуристон ва шуморе аз минтақаҳо дар шарқи Афғонистон аз ҷумлаи манотиқе ҳастанд, ки гумон меравад ҷангиёни ДИИШ дар онҷо ҷобаҷо шудаанд. Вазорати дифои Афғонистон таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои низомӣ ва амнияти давлатӣ дар ҳудуди 20 вилояти Афғонистон дар набард бо ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳастанд ва аз пешравии ин нерӯҳо, ҷилавгирӣ кардаанд.

Ҷангиёни гурӯҳи "Ал-Қоида" бо раҳбарии Усома бин Лодин пас аз ҳамлаҳои хунбори 11-и сентябри соли 2001, замоне ки аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ таҳти таъқиб қарор гирифтанд, муддате дар ҳамин шабакаи ғорҳо ва тунелҳо дар минтақаи кӯҳистонии Тора Бора воқеъ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон паноҳ гирифтанд. Дар ҳамлаи маргбори Ал-Қоида ба бурҷҳои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ва бинои вазорати дифои Амрико дар Вошингтон дар соли 2001, ҳудуди се ҳазор нафар кушта шуданд.