Сокинони Афғонистон дар вартаи фақру нодорӣ

Бобо Карим 45 сол дорад ва дар Кобул аз роҳи аробакашӣ рӯзӣ ба даст меорад. Мисли ӯ, 90  дарсади аҳолии Афғонистон зери хати фақр ба сар мебаранд. Акс аз 3 сентябр

Карим дар бозори Кобул интизори фармоиш аст. Пеш аз омадани Толибон дар соли 2021 даромади рӯзонаи ӯ тахминан 5,5 доллар буд, ҳоло ба сахтӣ 2 доллар дар рӯз даромад меёбад 

Карим дар як хонаи фарсудае бо ҳамсар ва панҷ фарзандаш зиндагӣ мекунад. Се фарзандаш маъюб ҳастанд. Кӯмакҳое, ки оилаи Карим аз Созмони ҷаҳонии ғизо (СҶҒ) ба даст меорад, барои онҳо хеле муҳим аст. Ӯ мегӯяд, аз ояндааш бисёр нигарон аст. 

  
 

Раҳмат, писари Карим аз тирезаи хона ба берун менигарад. СҶҒ мегӯяд, интизор меравад то охири моҳи октябр ба Афғонистон кӯмакҳои ғизоӣ ворид мешавад. Ин ёриҳо бештар барои оилаҳои мисли Карим, ки дар фақри сахт зиндагӣ мекунанд, дода хоҳанд шуд.  

Карим писарашро берун мебарад. Ӯ мегӯяд, СҶҒ ба оилааш ду дафъа ёрӣ кардааст. Ба гуфтааш, ҳар дафъа ин созмон ба ӯ 48 доллар пул додааст. "Ҳарчанд ин пул кофӣ нест, вале ин кӯмаки хеле ҷиддӣ мебошад", мегӯяд Карим  

Шикебо духтари Карим аст, ки аз пушти шишаи хонааш менигарад. Мисли бисёр ҳамсолону духтарони дигар дар Афғонистон, ояндаи ӯ ҳам норӯшан аст. 
Созмони ҷаҳонии ғизо мегӯяд, тахминан 20 дарсади хонаводаҳои ниёзманд дар Афғонистон  саробони зан доранд. Ба гуфтаи ин созмон,  бо омадани Толибон ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои сахте барои духтарону занон, ки бетаҳсил ва бекор монданд, бӯҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон амиқтар шуд. 

Борхалтае бо рамзи ЮНИСЕФ дар як мехи девори хонаи Карим. 
Тахминан 75 дарсади сокинони Афғонистон, ки бо омадани Толибон дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад, ба ёриҳои башарӣ ниёз доранд.  Донорҳои зиёде аз маҳдудияти таҳмилшуда ба занон интиқод карда, таваҷҷӯҳи худро ба нуқтаҳои дигари бӯҳронии сайёра равона кардаанд  


 

Карим мегӯяд, дар фикри ояндаи худу бачаҳояш гоҳо шабҳо хобаш намебарад. 
Созмони ҷаҳонии ғизо гуфтааст, то моҳи март ба 1 миллиард доллар ёрии нақдии пулӣ ниёз дорад, то ки ба мардуми ниёзманди Афғонистон кӯмак кунад. Созмон мегӯяд, агар ин ёриҳо нарасанд, дар зимистони сахту сангини имсола минтақаҳои дурафтодаи Афғонистон бетаваҷҷӯҳ мемонанд.  

Созмони ҷаҳонии ғизо, ки як бахше аз СММ мебошад, гуфт, моҳи ҷорӣ ироаи кӯмакҳо боз ба 2 миллион сокини Афғонистон коҳиш ёфт. Ин созмон аз хатари гуруснагиву ниёзмандии шадиди сокинони Афғонистон дар остонаи зимистони имсола ҳушдор медиҳад. Хонаводаи Карим яке аз онҳо мебошад