Кандакорҳои ҳиротӣ бо нақши нуристонӣ кор мекунанд
29 ноябр. Дар коргоҳе дар Ҳироти Афғонистон гурӯҳи бонувон бо шеваи нуристонии кандакорӣ кор мекунанд. Ин шеваи суннатии кандакорӣ бештар дар шарқи Афғонистон ҳифз шудааст.
Давоми се соли гузашта ин гурӯҳи ҳунармандон бо истифода аз шеваи мураккаби нақшофарӣ дар рӯи деворҳои хонаву масҷидҳо маҳсулоти нав эҷод карданд.
Кор асосан бо искана иҷро мешавад.
Нуристонӣ - як шеваи қадимии дуредгарӣ аст. Мегӯянд, онро мардуми кӯчии ғайримусалмоне ҷорӣ кардааст, ки дар минтақаи ба ном "Кофиристон" мезист.
https://www.turquoisemountain.org/blog/nuristan-shedding-light-on-an-inaccessible-craft
Анъанаи кандакории нуристониҳо аз даврони пешазисломӣ маъруф буд ва коргарони иҷрокунандаи онро "борӣ" мегуфтанд
Шумори кандакорони донандаи шеваи нуристонӣ, мисли ин бонувони ҳиротӣ, зиёд нестанд
Нақшҳои нуристонӣ маъноҳои рамзии худро доранд, ки асоситаринаш рамзи ҷасорат мебошад
Мардуми борӣ, ки коргарони дуредгар ва кандакор буданд, бо сабаби ба қишри поини иҷтимоии ҷомеа марбут буданашон, ҳақ надоштанд аз ин наққошӣ дар ороиши хонаҳои худ истифода кунанд. Дар поёни асри 19 дар аҳди шоҳи худкомае бориҳо мусалмон шуданд ва исми минтақаи зисти онҳо аз Кофиристон ба Нуристон тағйир дода шуд.
Як намунаи кори бонуи кандакори ҳиротӣ дар рӯи чӯб.
Бо гузашти вақт, шумори кандакорҳои ҳирфаии суннатӣ кам мешавад. Бисёриҳо дунболи зиндагии беҳтар муҳоҷират кардаанд, дигарҳо ба кор бо пластик гузаштаанд ва ҳам таваҷҷӯҳи насли ҷавон ба ин навъи ҳунари суннатӣ ҳам камтар мешавад
Дар Афғонистон, ки кору тиҷорат барои занҳо маҳдуд шудааст, кори гурӯҳи ҳунармандони кандакор ҳам ба сахтӣ пеш меравад, ҳарчанд онҳо умедворам, ки талабгори маҳсули дасти онҳо ҳанӯз ҳам кам нест