Дар ҳоле, ки мардуми Афғонистон аз тӯлонӣ шудани раванди интихобот нигарон ҳастанд, президенти кунунии Афғонистон Ҳомид Карзай низ ба эълони сари вақтии натиҷаҳо таъкид кардаааст. Аммо тимҳои интихоботии бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай -- ду номзади даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон дар ин маврид дидгоҳҳои мутафовит доранд.
Тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки замони баргузории маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури нав, ба суръат бахшидани раванди тафтиш вобаста аст. Саидоқо Фозил Санчоракӣ, сухангӯи ин тим рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раиси ҷумҳур Карзай рӯзи якшанбе ҳам дар ин бора бо ду номзад мулоқот кард, аммо дар мавриди таърихи ниҳоии маросими савгандёдкунӣ бо ҳам ба тавофуқ нарасидаанд: "Доктор Абдуллоҳ масоилро вобаста донистанд ба раванди тафтиши оро ва пешрафти кори техникӣ, ин ки даҳ рӯзро дар бар мегирад ё як ҳафтаро, пас тамоми масоил дар гарави вазъияти тафтиш вобаста аст."
Раиси ҷумҳури Афғонистон дар мулоқот бо Ян Кубиш, намояндаи вижаи СММ рӯзи шанбе таъкид кардааст, ки 2 сентябри мӯҳлати ниҳоии маросими савгандёдкунии президенти нав буда ва ин вақти муайяншуда қобили тамдид нест. Вай гуфтааст, тӯлонӣ шудани раванди интихобот ба вазъи амниятӣ ва иқтисодии кишвар таъсири манфӣ гузоштааст.
Ҳамчунин дар эъломияе, ки аз сӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон нашр шуд, омадааст, ки субҳи рӯзи якшанбе раиси ҷумҳур Карзай бо ду номзади дидор ва гуфтугӯ кардааст. Дар эъломия омадааст, ки оқои Карзай аз ҳар ду номзад тақозо кардааст, ки бо ҳамдигар дар заминаи суръат бахшидани раванди тафтиши оро ҳамкорӣ намоянд, то маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури ҷадид ҳар чӣ зудтар баргузор шавад.
Ин дар ҳолест, ки тими Тадовум ва Таҳаввул ба раҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай гуфтааст, ки ба дарозо кашидани раванди тафтиши орои даври дувуми интихобот ва созишҳои сиёсӣ байни ду тим, раванди оддии зиндагии мардумро ба ҳам задааст. Довуд Султонзай, як узви тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай мегӯяд, "таъкид мекунем, ки Комиссияи мустақили интихобот замони мушаххасро таъйин карда наметавонад. Аммо агар ин раванд ба хубӣ пеш биравад, тааҳҳуди комиссия ин аст, ки ба зудӣ, яъне дар як ё якуним ҳафтаи дигар ин равандро ба поён бирасонад ва билохира роҳро барои поёни интихобот ҳамвор намояд."
Бо ин ҳама Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, ки талошҳо барои поёни кори раванди тафтиши сандуқҳои раъй ва ботил кардани орои тақаллубии даври дувуми интихобот ба шиддат идома дорад. Нурмуҳаммад Нур, сухангӯи ин комиссия рӯзи якшанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки умедвор аст то раванди тафтиши дубораи оро то даҳ рӯзи оянда ба поён бирасад. Қарор буд маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури нави Афғонистон дар таърихи 2 августи соли ҷорӣ баргузор шавад, аммо бо дархости намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон ва хости ҳар ду номзад, ин маросим барои як моҳ ба таъхир афтод.
Дар даври якуми интихоботи президентии Афғонистон дар таърихи 5 апрел доктор Абдуллоҳ 45 дарсад ва Аҳмадзай 31 дарсад раъй оварданд ва дар натиҷа ин ду номзад, ки дар гузашта дар ҳукумати раисиҷумҳури феълӣ Ҳомиди Карзай яке вазири хориҷа ва дувумӣ вазири молия буд, ба даври дувум роҳ ёфтанд.
Вале бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии даври дуюм, ки Кумиссиюни мустақили интихобот рӯзи 7 июл эълон кард, дар ин навбат Ашрафғанӣ Аҳмадзай 56,44 дарсад ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ 43,56 дарсад овоз гирифтаанд. Абдуллоҳ ва тарафдоронаш ин рақамҳоро “эълони натиҷаҳои тақаллуб” унвон карда, гуфтаанд, ки ин натиҷаҳоро “ҳеҷ гоҳ – на имрӯз ва на фардо”эътироф нахоҳанд кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад