Ғам болои ғам. Зилзилаҳои пайиҳам ҳаёти аҳолии Ҳиротро вазнин кард
Навраси афғон, дар сари қабрӣ бародари хурдсолаш гиря мекунад. Ӯ рӯзи 9-уми октябр бар асари заминларза дар ноҳияи Зиндаҷони вилояти Ҳироти Афғонистон ҷон бохт.
11 октябр дигарбора зилзилаи 6,3-дараҷаӣ ин ноҳияро такон дод ва 700 хонаро дар деҳаи Чоҳак хароб кард.
Мардони афғон ҷасади занеро мебаранд, ки рӯзи 9-уми октябр дар ноҳияи Зиндаҷон фавтид.
Маркази заминларза тақрибан дар 40 километрии шимолу ғарби вилоят буд. Масъулини беморхонаи маҳаллӣ гуфтанд, бар асари заминларзаи нав дасти кам 1 нафар кушта ва 65 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Наҷотдиҳандаҳо шабу рӯз аз зери харобаҳо ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд. Ба гуфтаи мақомоти Толибон, дар чанд зилзилаи 7-уми октябр дар вилояти Ҳирот беш аз 2000 нафар ҷон бохтаанд.
Гиряи як марди афғон дар назди хонаи валангоршудааш. Фархан Ҳақ, як сухангӯи Созмони Миллал дар Афғонистон гуфт, дар зилзила аз ҳама бештар ноҳияи Зиндаҷон осеб дидааст. Дар ин ҷо беш аз 1300 нафар ҷон бохта, тақрибан 500 кас бедарак шудаанд.
Ин хаймаро барои афроди наҷотёфта аз заминларза мебаранд.
Ба гуфтаи намояндаи СММ, дар ноҳияи Инҷил ҳам талафот зиёд аст. "Ҳамкорони мо таъкид мекунанд, ки махсусан кӯдакон осебпазиранд ва дар пайи заминларза зарбаи сахти равонӣ гирифтаанд," – афзуд, вай.
Отифаи шашсола, дар зилзила падару бародарашро аз даст дод. Ҳоло дар хаймаи "Ҳилоли Аҳмар" дар наздикии Зиндаҷон зиндагӣ дорад.
Сарбозони “Толибон” дар қабристони қурбониёни зилзилаи ахир.
Мақомоти Покистон гуфтанд, барои зарардидагон кӯмак пешниҳод карданд, аммо барои интиқоли кӯмакҳои башардӯстона аз 9-уми октябр ба ин сӯ мунтазири "иҷозаи" Толибон ҳастанд.
Нолаи наврас дар назди ҷасади хоҳараш, ки дар заминларза ҷон бохт.
Акси оилавӣ дар девори як хонае, ки дар зилзилаи рӯзи 11-уми октябр хароб шуд. Деҳаи Чоҳак.
Бино ба омори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ беш аз 11 ҳазор нафар дар заминларзаҳои ахир дар Афғонистон осеб дидаанд.
Тасвири хонаҳои харобшуда дар заминларзаи рӯзи 11-уми октябр дар деҳаи Чоҳак.