Ҷойи холии Буддо. Маҳалле, ки Толибон 20 сол пеш тарконданд
Пайкара бо номи Солсол ва ё Буддои Ғарбӣ бештар аз 50 метр буд. Ин аксро рӯзи 28-уми ноябри соли 1997 гирифтаанд.
Буддои хурдтари 38-метриро Буддои Шарқӣ меномиданд.
Толибон бо истифода аз маводи тарканда яке аз бутҳоро моҳи марти соли 2001 тарконданд. Ин ифротгароёни исломӣ мегуфтанд, ки бар асоси шариати ислом бутҳо набояд вуҷуд дошта бошанд.
Ҷойи холии Буддо дар Бомиён дар ин акс, ки моҳи феврали соли 2021 бардошта шудааст.
Акс аз маҳалли ҳафриёти Бомиён, ки моҳи майи соли 1968 ҳангоми сафари Ҷорҷ Помпидо, нахуствазири Фаронса бардошт шудааст.
Аксе аз соли 1970.
Ин акс аз маҳалли Буддоёни Бомиёнро рӯзи 7-уми марти соли 1997 гирифтаанд.
Таркиш яке аз бутҳоро моҳи марти соли 2001 пора-пора кард.
Ҷангҷӯёни Толиб пас аз маҳви бутҳо болои пораҳои ганҷинаи нобудкардаашон истодаанд. Акс аз рӯзи 26-уми марти соли 2001.
Водии Бомиён дар соли 2005.
Ноябри соли 2009.
Пораҳои Буддоён дар яке аз анборҳои ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал дар соли 2016. Солҳост, ки суҳбат дар бораи барқарор кардани Буддоёни Бомиён идома дорад.
Бостоншиносон дар деворҳои паси бутҳо кошикориҳои миёнаҳои асри 7 пайдо кардаанд. Акс аз моҳи феврали соли 2021.
Чавгонбозии кӯдакон дар майдони назди Буддоёни Бомиён. Ганҷинаи бебаҳое, ки маҳви онҳо ҷаҳонро такон дод ва бисёриҳо ҳасрати онҳоро мехӯранд.