Дар Афғонистон фурӯш ва истеъмоли маю шароб манъ аст аммо ҳар шахси пулдор метавонад, ба осонӣ машруби дилхоҳашро пайдо кунад. Пивои беалкоҳол дар дукону бозорҳо фаровон аст ва ҳадс зада мешавад, ки онҳо дуздона аз пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дастрас карда мешаванд.
Форуқ, дӯкондоре дар Кобул мегӯяд, пивои беалкоҳолро асосан онҳое мехаранд, ки аз як сӯ, майл ба Ғарб доранд ва аз сӯи дигар, ба арзишҳои исломии афғонҳо арҷ мегузоранд. Як банка пивои Amstel 20 афғонӣ ё тақрибан 30 сенти амрикоист. “Касоне, ки ин пиворо менӯшанд, роҳат мекунанд”, мегӯяд Форуқ.
Иқбол, дӯкондори дигар дар бозоре, ки миёни кобулиҳо чун “Бозори Буш” маъруф аст, мегӯяд, ҳар рӯз даҳҳо қуттӣ пивои беалкоҳолро ба ҷавонони “ғарбгаро” ва ронандаҳои таксӣ мефурӯшад. Ӯ меафзояд, ки “машруби Сода аз нигоҳи онҳо ширин аст, барои ҳамин таъми пиворо бештар хуш доранд”.
Ба гуфтаи фурӯшандаҳо, онҳо пивои беалкоҳолро воқеан аз миёнаравҳое мехаранд, ки ба анборҳои ғизои нерӯҳои байнулмилалӣ "роҳ" доранд. Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан даҳ ҳазор афсару сарбози амрикоӣ мустақаранд ва онҳо бахши аъзами нерӯҳои 13-ҳазории НАТО-ро ташкил медиҳанд. Ба онҳо истеъмоли машрубот дар Афғонистон қатъиян манъ шудааст. Аммо аз эҳтимол дур нест, ки обҷави беалкоҳол дар худи Афғонистон ё Покистон омода шавад. Дар солҳои ишғоли Афғонистон аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Покистон корхонаҳое "мешукуфтанд", ки барои сарбозони шӯравӣ арақи русӣ тавлид мекарданд. Ба сарбозони шӯравӣ низ харидан ва нӯшидани ин машрубот мамнӯъ буд, зеро боре як гурӯҳои онҳо аз чунин арақи сунъӣ заҳролуд шудаанд.
Дар “Бозори Буш”, ки гуфта мешавад, ба шарафи раисиҷумҳури пешини Амрико номгузорӣ шудааст, пивои дорои алкоҳолро ҳам метавон харид ва маълум нест, ки он аз пойгоҳи низомии хориҷӣ оварда шудааст ё аз мағозаҳои махсус барои хориҷиҳо.
Ҳоло машруботи спиртиро ҳам дар “бозори сиёҳ”-и Кобул ва дар Шаҳри Нав, як минтақаи сарватмандҳои афғон метавон харид – дар мағозаҳо машруботи ғарбиро ҳам ба хориҷиҳо ва ҳам ба мардуми маҳаллӣ мефурӯшанд. Соҳибони мағозаҳо ба мақомот пайваста ришва медиҳанд, то ки садди роҳи тиҷораташон нашаванд. Тиҷорати машрубот воқеан ҳам сердаромад аст ва баъзе аз машрубот бо баҳои то 200 доллар барои як шиша фурӯхта мешаванд.
Фурудгоҳи байнулмилалии Кобул - аз дигар ҷойҳои тиҷорати ғайриқонунии машрубот аст - солҳо кормандони гумрук ва масъулони фурудгоҳ арақу шароб ва конякҳои мусофиронро мусодира мекарданд. Шаҳрвандони Афғонистон ҳаққи ворид кардани май ё шаробро ба кишвар надоранд, мусофирони хориҷӣ метавонанд бо худ фақат як шиша арақ дошта бошанд.
Зимнан, дар бозору дӯконҳои Кобул пивои сифаташ пасттар ва арақ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фаровон аст. Аммо афғонҳои фақир бештар ба пивои бидуни алкоҳол бартарӣ медиҳанд. Муҳаммад Хон, як ронандаи таксӣ мегӯяд, ки “сифати баъзе аз нӯшокиҳо хуб нест. Ин пиво бошад ҳам арзон аст ва ҳам истеҳсоли Ғарб”.