Ронандагӣ дар байни занони афғон роиҷ мешавад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Афғонистон, ки занон ҳамчунон аз озодиҳои зиёде бархурдор нестанд ва бештар пойбанди мардон мондаанд, баъзе аз онҳо талош доранд, то дар мустақилтар шудани бонувон мусоидат кунанд. Лайлимо Эҳсон яке аз бонувонест, ки мактаби ронандагии хос барои занон боз кардааст ва онро як василае барои мустақилтар шудани занон дар Афғонистон медонад.