Генерал Дӯстум захмӣ шудааст

Расонаҳои Афғонистон аз қавли мақомоти баландпояи он кишвар хабар доданд, ки генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон бар асари ҳамлаи Толибон дар вилояти Форёб, захмӣ шудааст.

Телевизиони 1ТВ-и Афғонистон рӯзи 17 октябр аз қавли Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон иттилоъ дод, ки Абдурашид Дӯстум дар ҳамлаи Толибон дар минтақаи Ғурмочи вилояти Форёб ҷароҳатҳои сабук бардоштааст. Расонаҳои дигари Афғонистон низ ин хабарро аз қавли Абдуллоҳ Абдуллоҳ нашр кардаанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи душанбе дар нишасти шӯрои вазирони он кишвар бо ишора ба бархӯрди корвони генерал Дӯстум бо камини Толибон гуфтааст, ки дар ин ҳодиса чанд тани дигар низ захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамла ба корвони генерал Дӯстум шаби шанбе сурат гирифтааст ва дар ҳодиса чаҳор нафар кушта шудаанд, ки ду муҳофизи генерал Дӯстум низ дар миёни онҳо мебошанд. Хабаргузории "Хома"-и афғонӣ шумораи кушташудагонро 10 нафар гуфтааст, ки дар миёни онҳо як фармондеҳи нерӯҳои давлатӣ, низ мебошанд.

Тибқи бархе гузоришҳо, ки рӯзи якшанбе мунташир шуд, гӯё генерал Дӯстум дар ин ҳамлаи Толибон ба шиддат маҷрӯҳ шудааст, аммо дертар наздикони муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон аксҳои ӯро нашр карданд ва гуфтанд, ки ӯ саломат мебошад. Ва ҳоло Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки генерал Дӯстум ҷароҳатҳои сабук бардоштааст.

Генерал Дӯстум барои бори дувум аст. ки тайи ду соли ахир аз ҳамлаи Толибон ҷони солим ба дар мебарад."

Генерал Дӯстум чанд рӯз пеш дар пайи суқути чанд минтақа дар Форёб ба ин вилоят рафт ва тибқи иттилои расонаҳо, нерӯҳои таҳти фармони ӯ чанд минтақаро аз тасарруфи Толибон озод кардаанд. Ба гуфтаи сухангӯи пулиси вилояти Форёб, дар камине, ки ба корвони генерал Дӯстум ҳамла сурат гирифт. беш аз 70 узви Толибон низ захмӣ ва ду зиреҳпӯши онҳо, ки қаблан аз нерӯҳои амниятии афғон ба даст оварда буданд, аз байн бурда шуданд.

Амалиёти нерӯҳои афғон дар минтақаи Қайсори вилояти Форёб идома дорад ва гуфт шудааст, ки ҳудуди 20 деҳа аз Толибон поксозӣ шудааст. Рӯзи шанбе генерал Дӯстум гуфта буд, ки баъд аз сафараш ба вилояти Форёб то ба ҳол, Толибонро 20 километр ба ақиб ронда ва 20 деҳаро аз Толибон поксозӣ кардаанд ва амалиёти хона ба хона идома дорад.

Давоми ду соли ахир барои бори дувум аст, ки генерал Дӯстум вилояти Форёб мавриди ҳамлаи Толибон қарор мегирад ва ҷони солим ба дар мебарад. Дар моҳи августи соли 2015 низ Абдуррашид Дӯстум аз як сӯиқасд дар вилояти Форёб ҷон ба саломат бурд. Он замон дар натиҷаи задухӯрд 8 ҷангӣ кушта шуда, 13 нафари дигар боздошт шуданд. Худи генерал Дӯстум дар ин ҳамла осебе надида буд.

Абдурашид Дӯстум, ҷангсолори узбактабори афғон мебошад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар Абдулрашид Дустумро, ки ҳоло муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон мебошад, дар ҷиноятҳои ҷангӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои ҷанг бо Толибон аз тарафи Ҷабҳаи Шимол айбдор мекунанд.

Гуфта мешавад, ки генерали ӯзбактабор ва афроди ӯ дар қатли сокинони осоиштаву афроди боздоштшуда ва тахриби шаҳру рустоҳо даст доранд. Дустум ҳамчунин дар он муттаҳам мешавад, ки моҳи декабри соли 2001, баъди шикасти Толибон дар Қундуз, тақрибан ду ҳазор мусаллаҳи толибро дар дохили контеӣнерҳои оҳанин нигаҳ дошт ва онҳо нафасгир шуда ба ҳалокат расиданд. Вале генерал Дустум ин иттиҳомро рад мекунад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷангсолороне чун генерал Дустум ҳанӯз ҳам дар ҳаёти сиёсӣ мақому мартаба ва дар тасмимгириҳои ҳукумати Афғонистон нақшу бориз доранд. Соли 2007 парлумони Афғонистон бо қабули қонуни вижа ҳамаи онҳоеро, ки дар ҷиноёти низомӣ ва нақзи ҳуқуқи башар даст доштанд, афв кард ва онҳоро аз дахлнопазирӣ бархурдор намуд. Дӯстум дар интихоботи ахири президентии Афғонистон аз Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ карданд ва баъд аз пирӯзии ӯ, ба мақоми муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон расид.