ВИДЕО: Боздошти "толибҳои тоҷикистонӣ" дар Қундуз

"Толибҳои тоҷикистонӣ" Комил ва Умар

Мақомоти амниятии Қундуз дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ду толиби тоҷикистонии боздоштшуда дар вулусволии Имом Соҳиби ин вилоят Комил ва Умар ном дошта, аз узбактаборҳои Тоҷикистонанд.
Хабарнигори Радиои Афғонистони Озод Аҷмал Ориён аз Қундуз видео ва 2 акси ду шаҳрванди узбактабори Тоҷикистонро, ки бо гумони ҷангидан аз тарафи ҷунбиши тундрави Толибон дастгир шудаанд, фиристод.

Нирӯҳои пулиси Афғонистон шаби 8 ба 9 июн дар пайи як даргирӣ бо ҷангиёни толиб дар вулусволии Имом Соҳиб ду табааи Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи қумандони амнияи Қундуз рӯзи 9 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз шикасти сахти ҷангиёни Толибон дар вулусволии Дашти Арчӣ, ки 2 рӯз пеш аз толибҳо тасфия шуд, гурӯҳҳои парокандаи марбут ба ин ҷунбиши ҷангҷӯ аз тариқи манотиқи ҳамсоя рӯ ба фирор овардаанд.

Видеоро аз саҳифаи Ozodivideo дар Youtube дар ин нишонӣ тамошо кунед:

Аз ҷумла, афзуд оқои Ҳусайнӣ, се ҷангӣ либосҳои афғонӣ ба тан карда, пои пиёда ба яке аз посгоҳҳои пулис дар вулусволии Имом Соҳиб наздик шудаанд. Ӯ мегӯяд: “Пулиси маҳаллӣ болои онҳо машкук мешавад ва амри истодан медиҳадашон. Вақте истода намешаванд, билохира бо ҳам даргир мешаванд. Яке аз ҷангиён болои пулис норинҷак меандозад. Хушбахтона, касе аз нирӯҳои пулис талаф наёфтааст. Аммо аз он 3 нафар якеаш, ки табааи Покистон бо номи Абдураҳмон буд, кушта шуд. Ду нафари дигар дастгир шуданд. Онҳо худро бо номҳои Комил ва Умар муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ки атбои Тоҷикистонанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти ду толиби тоҷикистонӣ дар Имом Соҳиб



Аҷмал Ориён, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод бо такя ба шоҳидони ин даргирӣ мегӯяд, ҷангии покистонӣ худро таркондааст, то таслим нашавад. Аммо атбои дастгиршудаи Тоҷикистон, ба гуфтаи Аҷмал Ориён, 3 сол пеш ба Пешовари Покистон рафта, ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ пайвастаанд ва аз онҷо ба Афғонистон эъзом шудаанд.

Саидсарвар Ҳусайнӣ

​Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи амниятии Қундуз, “ҳарду ҷавонанд ва яке тақрибан 20 ва дувумӣ 30 сол доранд. Онҳо ҳангоми бозпурсӣ эътироф карданд, ки 3 сол пеш аз Русия ба Покистон рафта, дар урдугоҳҳои гурӯҳҳои террористӣ тамрин гирифтаанд. Онҳоро, ба гуфтаи худашон, ягон 3 моҳ пеш ба Афғонистон мефиристанд, ки равед, ҷиҳод кунед.”

Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, “мақомоти пулис ҳангоми бозпурсӣ ҳатто шӯхиомез ба онҳо гуфтанд, ки магар фақат Афғонистон аст барои ҷиҳод? Чаро дар Ватани худатон ҷиҳод намекунед? Онҳо гуфтанд, ки дар Тоҷикистон ба мо имкони фаъолият намедиҳанд, ки инҷо омадаем.”

"То ҳол амри гузаштан баз Омӯ нагирифтаем"

Хабари боздошти ду “толиби тоҷикистонӣ” бо номҳои Комил ва Умар ибтидо дар ахбори субҳи душанбеи телевизиони "Тулӯъ"–и Афғонистон нашр шуд. Ин шабака хабар дод, ки Комил ва Умарро як толиби покистонӣ ҳамроҳӣ мекард, ки ҳангоми боздошт худро куштааст. Хабаргузории "Хома" ҳам ба дунбол аз қавли пулиси вилояти Қундуз хабар дод, ки ин ду табааи Тоҷикистон ба вулусволии Дашти Арчии вилояти Қундуз омада буданд ва шоми рӯзи якшанбе дар вулусволии Имом Соҳиб боздошт гардиданд.

"Толибҳои тоҷикистонӣ" дар пулиси Қундуз

Аҷмал Ориён мегӯяд, дар байни ҷангиёни толибе, ки дар вулусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчӣ меҷангиданд, ҷангиён аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳам буданд, ки дар дил ғаризаи гузаштан ба он сӯи Омӯро ҳам доранд. Саидсарвар Ҳусайнӣ, ки дар рафти бозпурсии ҷангиёни тоҷикистонӣ ширкат доштааст, мегӯяд, онҳо гуфтаанд, ҳадафашон ҷиҳод дар Афғонистон буд ва ҳанӯз касе пеши онҳо амри нуфуз кардан ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистонро нагузоштааст.

Ба гуфтаи сухангӯи қумандони амнияи Қундуз, дар байни ҷангиёни хориҷие, ки аз тарафи Толибон меҷанганд, чеченҳо ва бахусус узбакҳо зиёдтаранд: “Ҳатто ин ду тоҷикистоние ки дастгир шуданд, низ аз узбактаборҳои Тоҷикистонанд. Ба сурати умум, ҷангиёни тоҷик дар байни толибҳо камтаранд. Ман дар ин чанд соли охир ҳамагӣ 2 ё 3 мавриди боздошти толибҳои тоҷикистонӣ дар вилояти Қундузро дар ёд дораму халос. Узбакҳо хеле бештар ба даст меафтанд.”

Аммо Саидсарвар Ҳусайнӣ афзуд, нуфуз кардан ба он сӯи Омӯ, аз ҷумла ба Тоҷикистону Узбакистон, як ҳадафи умдаи гурӯҳҳои тундраве, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ё Ансоруллоҳ боқӣ мемонад: “Вале аз самти вилояти Қундуз мо ин имконро барояшон нахоҳем дод. Интизори ҷангиёни ин буд, ки бо хуруҷи нирӯҳои эътилоф тавони амниятии мо заиф ва роҳи Осиёи Марказӣ барои онҳо боз мешавад. Вале бо онки беш аз як сол боз дар ҳудуди Қундуз ягон сарбози эътилоф нест, толибҳо натавонистанд дар ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷои по биёбанд. Танҳо вулусволии Дашти Арчӣ як муддат зери назорати онҳо қарор дошт, ки ин минтақа ҳам ду рӯз пеш комилан аз ҷангиёни толиб тасфия шуд.”

Садои пои толибҳои ...тоҷик

Ин ҳама дар ҳолест ки аз манотиқи дигари Афғонистон дар бораи шумори зиёди ҷангиёни тоҷику узбак дар ҳайати гурӯҳҳои Толибон гузоришҳо ба даст мерасанд. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки дар ҷараёни даргириҳои соли гузашта дар вулусволии Вардучи вилояти Бадахшон ва ҷангҳои моҳи май дар дараи Юмгони ҳамин вилоят, ки бо Бадахшони Тоҷикистон марзи тӯлонӣ дорад, аз тарафи Толибон даҳҳо “толиби тоҷикистонӣ” ҷангидаанд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон низ чандин бор бонги изтироб задаанд, ки баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, ки бояд то поёни соли 2014 ба поён бирасад, мунтазири афзоиши талошҳои ҷангҷӯён барои гузаштан ба ин сӯи Омӯянд.

Баробар бо хабари боздошти ду толиби тоҷикистонӣ дар Афғонистон аз Тоҷикистон хабар омад, ки рӯзи шанбеи 7 июн мақомоти тоҷик як сокини ноҳияи Мастчоҳро ҳангоми талоши убури ғайриқонунии марз боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 7 июн иттилоъ дод, ки аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар ноҳияи Панҷ Садам Қудусов, сокини 22-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба гумони убури ғайриқонунии марзи давлатӣ боздошт шудааст.

Бино бар ин манбаъ, Садам Қудусов ба мақсади пайвастан ба ҳайати гурӯҳҳои Толибон ба ин минтақаи марзӣ омада, мехостааст ба Афғонистон гузарад. Мақомот алайҳи Садам Қудусов парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марзи муштарак дорад, ки аксаран қад-қади рӯди Омӯ (Панҷ) мегузарад ва ҳифозати ин марзи тӯлонӣ ба далели релефи душвори ҷуғрофиаш амри муҳол аст.