Даъвати фармондеҳи афғон аз Душанбе барои як нишасти муштараки амниятӣ

Саид Абдулқадири Сайёд, сарпарасти фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон.

Сарпарасти фармондеҳии амнияти Бадахшони Афғонистон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ба таври оҷил як ҷаласаи муштараки нерӯҳои амниятии ду кишвар барпо шавад.

Саид Абдулқадири Сайёд дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукуматҳо бояд як нақшаи амалиёти муштарак барои моҳҳои ояндаро омода ва рӯи даст бояд дошта бошанд, зеро аз рӯи таҳлилҳо, дар Бадахшон ва умуман шимоли Афғонистон ҳаракатҳое хос аз сӯи созмон ва гурӯҳҳои ошӯбгар ва вуруди онҳо аз Покистон мушоҳида мешавад.

Сарпарасти фармондеҳии амнияти Бадахшон дар ҳоле суҳбат мекунад, ки таҳти раҳбариаш ду ҳафта ба ин сӯ дар ин вилоят амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии Афғонистон бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон ва Ал-қоидаву ҳамкоронаш – Ҳаракати исломии Ӯзбакистон идома дорад. Ахириҳо дар ин амалиёт 14 нафарро кушта доданд.

Саид Абдулқадири Сайёд гуфт, дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон ҳам буд, ки бино ба иттилои иктишофи ҳукуматӣ, аз сӯи ҷангиён дар яке аз дараҳои ноҳияи Ҷурми Бадахшон ба хок супурда шудааст.

Як моҳ қабл Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам ин нигарониро изҳор дошта буд, ки созмонҳои байнулмилалии террористӣ барои омодагӣ ба густариши фаъолиятҳои худ дар Осиёи Марказӣ иттиҳод мебанданд.

Бино ба иттилои КДАМ, созмонҳои ҲИУ, «Ансоруллоҳ», «Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундулхалифа», «Ҷангиёни Муҳаммад» ва гурӯҳҳои толибони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Имом Соҳиб, Дашти Арчӣ, Чаҳордара, Дарқад, Хӯҷа Ғор, Янги Қалъа, Ҷирм, Юмгон, Арганҷхоҳ ва Вардуҷи вилоятҳои Қундузу Тахор ва Бадахшони Афғонистон фаъолияти худро нерӯ мебахшанд.

9 июни соли равон нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ҳудуди вилояти Қундуз ду шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон – Комил ва Умарро боздошт карданд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, вақтҳои охир дар ноҳияҳои марзии Афғонистон гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки ҳарчӣ бештар ҷавонони намояндаи як миллатро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сафири Афғонистон дар Душанбе нигарониҳои ҷониби Тоҷикистон дар мавриди таҷаммӯи гурӯҳҳои террористиро бепоя хонда, гуфт, ин маълумот воқеият надорад. Муҳаммадовуд Иброҳимхел ба Радиои «Озодӣ» гуфт, зоҳиран, талоше сурат мегирад, ки ҳодисаҳои ҷузъӣ бузург нишон дода шаванд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва чанд бахши он дар минтақаҳои кӯҳистониест, ки ҳифзи онҳо ҳамеша, ҳатто дар замони Шӯравӣ мушкил буд. Аммо КДАМ мегӯяд, ҳоло фановариҳои пешрафта ва таҷҳизоти махсус имкон медиҳанд, ки дидбонии марз дар шароити баландкӯҳ муассир бошад ва таҳкими марз умеди ваҳшатафканонро ба убури он коҳиш диҳад ва аз ин хотир, кишварҳои ИДМ бояд ба Тоҷикистон кӯмак кунанд.