Раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз афзоиши фаъолиятҳои боз як гурӯҳи мазҳабӣ – Ҳизб-ут-Таҳрир – дар ин кишвари ҷангзада изҳори нигаронӣ кардааст. Доктор Абдуллоҳ гуфт, ҳарчанд мақомоти амниятӣ фаъолиятҳои ин гурӯҳи мазҳабиро зери назар доштанд, вале ҷиҳати ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои ҳизби Таҳрир иқдомоти кофие сурат нагирифтааст.
Доктор Абдуллоҳ, ки рӯзи 23 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои вазирони Афғонистон дар Кобул сӯҳбат мекард, Ҳизб-ут-Таҳрирро як шохаи аҳзоби террористӣ ном бурд ва гуфт, ин ҳизб дар Афғонистон фаъолияти густардаеро ба роҳ мондааст.
Раҳбари ҳукумати Афғонистон гуфт, таҳририҳо бахусус дар байни ҷавонони афғон зиёд кор мебаранд ва онҳоро ба анҷоми аъмоли террористӣ ташвиқ мекунанд: "Дар ҳақиқат ин ҳизб шохаи ғайрирасмӣ ё мулкии аҳзоби террористист, ки насли ҷавон ва мардумро барои рафтан ба тарафи фаъолиятҳои террористӣ ташвиқ мекунад. Ва ин фаъолиятҳо бисёр ба як шакли васеъ сурат гирифтаанд. Фикр мекунам, ки (Ҳизб-ут-Таҳрир) аз назари органҳои амниятӣ ба дур набудааст, вале то ба ҳол он таваҷҷӯҳе, ки бояд мешуд дар мавриди манъи фаъолиятҳо аз ин ҳизб ё таҳти унвони ин ҳизб, кор ё иқдоме сурат нагирифтааст."
Оқои Абдуллоҳ гуфт, ҳизби Таҳрир як ҳизби сиёсӣ нест ва ҳеҷ кас наметавонад бо истифода аз озодӣ ва демократия барои пешбурди фаъолиятҳои террористӣ ва барои эҷоди ноамниҳо дар кишвар истифода кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Саидмуҳаммад Ҳошимӣ, муовини идораи Вазорати адлияи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳизб-ут-Таҳрир дар ин вазорат сабти ном нашудааст ва дархосте ҳам ҷиҳати сабти ҳизбе бо чунин унвон ба идораи онҳо ироа нашудааст.
Ҳизби Таҳрир қаблан Афғонистонро “як кишвари ишғолшуда” номида, ҷанги Толибон дар муқобили нерӯҳои эътилофи байналмилалиро дар ин кишвар “дифоъ” унвон карда буд.
Ҳизб-ут-Таҳрир як созмони ба истилоҳ панисломист, ки дар соли 1953 аз сӯи як рӯҳонии фаластинӣ таъсис ёфта, гуфта мешавад, фаъолиятҳояшро дар Афғонистон пас аз суқути режими Толибон дар 14 соли пеш оғоз кардааст.
Раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ дар ҳоле аз афзоиши фаъолиятҳои аҳзоби тундрави мазҳабӣ сӯҳбат мекунад, ки чанд рӯз қабл Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон 27 донишҷӯи пуҳантун (донишгоҳ)-и вилояти Нангарҳорро бо иттиҳоми доштани равобит бо шабакаҳои террористӣ боздошт кард.
Ҳамин тавр, моҳе пеш ниҳоди мавсум ба “Воҳиди таҳқиқ ва арзёбии Афғонистон” гуфт, шавоҳиде вуҷуд доранд, ки бархе аз шогирдони макотиб аз сӯи гурӯҳҳои фаъоли шӯришӣ ҷазб шудаанд. Ин ниҳод таъкид кард, ки ниҳодҳои амниятии Афғонистон бояд монеи фаъолияти ифротгароён дар макотиби ин кишвар шаванд.
Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари масоили сиёсии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, афроди ҳизби Таҳрир ахиран дар вилояти Каписо парчами “Давлати исломӣ”-ро афрохта буданд, ки ин аз робитаи ин гурӯҳ бо созмонҳои ситезаҷӯ дарак медиҳад: 2Дар аксарияти қаламрави Афғонистон инҳо фаъолият доранд. Бавижа дар байни насли ҷавон, дар миёни касоне ки онҳоро ба содагӣ битавонанд ҷазб бикунанд. Ман иттилое дорам, ки инҳо аз пуҳантуни Кобул чанд нафарро ба Сурия фиристода буданд, ки аз тарафи “Давлати исломӣ” биҷанганд. Ин ҷавонҳо дар онҷо дар ҷангҳо кушта шуданд. Ин ҳам ҳокист, ки инҳо бо созмонҳои террористӣ алоқаву равобити органик ва хеле наздик доранд."
Дар гузашта Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон гуфта буд, ки фаъолиятҳои махфиёнаи ҳизби Таҳрир дар ин кишвар таҳти назорат қарор дорад ва агар мақомҳои баландпояи ҳукумат ҳидоят бидиҳанд, ин раёсат барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти ин ҳизб иқдом хоҳад кард.
Афғонистон инак чор даҳсола боз даргири ҷангҳои дохилиест, ки дар меҳвараш гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, ба мисли ҷунбиши Толибон, шабакаи Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, ҳизби исломии Гулбуддин Ҳикматёр ва амсоли онҳо истодаанд. Аммо суханронии ахири доктор Абдуллоҳ нахустин мавридест, ки чунин як мақоми баландпояи давлати Афғонистон дар бораи фаъолиятҳои васеи ҳизби Таҳрир изҳори нигаронӣ мекунад.
Кумиссиюни амнияти дохилии Вулуси Ҷирга – парлумони Афғонистон аз ҳукумат хостааст, то пеши роҳи фаъолиятҳои созмонҳои тундраве, назири ҳизби Таҳрирро бигирад. Солеҳмуҳаммад Солеҳ, як узви ин кумиссиюн ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин агар як ҳизби тахрибкор ва мухолифи низом бошад, ҳукумат масъул аст, ки ҷилавашро бигирад. Ин кор танҳо бо гуфтор намешавад. Бояд иқдомҳои амалӣ сурат бигиранд. Агар ҷилави ҳизбҳои тахрибкор гирифта нашавад, ин авоқиби бисёр хатарбор дорад.”
Аммо дар ҷаласаи ҳукумати Афғонистон ба кадом иқдомҳои мушаххасе барои пешгирӣ аз фаъолиятҳои ҳизби Таҳрир ва аҳзоби дигари тундрав ишорае нашуд. Ҷовиди Кӯҳистонӣ мегӯяд, бо боздошту таъқиб ҳузури ҳизби Таҳрирро дар арса наметавон аз байн бурд, балки бояд ба мардум иштибоҳӣ будани ақидаҳои ин ҳизбро талқин ва собит кунанд.
Ҳизб-ут-Таҳрир, ки таъсиси “хилофати воҳиди исломӣ” дар қаламрави кишварҳои мусалмоннишинро ҳадафи муборизаҳои худ қарор додааст, дар Тоҷикистону Узбакистон ва чандин кишвари дигари пасошӯравӣ дар рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил карда шудааст.