Арки Кобул ин дафъа насиби кӣ хоҳад шуд?

Интихоботи рӯзи 5 апрели раёсатҷумҳурии Афғонистон нахустин мавриди таҳвили демократии қудрат дар ин кишвари ҷангзада хоҳад шуд.
Бо онки то ҳол танҳо ҳудуди 10 дарсади орои интихоботи рӯзи 5 апрели раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳисоб шудааст ва натоиҷи муқаддамотии он, қарор аст, рӯзи 24 апрел эълон шавад, тарафдорони се номзади асосӣ аз ҳоло вз пирӯзии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Залмай Расул ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай табл мезананд.

Дар ҳар сурат, ин интихобот, агар то охир бидуни хушунат такмил шавад, нахустин мавриди таҳвили демократии қудрат дар Афғонистон хоҳда шуд. То соли 1973 дар Афғонистон низоми подшоҳӣ ҳоким буд. Баъди он тамоми мавридҳои табдили раҳбари ин кишвар - аз Зоҳиршоҳ ба Муҳаммад Довуд, аз Довуд ба Нурмуҳаммад Таракӣ, аз Таракӣ ба Ҳафизуллоҳ Амин, аз Амин ба Бабрак Кармал, аз Кармал ба Наҷибуллоҳ, аз Наҷибуллоҳ ба Сибқатуллоҳ Муҷаддадӣ, аз Муҷаддадӣ ба Бурҳониддин Раббонӣ, аз Раббонӣ ба Толибон ва аз Толибон ба Карзай - ҳама дар беҳтарин маворид таҳти фишор аз беруну дохил ваё бо зӯри силоҳу рехтани хуни зиёд сурат гирифтаанд.

Сардабири барномаҳои Радиои Афғонистони Озод Абдулқодири Ҳабиб дар як мусоҳибаи видеоӣ бо хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Хиромони Бақозода дар бораи шонси пирӯзии номзадҳо изҳори назар кард. Ин сӯҳбатро метавонед аз саҳифаи Озодивидео дар Ютюб тамошо кунед:

Истиқболи Душанбе аз интихоботи Афғонистон: "Ҳаркӣ дар Кобул пирӯз шавад, бо Душанбе дӯстӣ хоҳад ҷуст"

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон истиқбол кард. Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 7-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "баргузории ин интихобот дар Афғонистон боиси истиқбол мебошад. Мо шод ҳастем, ки ин интихобот баргузор гашт ва мардуми Афғонистон ба он таҳдидҳо нигоҳ накарда, ба марказҳои раъйдиҳӣ рафта, овози худро доданд."

Мақомоти вазорати хориҷа мегӯянд, Тоҷикистон тарафдори нафаре мебошад, ки мардуми Афғонистон барояш раъй бидиҳад.

Қосимшоҳ Искандаров, афғонистоншиноси тоҷик дар пайванд ба интихоботи рӯзи шанбе дар Афғонистон гуфт, ки муҳимтарин паёми он ин буд, ки «бешубҳа, ҳама мардуми Афғонистон аз ҷанг хаста шуданд ва мехоҳанд дар кишвар сулҳ ва оромӣ биёяд. Иштироки бисёр васеъе, ки дар интихобот доштанд, аслан паёмаш ҳамин буд. Бояд бо сулҳ ва оштӣ кишварашон як кишвари пешрафта бошад. Дар шароити ниҳоят мушкил ва таҳдидҳои саросарӣ ва боду ҳавои номусоид, мардум ба ин нигоҳ накарда, омада раъй доданд."

Қосимшоҳ Искандаров дар посух ба ин пурсиш, ки кадоме аз номзадҳо метавонад барои минтақа муассиртар воқеъ шавад, афзуд, ки «тамоми номзадҳое, ки дар дар сабқати интихоботӣ иштирок карданд, хоҳ-нохоҳ мехоҳанд, ки дар Афғонистон ва минтақа сулҳ биояд. Мо бо аксари номзадҳо сӯҳбатҳое доштем. Инҳо ҳама Тоҷикистонро як ҳамсояи хубу нек ва муҳим арзёбӣ мекунанд. Фикр мекунам, ҳар кадоме аз онҳо агар сари қудрат биояд, бо Тоҷикистон муносибати хуб барқарор хоҳад кард."

Номзадҳо: "Ба натиҷаи оро эҳтиром мегузорем"

Се номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки мӯътақиданд, барандаи ин интихоботанд ё инки ҳадди ақал ба даври баъдӣ хоҳанд рафт, ба ҳар сурат, ваъда додаанд, ки ба натиҷаҳои ин маърака эҳтиром мегузоранд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки низ умеди зиёде ба баранда шудан дар интихобот дорад, дар охирин соатҳои рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Мо аз намоядагонамон дар дуртарин нуқтаҳои кишвар шикоятҳои дарёфт кардаам ва ин шикоятҳоро баррасӣ карда, ба кумитаи масъул иттилоъ додаем."

Кумитае, ки оқои Абдуллоҳ зикр кард, "Дафтари мустақили расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ" ном дорад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз ёрони сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 2009 рақиби аслии Ҳомид Карзай дар интихобот буд. Аммо пеш аз даври дувум аз интихобот канор рафт, зеро ба ин бовар буд, ки интихобот одилона ва шаффоф баргузор намешавад.

Зулмай Расул

Зулмай Расул, вазири пешини умури хориҷии Афғонистон, ки ба гуфтаи коршиносон аз пуштибонии Ҳомиди Карзай ва дастгоҳи ҳоким бар Арки Кобул бархӯрдор аст, рӯзи якшанбе дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки набояд дар мавриди натиҷаҳои интихобот саросемагӣ кард. Оқои Расул гуфт: "Агар интихобот машрӯъ бошад ва ба раъйи мардуми Афғонистон эҳтиром шуда бошад, агар мо бибозем, боз ҳам ӯро эҳтиром мекунем."

Бо вуҷуди гузоришҳо аз пуштибонии ҳукумат ва пуштибонии тими ҳоким аз ӯ, оқои Зулмай Расул дарёфти ҳар гуна кӯмак аз сӯи давлатро радд кардааст. Пас аз интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар соли 2009 тарси он мерафт, ки тақаллубҳои густурдае назири дахолати нерӯҳои давлатӣ дар ҷараёни райъдиҳӣ ва дуздидани сандуқҳои раъй дар интихоботи ҷорӣ сурат бигирад.

НИГАРОНИИ БАРХЕ НОМЗАДҲО АЗ ИМКОНИ ТАҚАЛЛУБ

Дафтари шикоятҳои интихоботӣ аз ситодҳои номзадҳо дар бораи тахаллуфот дар ҷараёни интихоботи рӯзи 5 апрели раёсатҷумҳурии Афғонистон алакай то субҳи якшанбе беш аз 1200 шикоят гирифтааст. Сухангӯи ин ниҳод Нодир Мӯҳсинӣ гуфтааст, шумори шикоятҳо зоҳиран боз ҳам хоҳад афзуд.

Натоиҷи муқаддамотии интихобот бояд 24 апрел эълон шавад, вале се номзади асосӣ - вазирони собиқи умури хориҷа Зулмай Расул ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай - аз ҳоло аз эҳтимоли тахаллуфи фаровони натоиҷи раъйдиҳӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ки алакай аз пирӯзии худаш дар интихоботи рӯзи 5 апрел хабар додааст, дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, аз ҳавзаҳо дар бораи тахалллуфот гузоришҳои зиёд дар даст дорад, ки "барои тафтиш ба дафтари шикоёти интихоботӣ супурда хоҳад шуд."

Залмай Расул низ дар бораи ба ин ниҳод супурдани шикоёти раасида ба ситоди ӯ хабар дода, вале ҷузъиёти зиёде дар ин бора наовардааст. Аммо Зулмай Расул, ки номзади мавриди назари раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай шумурда мешавад, дар мусоҳиба бо Франс Пресс ҳушдор додааст ки: "Ҳар номзаде ки бо тахаллуф баранда эълон шавад, аз ҷониби мардуми Афғонистон пазируфта нахоҳад шуд."

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки дар интихоботи соли 2009 дар муқобили Карзай ба даври дувум роҳ ёфт, вале ба далели имкони зиёди тахаллуфи натоиҷи раъйдиҳӣ аз ширкат дар даври дувум даст кашид, мегӯяд, интихоботи имсола низ ҳамроҳ бо дасткориҳои зиёд сурат гирифтааст: "Мутаассифона, садҳо ҳамватани мо ба далели камбуди баргаҳои раъйдиҳӣ аз ҳаққи ширкат дар интихобот истифода бурда натавонистанд. Ин ҷараён орӣ аз тахаллуф набуд."

Амнияти раъйи мардум
Ҳукумати Афғонистон аз нерӯҳои амниятии кишвараш хостааст, то амнияти қуттиҳои раъй ва варақаҳои раъйдиҳии интихоботи раёсати ҷумҳуриро таъмин кунанд. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон бо сардории Ҳомид Карзай, ки рӯзи 6-уми апрел баргузор шуд, аз нерӯҳои амниятии афғон хостаанд, ки амнияти раъйи мардумро таъмин кунанд. Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ба нерӯҳои дифоъ ва амниятии кишвараш амр додаст, ки сандуқҳои раъй ва варақаҳои овоздодаи рӯзи 5-уми апрелро «бо амонатдории комил ҳифз кунанд.»

Ҳукумати Афғонистон чунин тақозоро баъд аз он кард, ки рӯзи 6-уми апрел, як рӯз пас аз баргузории интихобот як мошини ҳомили сандуқҳои раъй, мунфаҷир шуд. Ин мошин замоне ки аз ду ҳавзаи раъйдиҳӣ ба роҳ сӯи маркази вилояти Хонобод мерафт, ба минаи канори роҳ бархӯрдааст.

Ҳаётуллоҳ Амирӣ, волии Хонобод дар мавриди ин ҳодиса гуфтааст, ки «варақаҳои раъйдиҳии 8 сандуқ нобуд шуданд» ва афзудааст, ки ин мошин дар минтақаи Оқтош ба минаи канори роҳ бархӯрдааст. «Бар асоси хабарҳое, ки ба дасти мо расидааст онҳо варақаҳои раъйдиҳии минтақаҳои Лағмонӣ ва Тоқачанорро ба маркази вилояти Хон обод интиқол медоданд», гуфтааст вай.

Амирӣ Ҳамза Аҳмадзай, раиси кумиссиюни мустақили интихобот ба бахши афғонии радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар ин ҳодиса як корманди кумиссиюн, як пулис ва ронандаи мошин кушта шуданд ва ҳамаи варақаҳои раъйи мардуми минтақаи Лағмонӣ ва Тоқачинор аз байн рафтанд. «Бадбахтона, як корманди мо, ронандаи мошин ва як пулиси шаҳид шуданд. Мошин комилан тахриб шуд ва сандуқҳои раъйи мардуми ду минтақа ҳам аз байн рафтанд,» - гуфт Аҳмадзай.

Натиҷаҳои интихоботи рӯзи 5 апрели раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳанӯз эълон нашудаанд, вале мақомоти афғону кишварҳои Ғарб аз худи ҷараёни раъйдиҳӣ дар ин кишвари ҷангзада хуш истиқбол мекунанд.

Интизор меравад, натоиҷи аввалияи интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 24 апрел эълон шавад. Агар ҳеҷ кадоме аз номзадҳо дар даври аввал беш аз 50 дарсади ороро ба даст наорад, ду номзаде ки орои аз ҳама бештарро соҳиб мешаванд, рӯзи 28 май дар даври дувум рақобат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, дар интихоботи рӯзи 5 апрел 58 дарсад, ё тақрибан 7 миллион аз 12 миллион нафари соҳиби ҳаққи раъй дар Афғонистон ширкат кардаанд.

Бо вуҷуди таҳдидҳои Толибон, ки гуфта буданд, интихоботи рӯзи 5 апрелро ба ҳам хоҳанд зад, дар давоми рӯзи шанбе дар бораи кадом ҳамлаи бузурге гузориш нашудааст. Аммо вазири дохилаи Афғонистон Муҳаммадумар Довудзай гуфт, дар беш аз 100 ҳамла ё қасди ҳамла, ки дар 24 соати охир сабт шудааст, 20 нафар, аксар аз нирӯҳои амниятии Афғонистон, кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол вазири дифоъи Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ гуфтааст, ки дар рӯзи баргузории интихобот амнияти сокинон пурзур буд ва талафоти нерӯҳои амниятӣ дар ҷараёни интихобот нисбати интихоботҳои қаблӣ камтар ба қайд гирифта шуд. Аммо ба гуфтаи вазири дифоъ, дар ин интихобот аз ҷониби мухолифон талафоти бештар шудааст.

Ҷараёни раъйдиҳӣ дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар Кобул: