Падари ҷавони ба гаравафтодаи тоҷик ҳарфи муовини сафири Афғонистонро, ки писарашро «ҳамкори қочоқчиёни афғон» унвон кардааст, тӯҳмат ва беасос медонад.
Сӯҳбат Баротов, падари Мирмад Баротов, ҷавони 30 солаи тоҷик, ки то ҳанӯз дар асорати як гурӯҳи мусаллаҳи афғон аст, дар вокуниш ба суханони муовини сафири Афғонистон дар Душанбе гуфт, «чунин як тӯҳматро дар тамоми умраш бори аввал мешунавад». Ӯ гуфт, масъулини сафорат бо чунин тӯҳмат масъулияти раҳоии писарашро аз дасти шаҳрвандони Афғонистон, ба канор мегузоранд.
«Тамоми халқи Шӯрообод медонад, ки ман ва писаронам умуман бо онҳо сару кор надоштем. Худатон шаҳрвандонро пурсидаед ва гуфтанд, ки мо кӣ ҳастем. Ба ҳамон сафир нагуфтед, ки ин гапҳои беасосро аз куҷо гирифтааст? Насиб бошад, дар ҳамин ду-се рӯза писарам озод мешавад ва ман ба пеши он сафир меравам. Бигзор гапҳои гуфтаашро исбот кунад.»
Падари ин ҷавон гуфт, писаронаш барои мардикорӣ ба Русия мерафтанд ва худу ин писараш ин ҷо ба чорводорӣ машғуланд ва зиндагиашонро аз ин ҳисоб таъмин менамоянд.
Сафорати Афғонистон дар Душанбе рӯзи 27-уми ноябр гуфт, он сокини Шӯрообод, ки аз сӯи афғонҳои мусаллаҳ ба гарав гирифта шудааст, бо гурӯҳҳои қочоқбар ҳамкор мебошад. Сафорати Афғонистон гуфт, ки сокини 30-солаи деҳаи Зардолуяки ноҳияи марзии Шӯрообод, ки аз тарафи афғонҳои мусаллаҳ гаравгон гирифта шудааст, бо гуруҳои мафиёии қочоқбар ҳамкор будааст ва ин масъала раҳоии ӯро аз дасти гаравгонгирҳо, мушкил кардааст.
Муҳаммаддовуд Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон рӯзи 27-уми ноябр ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки аз ҳодисаи ба гарав бурда шудани як ҷавони шӯроободӣ аз тарафи гуруҳи мусаллаҳи афғон огоҳ ҳастанд, аммо мушкиле, ки дар амри раҳоии вай пеш омадааст, бо ин гурӯҳҳо ҳамкор будани ин ҷавон мебошад.
Ин дипломатии афғон дар идома гуфт, «шумо мефаҳмед, ки ин ҷавон аз тарафи гуруҳҳои мафиёии қочоқбар, бинобар як муомилаи миёни худашон ба гарав гирифта шудааст. Ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Афғонистон гурӯҳҳои қочоқбар ба ин амал дахил ҳастанд ва ин ҷавон бо онҳо ҳамкор будааст ва ин вазъ барои мақомоти масъули Афғонистону Тоҷикистон мушкил пеш овардааст».
Вай афзуд, ки "сарфи назар аз ин, мо ҳама талошро ба харҷ дода истодаем, ки як роҳеро пайдо кунем ва сокини Тоҷикистонро аз дасти онҳо раҳо намоем. Феълан гурӯҳи қочоқбари тарафи Афғонистон бо гарав гирифтани ин ҷавон аз гурӯҳи мафиёии тарафи Тоҷикистон талаби 20 ҳазор долларро кардааст ва ин муомилаи миёни худи онҳо мебошад, вале сарфи назар аз ин ҳолат, мақомоти зидахли Афғонистон талош доранд ӯро раҳо кунанд».
Намояндагони мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, то ҳол ҳеҷ далеле рӯи даст надоранд, ки иртиботи ин сокини Тоҷикистон бо қочоқчиёнро тасдиқ кунад. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ бидуни зикри номаш ба Радиои “Озодӣ” гуфт, бо вуҷуди тафтишу сӯҳбатҳои зиёд бо сокинони маҳаллӣ ин ҳарф, ки Сӯҳбат Баротов ва писаронаш бо қочоқчиён ҳамкорӣ доранд, далел пайдо накард. Ин манбаъ гуфт, агар муовини сафири Афғонистон далеле рӯи даст дорад, метавонад, онро ба мақомот пешниҳод кунад, то дар асоси он чораҷӯи шавад. Ӯ аз он изҳори таассуф кард, ки ҷониби Афғонистон дар ин масъала бо ҷониби Тоҷикистон ҳамкории хуб надоранд, то пеши роҳи чунин амалҳои нохуб гирифта шавад.
Сокинони маҳаллӣ низ мегӯянд, то кунун ҳеҷ овозае нашунида буданд, ки ин ҷавон ва падараш бо гурӯҳҳои афғон ҳамкорӣ дошта бошад. Самад, як сокини маҳаллӣ, ки ин хонаводаро хуб мешиносад, мегӯяд: “Ҳар нафаре, ки заррае дар Шӯрообод бо қочоқчиён ҳамкорӣ дошта бошад, зуд миёни мардум овозааш паҳн мешавад. Ҳарчанд, касе бо чашм набинад ҳам, тахминан бо ангушт ишора мекунанд, ки фалонӣ ҳоло ва ё дар гузашта бо афғонҳо ҳамкорӣ дошт. Лекин бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки акаи Сӯҳбат умуман чунин инсон набуд ва дар борааш ҳам ягон овоза набуд. Ҳоло ман метавонам чанд нафарро аз деҳоти гирду атроф ном барам, ки дар мавридашон чунин овоза ҳаст, вале дар бораи Акаи Мирмад ин хел овоза набуд. Ӯ деҳқони асил аст ва аз ин ҳисоб даромади хуб дорад ва ниёзе ба сару кор гирифтан ба чунин корҳои ҳаромро надорад.”
Сокинони дигар мегӯянд, ба тозагӣ се писари ин мард аз Русия баргашта буданд ва эҳтимол касе ба қочоқчиён дар бораи маблағи зиёд доштани ин хонавода хабар расонидааст. Ин аст, ки ба гуфтаи сокинон, аз волидайни Мирмади дар гаравбуда афғонҳо 20 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд.
Гурӯҳе аз афғонҳои мусаллаҳ шаби 10-ум ба 11-уми ноябр ҷавони 30-солаи сокини ноҳияи Шӯрообод Мирмад Баротовро ба гарав гирифта, ба самти номаълум рафтанд. Ин сокинон гуфтаанд, ки гурӯҳи афғонҳои мусаллаҳ ҳамчунин аз деҳа анвои хӯрока низ бо худ гирифтаанд.
Сокинон сабаби ба гарав афтодани Мирмад Баротовро намедонанд. Ҳарчанд Шӯрообод аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон аст ва дар гузашта мавориди ба гарав афтодани иддае аз сокинон ба дасти афғонҳо, ба қарздории онҳо аз маводи мухаддир унвон шудааст.
Ба иттилои сарраёсати марзбонии Тоҷикистон, 8 сол қабл ҳодисаҳои гаравгонгирии сокинони деҳоти марзнишин аз ҷониби шаҳрвандон ва ба хусус гурӯҳҳои силоҳбадасти афғонӣ зиёд рух медод, вале тайи солҳои ахир камтар шудааст.
Чун дар солҳои пеш иддае аз қочоқбарои маводи мухаддири афғон ба бархе аз сокинони ин минтақаи марзӣ маводи мухаддир дода ва пас аз гузашти замоне омада пули онро талаб мекарданд. Аммо онҳое, ки пули мухадиррро баргардонида наметавонистанд, аз сӯи қочоқбарони афғон ба асорат гирфта мешуданд. Аммо дар чанд соли ахир мавориди ба дасти афғонҳои қочоқбар ба гарав афтодани иддае аз скоинони ноҳияи Шурообод қариб, ки ба мушоҳида нарасида буд.