Дипломатҳои афғон аз “Тоҷиксодиротбонк” амонатҳои худро металабанд. ВИДЕО

Чаҳор дипломати афғон мегӯянд, ду сол шуд ҳудуди 300 ҳазор доллар пули амонташонро "Тоҷиксодиротбонк" пас намедиҳад. Ин маблағро онҳо замоне дар “Тоҷиксодиротбонк” гузошта буданд, ки дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон кор мекарданд. “Тоҷикисодиротбонк” яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки соли 2015 пардохтпазирии худро аз даст дод ва амонати садҳо муштарии худро пас надод.

Азизи Бориз мегӯяд, ҳоло тасмим доранд, “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба додгоҳ бикашанд, чун тамоми мӯҳлати ваъдаи пас додани амонтаҳо ба охир расид.

Азизи Бориз, як тан аз корманди собиқи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аст ва дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми январ ӯ гуфт, ки се ҳамкори дигараш иҷоза доданд аз номи онҳо бо матбуот сӯҳбат кунад. Вай гуфт, маблағе, ки ду сол боз “Тоҷиксодиротбонк” ба онҳо пас намедиҳад, сар аз соли 2008 пасандоз шудааст. Ӯ гуфт, бар асоси қарордоде, ки бо бонк доштанд, ҳар замон бояд пулашонро мегирифтанд.

“Ин пасандозҳое буд, ки мо солҳои тӯлонӣ ҷамъ оварда будем ва ҳангоми кор дар “Тоҷиксодиротбонк” гузоштем. Қарор ин буд, ки ҳар вақте хостем, пуламон пас дода мешавад. Ду сол боз танҳо ба мо ваъдаи “имрӯзу фардо” медиҳанд, аммо ҳеҷ моил нестанд, ки пул пардохт шавад,” - гуфт ӯ.

Азизи Бориз, дипломати собиқ дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон.

Пуле, ки ин дипломатҳо дар бонки Тоҷикистон нигоҳ доштаанд, ба гуфтаи худашон, аз фурӯши манзили зисташон дар Афғонистон ва маошашон ба даст омада буд. Ин дипломати афғон мегӯяд, то ҷое иттилоъ дорад, маблағи дигар дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ низ дар ин бонк дармонда буд, вале “Тоҷиксодиротбонк” ба ҷуз маблағи дипломатҳои афғон пули дигаронро пас додааст.

Азизи Бориз мегӯяд, пас надодани пули дипломатҳои афғон нақзи Конвенсияи масунияти дипломатҳост, ки соли 1961 дар Вена тасвиб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси ин конвенсия ҳукумати Тоҷикистон масъул аст, ки аз ҳақи онҳо ҳимоят кунад. Ӯ гуфт: “Ин ҷо ҳуқуқи дипломатҳо нақз шудааст. Давлатҳо бар асоси конвенсияи Вена масъул ҳастанд, ки аз нақзи ҳуқуқи дипломатҳо ҷилавгирӣ кунанд. Ба назар мерасад, ки барои баргардонидани пули мо касе коре намекунад. ”

Азизи Бориз мегӯяд, ҳоло тасмим доранд, “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба додгоҳ бикашанд, чун тамоми мӯҳлати ваъдаи пас додани амонтаҳо ба охир расид.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси дипломатҳои афғон барои пулҳояшон дар Тоҷиксодиротбонк

Дар ҳамин ҳол, масъулони “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, пасандозҳои дипломатҳои афғонро бо сабаби гирифтори мушкили пардохтпазирӣ шудани ин бонк бозгардонида наметавонанд. Як тан аз масъулони “Тоҷиксодиротбонк”, ки нахост номаш нашр шавад, рӯзи 8-уми январ гуфт, ба дипломатҳои афғон пешниҳод шуд, ки мисли дигар муштариёни бонк пулашонро қисм ба қисм бигиранд, вале онҳо розӣ нашуданд.

“Шароити бонк ба ҳама маълум аст. Мо ҳоло пули муштариёнро кам-кам бармегардонем. Ба дипломатҳо ҳам аз рӯи тавоне, ки дорем, чунин пешниҳод кардем, вале розӣ нашуданд. Ҳоло имконияти бонк маҳдуд аст ва барои баргардонидани ҳамаи пул вақт лозим аст,” - гуфт ин масъули бонк.

Масъулони “Тоҷиксодиротбонк” дороиҳои бонкро ба 4 миллиарду 311 миллион сомонӣ баробар медонанд. “Буҳрони молии ҷаҳонӣ, сохтмони биноҳои зиёд ва тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ”-ро сабабҳои аслии ба мушкил печидани бонк медонанд.

“Тоҷиксодиротбонк” охири соли 2015 ба мушкил печид ва натавонист саривақт пули муштариёнашро дастрас кунад. Ин вазъ ба навбати тӯлонӣ ва норозиятҳо аз бонк сабаб гардид. Дар пайи он мақомоти Бонки миллӣ барои ҳалли бӯҳрони “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққат таъин кард ва танҳо баъд аз шаш моҳи он дубора Тоҷиддин Пирзодаро ба раҳбарии ин бонк гузошт. Ҳукумати Тоҷикистон низ дар авҷи бӯҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли гузашта, барои наҷоти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дар маҷмуъ беш аз 3 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ кард.

“Тоҷиксодиротбонк”, ки бояд маблағи муштариҳояшро пардохт мекард, ин маблағро ба сармояи асосии бонк ворид кард ва ҳоло ҳудуди 85 дар сади саҳмияҳои он дар ҳисоби давлат аст. Бо вуҷуди ин, ки мақомоти бонк мегӯянд, вазъи молиашон беҳтар шудааст, бархе аз муштариён ҳанӯз аз камбуди пул дар бонк шикоят доранд.

Дар пайи буҳрони бонкҳо дар Тоҷикистон “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.