Умар Ислом ва Ҳоҷӣ Фурқон – фармондеҳони ҷангҷӯёни тоҷик дар Бадахшон

Раҳбари "Ансоруллоҳ" Амриддин Табаров, ки соли гузашта дар Афғонистон кушта шуд.

Шаби 4 ба 5 июл дар як задухӯрди сангин дар ноҳияи Арганҷхваи вилояти Бадахшони Афғонистон 13 ҷангҷӯи Толибон, аз ҷумла ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ кушта шудаанд. Мақомоти Бадахшон мегӯянд, ҷангҷӯёни тоҷикистониро дар ин минтақа ду нафар бо номҳои Умар Ислом ва Ҳоҷӣ Фурқон раҳбарӣ мекунанд.

Мақомоти амниятии Бадахшон иддаои ҷунбиши дар Тоҷикистон мамнӯи “Ансоруллоҳ” дар бораи аз сӯи ҷангҷӯёни ин ҷунбиш ва Толибон тасарруф шудани маркази ноҳияи Роғистон дар марз бо Тоҷикистонро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҷангҷӯёни “Ансоруллоҳ” ҳудудан 50-60 нафар буда, мӯҳраи асосӣ дар танзимҳои чирикии фаъол дар ҷабҳаи Бадахшон нестанд.

Генерал Муҳаммадакрам Сомеъ, аз ҳамсафони фармондеҳи маъруф Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ҳоло қумандони фирқаи Бадахшон аст, рӯзи 5 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҷангҷӯёни тоҷикистониро дар Бадахшон ду нафар бо номҳои Умар Ислом ва Ҳоҷӣ Фурқон раҳбарӣ мекунанд. Ин яқинан исми мустаори онҳост. Дар бораи онҳо маълумоти зиёде ҳанӯз дастрас нест. Вале то ҷое мо медонем, онҳо дар итоати худ тақрибан 50-60 нафарро доранд, ки асосан афроди норозӣ аз ҳукумати кунунии Тоҷикистонанд ва аксар дар пойгоҳҳои террористии Ал-Қоида ва Толибон тамрин гирифтаанд.”

Генерал Сомеъ қасди ҷангҷӯёни “Ансоруллоҳ” ба убури марзи Тоҷикистон ва дар қаламрави ин кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ барои худ дуруст кардани ҷои поро як ҳадафи асосии фаъол шудани ин гурӯҳ дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бадахшон номид. Вале ӯ афзуд: “Мо бародарони тоҷикистониро итминони хотир медиҳам, ки мо ба ин нирӯҳо имкони нафас кашидан ва гузаштан аз рӯди Омӯро нахоҳем дод. Албатта, фикр кардан ба амнияташ бояд кори худи мақомоти тоҷик бошад, вале мо аз тарафи худ тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, ки ҷангҷӯён ба аҳдофи худ нарасанд. Бахусус дар ҷабҳаи Бадахшон.”

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” ахиран дар сомонаи интернетиаш иддао кард, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ҳамроҳ бо Толибон маркази ноҳияи Роғистони Бадахшони Афғонистонро, ки бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ)-и Тоҷикистон ҳаммарз аст, ба даст овардаанд. Ин гурӯҳ ҳамчунин хабарҳои мақомоти афғон дар бораи кушта шудани даҳҳо ҷангҷӯ дар задухӯрдҳои поёни ҳафтаи гузашта дар Роғистонро рад карда, гуфтааст, ки онҳо дар ин ҷангҳо танҳо 6 кушта додаанд.

Аммо генерал Муҳаммадакрами Сомеъ, фармондеҳи фирқаи Урдуи давлатии Афғонистон дар Бадахшон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Гурӯҳҳои чирикӣ ба хотири имтиёзгирӣ ҳузури худро аз будаш бузургтар нишон медиҳанд. Дар асл, Толибон ҳамроҳ бо муттаҳидонаш аз гурӯҳҳои дигар тамоми нирӯҳои худро аз қисматҳои мухталифи Бадахшон ҷамъ оварда, барои тасарруфи маркази Роғистон талош карданд. Вале муваффақ нашуданд, балки беш аз 50 нафарашон, аз ҷумла 2 ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар ин набардҳо кушта шуданд ва боқии ҷангҷӯён пароканда шуданд. Ҳоло таъқиби онҳо дар қисматҳои мухталиф идома дорад.”

Акси ҷангҷӯи тоҷикистонии кушташуда

Ду ҷангҷӯи тоҷикистонӣ, ба гуфтаи мақомоти афғон, ҳангоми фирор дар ҳудуди вулусволии Кӯфоб, ки бо ноҳияи Дарвози Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст, ба ҳалокат расонда шудаанд. Исми яке аз онҳо ҳам нашр шуд, ки гуфта мешавад, Исо ном доштааст.

Мақомоти афғон мегӯянд, ҳамин тавр, нирӯҳои амниятӣ шаби 4 ба 5 июл як гурӯҳи ҷангҷӯёни дар ҳоли фирорро дар ҳудуди ноҳияи Арганҷхва дарёб карданд ва дар задухӯрд бо ин гурӯҳ 13 тан аз ҷангҷӯён кушта шуданд.

Генерал Сомеъ гуфт, дар набардҳои ахир ҳамчунин 5 тан аз фармондеҳони Толибон ҷароҳатҳои сангин бардошта, 12 ҷангҷӯ, бо шумули Атоуллоҳ, муовини фармондеҳи чирикиҳо дар ин минтақа ба дасти мақомот асир афтодаанд.

Ҷангҷӯёни Толибон бахусус дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар поёни соли 2014 дар вилояти Бадахшон ва дигар манотиқи шимоли Афғонистон фаъол шуданд. Ҷангҷӯён чандин бор ноҳияҳои алоҳидаи ҳаммарз бо Тоҷикистон, аз ҷумла вулусволии Юмгон дар вилояти Бадахшон ва вулусволиҳои Хоҷағору Дашти Арчӣ дар вилояти бо Бадахшон ҳамсояи Қундузро барои чандин моҳ тасарруф карда, дар тирамоҳи соли 2015 ҳатто шаҳри Қундузро барои чанд рӯз таҳти назорати худ оварданд.

Ҳокими ноҳияи Имом Соҳиби Қундуз қаблан ба Озодӣ гуфта буд, ки дар ҳудуди ин вилоят тақрибан 40 ҷангҷӯи тоҷикистонӣ ба раҳбарии фармондеҳе бо номи "Мустафо Тоҷик" меҷанганд. Ба гуфтаи ӯ, "Мустафо Тоҷик" қаблан минасози ҷунбиши Толибон будааст.

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки ҷангҷӯёни тоҷикистонии мустақар дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон дар пайи ҷудо шуданашон аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон таъсис додаанд. Коршиносони масоили амният ва терроризм мегӯянд, ки таъсиси гурӯҳҳои алоҳида ба ҷои Ҳаракати исломии Узбакистон як навъ “ребрендинг” ва ба хотири ҷалби ҷангҷӯёни ҷадид, барои мисол, аз Тоҷикистон буд, ки барои пайвастан ба сафи гурӯҳе, ки исмаш ба Узбакистон рабт мегирад, майли чандоне нишон намедоданд.

Исми ин гурӯҳ бори аввал дар моҳи сентябри соли 2010, дар пайи ҳамлаи маргталабона ба шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вазорати умури дохила дар шаҳри Хуҷанд расонаӣ шуд. Баъди он ҳамла як сомонаи марбут ба ҷангҷӯёни чечен хабар дод, ки масъулияти ҳамлаи Хуҷандро, ки нахустин ҳамлаи маргталабона дар Тоҷикистон номбар мешуд, гурӯҳе бо номи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” бар дӯш гирифтааст.

Дар моҳи апрели соли 2011, дар пайи кушта шудани Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, яке аз фармондеҳони саркаши собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик дар водии Рашт, мақомот гуфтанд, ки аз охирин паноҳгоҳи Мулло Абдулло парчами сиёҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” низ ёфт шудааст.

Моҳи майи соли 2012 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро расман манъ ва ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои террористиву ифротӣ шомил кард.

Дар ибтидои соли равон Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки раҳбари созмони ҷангҷӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” Амриддин Табаров, мулаққаб ба “Домулло Амриддин” ҳанӯз дар тобистони соли 2015 дар як задухӯрд бо нирӯҳои амниятӣ дар Афғонистон кушта шудааст.