Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) рейтинг ё феҳрасти нави техникӣ ё фанниро эълон кард. Маҳз бар асоси ин рейтинг квотаҳо барои ширкат дар мусобиқаҳои бошгоҳии AFC дар солҳои 2019-2020 тақсим карда мешавад. Дар ин бора дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр хабар дода шудааст.
Ба иттилои ин манбаъ, Тоҷикистон дар рейтинги нав бо 30,433 имтиёз дар байни 46 федератсияи миллии AFC ҷойгоҳи 12-ум ва дар минтақаи “Ғарб” мақоми 7-умро касб кардааст, ки ин имкон медиҳад Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар даври пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар мавсимҳои 2019-2020 мушарраф шавад. Ин маънои онро дорад, ки қаҳрамони Тоҷикистон-2018 ҳуқуқи иштирок дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019-ро аз марҳилаи пешакӣ ба даст меорад.
Дар мавриди агар қаҳрамони Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC роҳ ёбад, онгоҳ дар Ҷоми AFC-2019 ҷоизадорони нуқра ва биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2018 иштирок мекунанд. Агар бошгоҳи зӯртарини Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфта натавонад, онгоҳ ширкати худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 идома медиҳад.
Бояд гуфт, ки барои гирифтани иҷоза ҷиҳати ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар мавсимҳои 2019-2020 қаҳрамони Тоҷикистон бояд аз тасрифоти ҳатмии парвона ё литсензия гузарад. Бошгоҳ бидуни парвона ба мусобиқоти асосии бошгоҳии Осиё роҳ дода намешавад.
Ёдовар мешавем, қаҳрамони Тоҷикистон-2017 - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе - ширкати худро дар мусобиқоти Ҷоми AFC-2018 рӯзи 7-уми марти соли оянда дар майдони худ шуруъ мекунад. Рақиби “Истиқлол” дар даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ғолиби ҷуфти плей-офф мешавад.
Дар мавриди агар ғолиби Ҷоми Тоҷикистон - дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – тавонад ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот роҳ ёбад, онгоҳ «Истиқлол» дар ибтидои Ҷоми AFC-2018 рӯзи 7-уми март муқобили хуҷандиҳо бозӣ мекунад.
Ба ҷуз «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот қаҳрамони Қирғизистон - «Олой»-и Ӯш ва ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, ки рӯзҳои наздиктарин маълум мешавад, мубориза мебаранд. Боз як ширкаткунандаи даври гурӯҳӣ дар минтақаи Марказӣ аз рӯи натиҷагирии бозиҳои плей-офф муайян хоҳад шуд.
Дастаи «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар ва Ҷоми Тоҷикистон, ба мубориза барои Ҷоми AFC-2018 аз даври плей-офф шуруъ менамояд. Рақиби «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми AFC ғолиби ҷуфти даври пешакӣ миёни барандаи Ҷоми Қирғизистон - «Дордой»-и Бишкек ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон мегардад.
Дастаи “Хуҷанд” нахустин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2018 рӯзи 13-уми феврал дар меҳмонӣ, бозии ҷавобиро 20-уми феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-218 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.
Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 7-уми декабр дар сомонаи расмии худ эълон кардааст, ки маблағи бунёди ҷоизаҳои мусобиқаҳои бошгоҳӣ – Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми AFC - аз мавсими соли оянда афзун мешавад. Ҳамакнун маблағи ҷоизаи Лигаи қаҳрамонҳои AFC 6 миллион доллар, Ҷоми AFC 2,25 миллион долларро ташкил медиҳад.
Агар имсол ба ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои AFC 3 миллион доллар ва ба финалист 1,5 миллион доллар супурда шуда бошад, пас дар мавсими оянда ғолиби мусобиқоти асосии бошгоҳии Осиё 4 миллион доллар ва финалист 2 миллион доллар мегиранд.
Ғолиби Ҷоми AFC-2018 бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 1,5 миллион доллар ва финалисти мусобиқот ба маблағи 750 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд. Солҳои 2016- 2017 маблағи ҷоизаҳои ин мусобиқот 1,5 миллион долларро ташкил медод, ки ба ғолиб 1 миллион доллар ва ба финалист 500 ҳазор доллар супорида мешуд.