Парвандаи Бузургмеҳр Ёров "махфӣ" шуд

Бузургмеҳр Ёров

Вакилони дифои Бузургмеҳр Ёров мегӯянд, ки парвандаи зерҳимояи онҳо аз ҷониби мақомоти тафтишотии Додситонии кулл, мӯҳри махфӣ зада шудааст.

Парвандаи вакили дифои боздоштшуда Бузурмеҳр Ёров, ки аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон баррасӣ мешавад, мӯҳри махфӣ зада шудааст.

Бузургмеҳр Ёров -- вакили дифои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ҳудуди ду ҳафта қабл аз сӯи пулис дастгир шуд ва ҳамакнун дар боздошт ба сар мебарад. Мақомот ӯро ба "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" муттаҳам мекунанд. Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт ӯро ба ду моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

Нуриддин Маҳкамов вакили мудофеъ рӯзи 14 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар авоили ҳафтаи ҷорӣ мақомоти тафтишотии Додситонии кулл ба парвандаи вакили мудофеи боздоштшуда мӯҳри махфӣ ё худ сиррӣ заданд. Ҷаноби Маҳкамов афзуд, баъди он, ки ба парванда мӯҳри махфӣ зада мешавад, дигар ҳам мақомоти тафтишотӣ ва ҳам вакилони мудофеъ ҳуқуқи додани маълумот дар бораи ҷузъиёт тафтишотро надоранд. Ба ин тартиб, ҳоло вакилони мудофеи Бузургмеҳр Ёров дар мавриди ҷараёни тафтишоти парванда изҳори бехабарӣ мекунанд ва мегӯянд, ҳуқуқи сӯҳбат кардан надоранд.

Бузургмеҳр Ёров ва гурӯҳе аз вакилони дифоъ пас аз боздошти густурдаи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, барои ҳимояи ҳуқуқӣ аз онҳо, Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳоро созмон доданд. Ӯ рӯзи 28-уми сентябр аз сӯи маъмурони пулис боздошт шуд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ӯро ба "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" айбдор кард ва алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Бино ба баёнияи созмонҳои ҳуқуқи башар, Бузургмеҳр Ёров чорумин вакили мудофеъ аст, ки дар зарфи ду соли ахир мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳомоти ҷанбаи сиёсидошта боздошт кардаанд. Надежда Атоева, раҳбари Иттиҳодияи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, “боздошти адвокати саршиноси ҳуқуқи башар бо ангезаҳои сиёсӣ намоишгари он аст, ки мавориди поймол кардани ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Давлати Тоҷикистонро лозим аст, Бузургмеҳр Ёровро озод карда ё имкони дастрасии ӯ ба вакили мудофеъ ва дидор бо хонаводаашро таъмин кунад”.

Боздошти Ёров дар пайи таъсиси Кумитаи ҳимоят аз узви боздоштшудаи ҲНИТ сурат гирифт. Ба дунболи он Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон намуд. Мақомот Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи генерал-майор Абдуҳалим Назаров, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон муттаҳам намуда онро созмони террористӣ эълон карданд.