Ҷасади Қосимҷон Тӯраевро дар Қазон ба хок супориданд

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади Қосимҷон Тӯраев, яке аз ҳалокшудагони сӯхтори бозори "Адмирал" дар Қазон дафн шуда, тобути Ҳикматуллои Ҳаётуллохон ба Душанбе интиқол ёфтааст.

Ҷасади яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи 11 март дар пайи сӯхтори бозори "Адмирал" ҳалок шуд, дар шаҳри Қазон ба хок супорида шудааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ҷасади Қосимҷон Тӯраеви 44-соларо бо ризояти наздиконаш дар пойтахти Тотористон дафн кардаанд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат гуфт, намози ҷанозаи ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар масҷиди "Оила"-и шаҳри Қазон хонда шудааст. Ба иттилои ӯ, ҷасади Ҳикматулло Ҳаётуллохони 23-сола, яке дигар аз ҳалокшудагони сӯхтори бозори "Адмирал", ба Душанбе интиқол ёфтааст.

Ба қавли сухангӯи сафорат, тамоми харҷи интиқоли тобути Ҳикматулло ба Тоҷикистонро ҳукумати шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон, бар дӯш гирифтааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав субҳи 14 март эълон кард, дар сӯхтори бозори "Адмирал" дар шаҳри Қазон чор шаҳрванди кишвар ҳалок шудаанд.

Рӯйхати ҳалокшудагон:

1. Риёев Эмомалӣ Раҳматуллоевич (1984, Рӯдакӣ)

2. Тӯраев Қосимҷон Азамхӯҷаевич (1971, Душанбе)

3. Ҳикматуллои Ҳаётуллохон (1992, Рӯдакӣ)

4. Давронов Алишер Азимович (1996, Душанбе)

Ҷаноби Эгамзод дар идома гуфт, инчунин, шаш сокини Тоҷикистон дар сӯхтори маркази савдои "Адмирал" осеб дидаанд, ки се нафари онҳо ҳанӯз дар бемористон таҳти назорати табибон қарор доранд.

“Сатторов Абдусалом Абдуҷабборович (1971), Миров Абдуназар Абдусатович (1987) ва Наботов Саидхӯҷа Раҳматулоевич (1996) дар бемористон ҳастанд,”-гуфт ӯ. Вай афзуд, Мавлонова Хайриннисо Нурзабаевна (1967), Қандилов Тоҷиддин Шерович (1984) ва Обидов Кароматулло Ҳайтуллоевич (1984) баъди муолиҷа аз бемористон ҷавоб шудаанд.

Ба қавли масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамаи тоҷикони фавтида ва осебдида дар сӯхтори бозори "Адмирал" ба ҳайси фурӯшанда ва дӯкондор кор мекардаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри таъзияномае ба хонаводаи қурбониёни тоҷики сӯхтори "Адмирал" изҳори таслият кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, “вазорат ба маълумот мерасонад, ки ҳамаи намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба расонидани кумаки зарурӣ ба наздикони фавтидагон ҷалб карда шудаанд.”

Ҳукумати Тотористон тасмим гирифтааст, ба хонаводаи қурбониёни сӯхтори маркази савдои “Адмирал” 1 миллион рублӣ кумак карда, харҷи интиқоли ҷасади шаҳрвандони хориҷӣ ба ватанашонро бар уҳда бигирад. Ба афроде, ки осеби ҷиддӣ надидаанд, вобаста ба зиёнашон аз 200 то 400 ҳазор рубли русӣ ҷубронпулӣ дода хоҳад шуд.

Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, “бо ҳадафи расондани кумак ба шаҳрвандони зарардида ва хешовандони онҳое, ки ҳалок шудаанд, корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар Қазон Шоҳназар Таваров ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони минтақа Ҳикматулло Гадоев дар ҷои воқеа қарор доранд. Сафорат ва консулгарии генералии мо дар Уфа ҳамчунин бо ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Россия дар Қазон ва дигар мақомоти марбутаи ин қазия доимо дар тамос аст.”

Ҳукумати Тотористон ҳам эълон кард, 14 март дар ин кишвар рӯзи мотами миллӣ ба хотири қурбониёни сӯхтори маркази савдои “Адмирал” аст. Бино ба иттилои мақомоти ин кишвар, дар пайи сӯхтор 15 нафар ҷон дода, то ҳол ҷасади 19 тани дигар пайдо нашудааст.

Фурӯшгоҳи "Адмирал", ки яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии мухтори Тотористони Русия буд, шаби 11 март ба коми оташ рафт. Бино ба гузоришҳо, сӯхтор 4 000 метри мураббаъ замини бозори "Адмирал"-ро фаро гирифтааст.