Алим Шерзамонов, раиси созмони ҳизби мухолифи сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшонро баьди беш аз як соатаз фурудгоҳи иҷозат додаанд.
Ба гуфтаи худи Алим Шерзамонов, компутари фурудгоҳ ҳангоми тафтиши аснодаш мушкилеро ошкор кардааст ва вайро ба ин далел беш аз як соат нигоҳ доштаанд?
Хабарнигорони мо гузориш доданд, ки маьмурон шиносномаи Шерзамоновро дар майдони назди фурудгоҳ ба вай баргардонданд.
Алим Шерзамонов, ки дар арафаи шурӯъи амалиёти зидди гурӯҳҳои худсари мусаллаҳи шаҳри Хоруғ дар моҳи июли соли 2012 ба Маскав рафта буд, ахиран эълон кард, ки ба Тоҷикистон бармегардад.
Алим Шерзамонов рӯзи 16 сентябр ба парвози Маскав-Душанбе билет гирифт. Ҳавопаймои ӯ шоми душанбе, соатҳои тақрибан 18:30 дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон нишаст. Аммо афроди наздик ба раҳбари сотсиал-демократҳои Бадахшон баьди пойин шудагаш аз тайёра гуфтанд, ки ҳангоми убури хатти марз асноди Алим Шерзамонов, аз ҷумла шиносномаи ӯро мақомот гирифтаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки ӯ боздошт шудааст ё чӣ? Тафтиши асноди Шерзамонов беш аз як соат давом кардааст.
Алим Шерзамонов, ки тайи 15 моҳи дар ғурбат ба сар бурданаш аз мунтақидони тунди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мерафт, изҳори нигаронӣ дошт, ки мақомот метавонанд ӯро ба муҷарради бозгашт дастгир кунанд. Шерзамонов аз ҷумла дар чандин мусоҳибаи матбуотиаш аз шеваи амалиёти нирӯҳои давлатӣ дар Бадахшон ва ахиран аз ироаи як бахши қаламрави ин вилоят ба Чин башиддат интиқод карда буд.
Вале мақомоти амниятиву интизомии Тоҷикистон қаблан чанд дафъа гуфта буданд, ки алайҳи Шерзамонов кадом парвандае вуҷуд надорад ва ӯ таҳти ҷустуҷӯ низ гузошта нашудааст.