Чанд рӯз пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентии Беларус ва оғози эътирозҳо аз шеваи баргузорӣ ва шумориши оро, "Блогистон" бо нашри матлаби сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо "Тангное миёни "адолати таърихӣ" ва "адолати иҷтимоӣ" дари баҳсеро боз кард, то дар он соҳибназарон андешаи худро ба падидаҳои ахири Беларус баён доранд. Ба дунболи он матлаб блоги Раҷаби Мирзо "Варта. Чаро диктатура ҳам акнун хавфнок мешавад?" мунташир гашт. Рӯзноманигор Абдуқаюми Қаюмзод бо мутолиаи ин андешаҳо тасмим гирифт, назари худро баён дорад, ки дар зер пешкаши хонандагони гиромӣ мешавад.
Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигор
Диктатор давлат намесозад
Чанд нукта пиромуни баҳси "Блогистон"-и Радиои Озодӣ
Эътирози мардуми Беларус ба муқобили давлат, давлатдорӣ ва давлатшавӣ нест. Баҳси интихоботи оганда бо тақаллуб ва дасткоришударо бо ҳастии давлат ва давлатдорӣ омехтан нашояд ва намешавад. Эътирози мардуми Беларус ва коршикании онҳо муқобили як диктаторе аст, ки бидуни хиҷолат ва шарму ҳаё эълом медорад, ки "Беларусро ба касе намедиҳам". Ин ҳарф зидди Конститутсияи Беларус аст, ки ҳамаи шаҳрвандонро баробарҳуқуқ ва президентро кафили ин баробарӣ медонад ва ҳар шаҳрванди аз 35-сола болои зодаи Беларус ҳақ дорад раҳбари ин кишавр интихоб шавад.
Давлатшавӣ, яъне чӣ? Оё танҳо бо диктатура давлат метавонад сохта шавад? Магар то Лукашенко Беларус вуҷуд надошт? Агар Лукашенко курсиеро, ки ба он сахт часпидааст, аз даст диҳад, Беларус нобуд мешавад? Агар посух мусбат аст, пас, дар 26 сол ин кас бо чӣ машғул буд, ки давлат насохт ва бояд мунтазир буд, ки дар чанд соли дигар месозад? Аз кадом диктаторе дар ҷаҳон давлати муташаккилу устувор мондааст, ки бо он давлату таърихи бунёдаш мардум метавонанд ифтихор кунанд?
Бахшиш, ки суол зиёд мешавад, вале бояд боз пурсид, ки агар диктатура мафҳуми мусбат аст, чаро ҳама дар дунё аз он ҳазар мекунанд, ба ҷуз аз худи диктаторҳо? Ҳамин лақаби "охирин диктотури Аврупо”, ки ба Лукашенко дода шудааст, худ маънии комилу худкифо дорад.
Зери ниқоби "давлатсозӣ" ҳамчунин метавон ба осонӣ режими Куриёи Шимолиро "сафед" кард. Он ҷо "бечора" Ким бо ҳама аҳлу авлодаш, насл ба насл дар пайи давлат шудани Куриёи Шимолиянд, вале дар ҳамсоягии онҳо Куриёи Ҷанубӣ, "бечора" бе ягон диктатор, дар шумори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор дорад. Аммо Куриёи Шимолӣ, ки як кишвари пасмонда ва асримиёнагист, ки "давлати шаклгирифта"-и он аз падар ба писар ва аз писар ба набера ба мерос мондааст. Ҳоло дар паҳнои олам шояд садҳо ҳазор ҳаваси зистан дар Куриёи Ҷанубиро доранд, аммо сокинони Куриёи Шимолӣ илоҷ намеёбанд, чӣ тавр тарки ватан кунанд. Барои он ки дар Куриёи Ҷанубӣ ҳукумаҳо иваз мешаванд, бале ҳукуматҳо, чи расад ба давлатмардҳо. Мардум давлат месозад, ташкил медиҳад, аз байн мебарад, нав мекунад. Яъне, ин халқ аст, ки бояд давлат бисозад, на як ё ду нафар, ки бо собиқаи начандон рӯшани мудирият, ба тасодуф қудратро гирифта бошанду дигар бозпас ба мардум надиҳанд.
Таърих гувоҳ аст, ки диктатор ҳаргиз давлате намесозад, ки ба дарди халқ бихӯрад. Диктатор режим ва система месозад, чун режим ва система вобаста ва дар итоати ӯст. Аммо давлат вақте давлат мешавад, шакл мегирад, бино меёбад, қоиму устувор мешавад, ки онро: поя, курсӣ, девор ва бому бомпӯшаш бо дастони мардум сохта шуда бошад. Ва сохтмони давлат, ҳамон гуна ҳам ки дар Қонуни асосӣ омадааст, бо ирода ва орои мардум сурат мегирад. Ирода ва орои мардум ҳамин интихобот аст.
Мардуми Беларус 26 сол тоқат кард, вале дар давру бари он ҷаҳон дигар шуд. Як қадам фаротар дар Литва мардум чӣ хел зиндагӣ доранду дар Беларус чӣ гуна? Агар дар он кишварҳо давлат барои ҷомеа ва мардум аст, дар Беларус - баръакс. Рифоҳу осоиш ва рушду ривоҷ дар “давлат” аст, на барои ҷомеа.
Вақте давлат худро демократӣ муаррифӣ ва эътироф мекунад, бояд тавассути интихобот ташаккул ёбад ва ё аз тариқи тағйири қонун ва тамдиди муҳлати раёсати ҷумҳурӣ ва умрбод эълон кардани як нафар? Давлате, ки тамоми қонуну қоида барои як нафар сохта ва иҷро карда мешавад, магар давлат аст?
Ғасби қудрат, қабза кардани қудрат, то мурдан курсиро тасарруф ва забт кардан, боқии мардумро гӯсфанд ва худро чӯпон тасвир ва тасаввур кардан кори давлат аст, ё шахс ва гурӯҳ? Давлат асбоб ва ё олот ва ё ҳар чизе дигар, ки ба мардум мутааллиқ аст ё ба як кас ва ё як гурӯҳ? Як кас ва як гурӯҳ кай ва аз чӣ роҳе давлатро ташкил ва ташаккул медиҳад? Як кас ва як гурӯҳ вақте давлат ташкил ва ташаккул дод, он бар манфиати кӣ ва киҳо хидмат мекунад? Давлате, ки дар он танҳо давлатдор соҳиби ҳама чиз ва ҳама имтиёз аст ва ҳама чи аз они давлат (ҳаминҳо) аст, чаро он бояд ташкил ва ташаккул биёбад? Давлатҳои ҷаҳон бар пояи интихобот ва эҳтиром ба раъйи мардум сохта мешаванд ва пешрафт мекунанд. Ин диктаторҳоянд, ки раъйи мардумро ба тороҷ мебаранд ва сипас доду бедод аз мудохилаи хориҷӣ мекунанд ва то онҷо ки метавонанд аз пулису артишу дигар васоили қудрат истифода мебаранд. Ҳоло агар натоиҷи оро дар Беларус он тавр ки буд, эълом мешуд, давлати Беларус аз ҳам пош мехӯрд? Яке шуд, ки Лукашенко мурд, хуб, дигар ҳама мемирад? Фардо мурд, пас, давлати Беларус аз байн меравад? Ягон беларусии дигар нест? Дар миёни 10 миллион аҳол танҳо Лукашенко буд, ки метавонист давлат ташкил диҳад? Чаро барои он ки як давлат давлат бишавад, бояд ҳатман як кас бист ё сӣ сол қудратро қабза кунад? Агар ин тавр буд, давлати ташкилдодаи Қаззофӣ ку?
Як диктатор талошу кӯшишаш барои ташкил ва таҳкими давлат нест, ки гуфтам. Агар ин тавр набуд, ӯ ба раъйи мардум эҳтиром мегузошт ва мардумро таҳрик медод ва ташвиқ мекард, ки ба пойи сандуқҳои рай бираванд ва овоз диҳанд. Аммо ҳол чӣ аст? Мардум ба ҳадде ноумед ва озурда ва нобовар аст, ки мегӯяд, ба интихобот рафтан ва нарафатани мо чӣ аҳамият дорад. Он чи ки худашон мехоҳанд, ҳамон мешавад. Пас, чӣ тавр ҳамин шароит ва ҳамин муҳиту ҳамин фазоро дидаву дониста боз ҳам аз Лукашенко ба унвони як нафар роҳбар, ки давлат ташкил ва ташаккул медиҳад, сӯҳбат пеш меояд, сахт тааҷҷуб мекунам. Мешавад ҷӯйи пеши роҳатонро хушкӣ гуфту гузашт? Он чизеро, ки дунё нафрин мекунад, чӣ тавр мешавад табраа кард? Чӣ чизе водор мекунад, ки медонӣ, дақиқан медонӣ, аммо ҳарфи дигар мегӯӣ? Агар бар фарзе Светлана Тихановская қудратро мегирифт, Беларус кунфаякун мешуд? Ҳоло агар Эмомалӣ Раҳмон аз қудрат биравад ва Рустами Эмомалӣ ояд, магар давлати Тоҷикистон мешиканад? Номи дигаронро, масалан М. Убайдуллоев, Қ. Расулзода, С.Ятимовро намеоварам, ки дақиқ “мешиканад”.
Агар ки ҷомеа хастаи равонӣ шуд, магар бо он мешавад худро наздик кард? Агар давлат дар рози эъмори давлат буд, чаро раияти он онро нафаҳмид ва хастаи равонӣ шуд ва рехт ба хиёбонҳо? Ва агар ин давлат барои Лукашенко ва соири диктаторҳо набуд, магар дастури оташкушоӣ алайҳи мардумро медод? Ҳоло барои мардум чӣ ҷабру зулм пеш омадааст, ки “хастаи равонӣ” бишавад, то ин ки як давлати собиту ношикананда барпо бишавад. Чунин “давлат” барои “халқ”, ки хастаи равонӣ шудааст, чи аҳаммият ва фоида дорад, ки то мурдани Лукашенко онро хӯронаду пӯшонад? Аслан чӣ маъно дорад?
Дар нохунак гирифтани калимаи халқ ва демократия ва кинояву истеҳзо кардан ба демократия ва демократисозон ба он хотир аст, ки як низоми худкомаи мустабид табраа ва давлат нишон дода шавад. Пас ҳамон меъёру мавозини ахлоқӣ ва арзишҳо ба дасти фаромӯшӣ супорида нашуд?
Мардуми басутӯҳомадаи Беларусро геополитика ба хиёбонҳо нарехтааст. Онҳоро хилоф, дурӯғ, беадолатӣ, ноинсофӣ ва найрангу қаллобии давлате, ки намедонам ташаккул ёфтааст ва ё наёфтааст, мутамаркиз аст ё хайр ба кӯчаҳо баровард. Ҳоло агар баҳс ин бошад, ки бо айби демкоратия ва бо айби демократисозон Гурҷистон аз бахши кишвараш маҳрум шуд, пас, чаро Тоҷикистон аз як қисмате аз Бадахшон даст кашид?
Ҳифзи давлат, давлатсозӣ ва давлатшавӣ воқеан як ҳадафи олӣ ва таърихист. Ҳатман он ба адолати иҷтимоӣ низ таъсири муайян дорад. Миллатҳои зиёде дар тӯли таърих маҳрумиятҳо ва сахтиҳои зиёдеро ба сар бурданд, то давлаташон сохта шавад ва шакли мустаҳкам гирад. Аммо чунин ҳадафи олӣ бо ахлоқи баланд ва ормонҳои пок рабт мегирад. Бо дурӯғ ба он расидан намешавад. Ҳамин солҳо кашол додани раванд худ найрангест, ки ормони олиро нобуд мекунад. Тақаллуб дар интихобот низ зарбае бузурге ба ин ормон аст. Вақте муаллимонро маҷбур мекунанд, ки натиҷаҳои ройдиҳиро дасткорӣ кунанд, ҳоло ин муаллимон ба фарзандони шумо чиро ёд хоҳанд дод?
Ё вақте ки номзадҳои "кисагӣ" аз ҳизбҳои "кисагӣ" ба саҳна мебароянд ва каме худситоӣ мекунанду даъват мекунанд, ба номзади қудратманд овоз дода шавад, беахлоқие нест, ки ҳадафи мубораки давлатсозиро ба хоки сиёҳ баробар мекунад?
Магар мешавад бо ҳамин шаклу шева давлат ташкил ва ташаккул дод? Ин беҳтар нест, ки давлат бо ҳузури умум ва бо навбат сохта шавад. Навбати шумо тамом шуд. Бигзоред дигарҳо оянд. Амрико ҳамин тавр сохта шудааст ва на танҳо Амрико. Бо адл, эҳтироми ҳуқуқи ҳамагон, баробарӣ ва сарҷамъ кардани мардум.
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.