Абдумаҷид Достиев: Ҳеч кас миннат накунад, касе бегуноҳ нест. САДО

Абдумаҷид Достиев

Абдумаҷид Достиев – собиқ муовини раиси Кумисюни оштии миллӣ ва сафири пешини Тоҷикистон дар Русия – дар рӯзҳои таҷлил аз Ваҳдати миллӣ гуфт, ки "сулҳ ҳосили заҳмати ҳамаи тоҷикистониҳо аст".

Ҳама сулҳ мехост, ҳама заҳмат мекашид. Як-ду нафар инро намехост. Дигар ҳама бо азми қавӣ хостори оромиву субот буд

Достиеви 72-сола рӯзи 26-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сар задани ҷанг ҳамаи одамони болиғи он замон гунаҳкоранд.

"Касе чӣ коре кард, барои худаш кард. Барои ҷамъияту зану фарзандаш кард. Ҳеч кас миннат накунад. Рӯшан мегӯям, қишри ба балоғат расидаи давраи ҷанг ҳама гунаҳкоранд. Ҳеч кас бегуноҳ нест. Мо дар Теҳрон бо ҳамин нукта музокироти сулҳро оғоз карда, ба мусолиҳа расида будем", - афзуд ӯ.

"Озодӣ ва хушҳолии мардум беҳтарин ид аст"

Абдумаҷид Достиев гуфт, ин шабу рӯз дар Душанбе қарор дорад ва барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ даъват нашудааст. Аммо гуфт, аз даъват нашудан ба ин маъракаи расмӣ хафа нест.

"Ҳамин ки озодам ва мебинам мардум хушҳоланд, беҳтарин ид аст. Мо рӯзҳоеро дидем, ки беҳад талх буд. Фарзандон дар ким-куҷо пинҳон мешуданд. Аз оғози нооромиҳо дар соли 1992 то охирин лаҳзаи мусолиҳаро нукта ба нукта дар ёд дорам ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Кӯдакони давраи ҷанг хеле зуд пир шуданд."

Абдумаҷид Достиев дар идомаи суҳбат аз давраҳои музокироти сулҳ ва кори Кумисюни оштии миллӣ низ ёдоварӣ кард ва гуфт, ҳарду ҷониб барои ваҳдати миллӣ талош доштанд. Ӯ гуфт, ба истиснои чанд намояндаи мухолифин (аз онҳо ном набурд), ки дар Кумисюни оштии миллӣ фаъолият доштанд, ба ҳамаашон эҳтиром дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Порчае аз суҳбати Абдумаҷид Достиев

"Як-ду нафар сулҳ намехост"

Достиев афзуд, "ҳама сулҳ мехост, ҳама заҳмат мекашид. Кумисюн бар асоси муҳлати муайян фаъолият дошт ва мо кӯшиш кардем, зуд масъалаҳоро ҳал кунем. Боз мегӯям, як-ду нафар инро намехостанд. Дигар ҳама бо азми қавӣ хостори оромиву субот буд. Инро ҳам бояд гуям, ки ҷониби оппозистсия борҳо дар кумисюн коршиканӣ кард, барои чизҳои ночиз. Як ҳафта-ду ҳафта корпартоӣ карданд. Мо ду нафар аз ин ҷониб ва онҳо ду нафар бо ширкати намояндаи Созмони Милал музокира мекардем ва боз забон меёфтему ба ҳам меомадем. Ду солу ҳафт моҳу 27 рӯз Кумисюни оштии миллӣ фаъолият дошт."

Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон рӯзи 27-уми июни соли 1997 ва баъди 5 соли ҷангу хунрезӣ ба даст омадааст. Баъди се соли музокироти сулҳ, ки соли 1994 шурӯъ шуд, созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллои Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо карданд.

Вале то расидан ба ин тавофуқ ва имзои санади сарнавиштсози сулҳ, беш аз 100 ҳазор нафар кушта шуда, садҳо ҳазор нафар ба Афғонистон гурехтанд.

"Ҷашн якҷониба нест"

Дар солҳои аввали ҷашни ваҳдати миллӣ дар қатори намояндагони мақомот намояндагони мухолифин ҳам дар ҷашнҳои расмӣ иштирок мекарданд ва паҳлӯи якдигар менишастанд. Баъдан тарафи мухолифин шикоят карданд, ки онҳоро натанҳо ба ҷашнҳо даъват намекунанд, балки ба унвони тарафи дигари сулҳ эътироф наменамоянд.

Абдумаҷид Достиев

Абдумаҷид Достиев гуфт, ин ҷашн якҷониба нест. "Мо низ хидмат кардем, вале вақте даъват намекунанд, хафа намешавем. Чунки ҳамон рӯзҳо бо ҳамон даҳшатҳояш ҳар чи зудтар аз ёдҳо равад, беҳтар аст.”

Достиев дар ин суҳбаташ ба масъалаи китобҳои бахшида ба таърихи ҷанг ва сулҳи тоҷикон ҳам ишора кард. Гуфт, аксари ин китобҳо тавре навишта шудаанд, ки "бостоншиносон дар бораи давраи биринҷӣ бо тахмину ҳадс асар навиштаанд".

"Як марди 72-сола аз зиндагӣ чӣ мехоҳад?"

Абдумаҷид Достиев моҳи майи соли 2014 дар 68-солагӣ бознишаста ва аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Русия канор рафт. Мегӯяд, ҳоло бознишаста аст ва дар зодгоҳаш деҳқонӣ мекунад.

"Аз баҳри шеърнависӣ ҳам гузаштам. Дар замин гандум, пиёз ва бодиринг коридаам. Замини наздиҳавлигӣ ва ҷои лимӯпарварӣ ҳам дорам. Бештар дар ҳалқаи наберагон ҳастам. Чанд бародару дӯст ҳам дорам, ки вақтҳои холӣ бо онҳо берун меравем. Дарди дил мекунам. Як марди 72-сола аз зиндагӣ ба ҷуз оромӣ ва муносибати хуби ҳалқаи хонавода ва дӯстони меҳрубон дигар чӣ мехоҳад?" - хулоса кард Достиев.