Андрей Федур: Боздошти Абдуллоҷонов як амали таҳрикомез буд

Андрей Федур

Вакили дифои Абдумалик Абдуллоҷонов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, 15 феврал ба додситонии Украина санадҳои заруриро дар бораи мақоми паноҳандагии зерҳимояаш таслим мекунад.
Андрей Федур, раҳбари гурӯҳи вакилони Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқи Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Киев гуфт, рӯзи ҷумъа, 15 феврал ба додситонии Украина санадҳои зарурӣ таслим мешаванд.

Абдумалик Абдуллоҷонови 64-сола, ки солҳои охир дар ИМА ба сар бурда, мақоми паноҳандаи сиёсии ин кишварро дорад, бо қарори додгоҳи Украина рӯзи 7 феврал ба боздошти муваққат маҳкум шуд. Ӯ рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи байналмилалии Борисови канори Киев бар асоси тақозои 16 сол пеш ба полиси Интерпол ироашудаи Тоҷикистон дастгир шуд. Рӯзи 14 феврал дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Киев мулоқоти Федур бо Абдуллоҷонов барпо шуд, ки дар ин мулоқот, аз ҷумла, саволҳои радиои Озодӣ ба ин сиёсатмадори собиқи тоҷик матраҳ гардид.

Озодӣ: Шумо бо Абдуллоҷонов мулоқот кардед. Оё ҳолаш чӣ гуна аст?


Федур
: Ҳолаш хуб аст, ба мубориза омода аст. Вай чунин дарк мекунад, ки ҳолати бо ӯ пешомада як нофаҳмӣ аст. Ман бовар дорам, ки ин ҳолат ба таври зарурӣ ҳаллу фасл мешавад ва мувофиқ бо қонунҳои Украина ва ҳам муқаррароти байналмилалӣ қарори дурусте қабул хоҳад шуд. Вай паноҳандаи ИМА аст ва дирӯз ман санадҳои тасдиқкунандаи ин мақомро дарёфт кардам. Ва имрӯз ман ният дорам, ки ин санадҳоро ба додситонии кулли Украина таслим кунам. Илова ба ин, тавассути сохторҳои дигари масъул ният дорем мақоми паноҳандаи сиёсии ӯро тасдиқ кунем. Ман мутмаинам, ки эъломияи Минск оид ба истирдоди афроди муттаҳам дар ҷиноятҳо ҳам нисбати ӯ набояд ба кор бурда шавад, ба он хотир, ки ӯ амалан шаҳрванди Тоҷикистон нест, ӯ паноҳандаи сиёсии ИМА аст. Инчунин, аз рӯи иттилои ман, Тоҷикистон ба таври расмӣ ба Украина ҳеҷ санаде дар бораи Абдуллоҷонов ироа накардааст. Ва Душанбе ин корро ҳақ надорад бикунад, ба он хотир, ки ин шахс зери ҳимояти СММ қарор дорад.

Озодӣ: Шонси ӯро барои озодшавӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Федур: Аз назари қонунҳои Украина ва муқарарроти байналмилалӣ, аз ҷумла, эъломияи СММ оид ба паноҳандагон, ӯ набояд ба Тоҷикистон таслим шавад. Ман умедворам, ки Украина қонунро вайрон нахоҳад кард ва Абдуллоҷонов озод мешавад. Тоҷикистон ҳам, ба унвони кишвари узви СММ ва давлате, ки ин эъломияро пазируфтааст, ҳақ надорад истирдоди паноҳандаро тақозо кунад.

Озодӣ: Худи Абдуллоҷонов боздошташро дар фурудгоҳи Украина чӣ гуна арзёбӣ мекунад? Оё ба назари ӯ ин ҳодиса бо соли баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе дошта метавонад?

Федур: Ман намедонам, ки оё ин боздошт бо соли интихобот ҳеҷ иртиботе дорад ё на, мо инро баррасӣ накардем. Вале мусаллам аст, ки ин ҳодиса як амали таҳрикомез (провакатсия) нисбати зерҳимояи ман мебошад. Абдуллоҷонов на ҳангоми убури гумрук ё назорати паспортӣ боздошт шуд, ӯро як ҳайат дар лаҳзаи расидани ҳавопаймо дар қаламрви фурудгоҳ, ҳангоми поин шудани ҳавопаймо пешвоз гирифт ва боздошт кард. Ғайр аз ин, чанд рӯз пеш аз ин намояндагони органҳои муайян аз Тоҷикистон ба Украина омада буданд. Мисли филмҳои қадима, назди зинапояи ҳавопаймо як мошин омада, ӯро дар ҳамон ҷо боздошт кард. Маълум мешавад, ки ин як амали таҳрикомези аз пеш

Абдумалик Абдуллоҷонов дар толори додгоҳи Бориспол

андешидашуда мебошад. Бо вуҷуди ин ки Абдуллоҷонов санади паноҳандаи сиёсии ИМА-ро намоиш дод, як чизи нигаронкунанда ин буд, ки лаҳзаҳои аввали боздошташ Вазорати умури дохилаи Украина гуфт, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунад. Вале истирдод дар салоҳияти онҳо нест. Он лаҳза ҳанӯз на аз додгоҳ ва на аз додситонии кулл, ки сохтори салоҳиятдори истирдоди гумонбарон мебошад, ҳанӯз ҳеҷ хабар набуд. Изҳороти ВУД-ро ман чун як аломати нигаронкунанда қабул кардам.

Озодӣ:
Ҳеҷ нафаре аз хешу наздикони ӯ ба Украина омаданд?

Федур: Ҳеҷ кас наомадааст, чунки дар асл зарурате барои омадани онҳо вуҷуд надорад. Онҳо ҳақ надоранд бо ӯ мулоқот кунанд. Ҳамаи аъзои хонаводаи Абдуллоҷонов ҳам мақоми паноҳандагӣ доранд.

Озодӣ: Ҳоло дар бораи ҳадафҳои аслии сафари ӯ ба Украина гапу хабари зиёд аст. Вале аз рӯи маълумоти шумо, сафари ӯ ба Киев бо кадом мақсад буд?

Федур: Ӯ бо визаи туристӣ ба Украина сафар кард ва ин як сафари хусусӣ буд. Ин нахустин сафари ӯ ба Киев дар тамоми муддати берун аз Тоҷикистон зистанаш мебошад. Вай ният дошт, дар Киев ду-се рӯз бимонад.

Озодӣ:
Оё Абдуллоҷоновро дар гузашта ҳам ҳангоми мусофираташ ба хориҷи Амрико ҳамингуна боздошт кардаанд?

Федур: Ҳеҷ гоҳ боздошт накардаанд. Ӯ қаблан озодона ба кишварҳои Аврупо, Амрикои Лотинӣ ва Осиё сафарҳо анҷом додааст ва ӯ ҳеҷ гоҳ бо мушкилоте, ки ҳоло дар Украина рӯбарӯ шудааст, дучор нашуда буд. Ва ҳукми додгоҳ ҳам, ки бо боздошти муваққатии ӯ мувофиқат кард, ба назари ман аз эҳтиёткории аз ҳад зиёд содир шудааст.

Озодӣ: Ба ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Ӯзбакистон сафар кардааст?

Федур:
Ман намедонам, ба ҳар ҳол мо дар ин бора аслан сӯҳбат накардаем.

Озодӣ: Оё намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Украина бо ҷаноби Абдуллоҷонов мулоқот карданд?

Федур: На, ҳеҷ гоҳ мулоқот накарданд. Онҳо ба ӯ ҳеҷ муносибате надоранд. Ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест ва бо вуҷуди ин ки бо дархости Тоҷикистон боздошт шудааст, мақоми паноҳандагии ӯ вайро аз шаҳрвандии ин кишвар муддатҳо пеш озод кардааст. Сафорати ИМА дар Киев ва масъулини СММ дар умури паноҳандагон бо мо ҳамкорӣ ва дар ҷамъовариву таҳияи санадҳо кӯмак мекунанд.