Пешбарии Абдулло Орифов ба мақоми нахуствазири Узбакистон

Абдулло Орифов.

Ҳизби либерал-демократи Узбакистон, ки дар парлумони ин кишвар аксариятро ташкил медиҳад, номзадии Абдулло Орифовро ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод кардааст. Бино ба иттилои манбаи бахши узбакии Озодӣ, ки дар ҷаласаи рӯзи 12 декабри ин ҳизб ширкат дошт, Абдулло Орифов ба ҳайси як мутахассиси ботаҷриба бо аксари кулли оро ба ин мақом пешниҳод гардидааст.

Дар қисмати дуюми рӯзи 12 декабр сухангӯи Ҳизби либерал-демократ расман аз пешниҳоди Абдулло Орифов ба мақоми нахуствазирӣ хабар дод. Дар назар аст, масъалаи таъйин ба мақоми нахуствазири Узбакистон рӯзи 13 декабр дар иҷлосияи Сенати Маҷлиси Олӣ баррасӣ шавад.
Абдулло Орифов 13 сентябри соли ҷорӣ бо фармони Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон, ба мақоми муовини нахуствазир таъйин шуда буд.

Алишер Илҳомов.

Дар пайи муноқишаи бахши телекоммуникатсия дар соли 2012, Орифов аз ин мақом барканор шуда буд. Ба назари Алишер Илҳомов, таҳлилгари Маркази таҳқиқотии Ховаршиносӣ ва Африқои Лондон, “ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод шудани шахси ба муноқишаи порахурӣ алоқадошта, нишонаи бад аст”.

Абдулло Орифов аз моҳи майи соли 2002 то октябри соли 2009 раҳбари Оҷонсии алоқа ва иртиботот буд ва аз соли 2009 то соли 2012 мақоми муовини нахуствазири Узбакистонро ба ӯҳда дошт.

Моҷарои додани пора ба Гулнора Каримова барои ворид шудани ширкатҳои мухобиротии хориҷӣ ба бозори Узбакистон ба номи Орифов рабт дода шудааст. Додситонии Шветсия ба додгоҳи таҷдиди назар гуфта буд, ки ширкати TeliaSonera қабл аз оғози фаъолият дар Узбакистон, барои барқарор кардани робита бо Гулнора Каримова талош кардааст.

Бино ба мукотиботи ин ширкат, қарор буд мудири иҷроияи TeliaSonera Эско Ритконен ба хотири музокирот бо мақомоти Узбакистон вориди Тошканд шавад. Элден -- як шахси ботаҷриба дар роҳандозии соҳибкорӣ дар Осиёи Марказӣ маслиҳат додааст, ки қабл аз дидор бо Абдулло Орифов -- раҳбари Оҷонсии алоқа ва иртибототи Узбакистон, бо Гулнора Каримова мулоқт кунад. Зеро ба навиштаи ӯ, “Орифов як шахси тундрав ва ҷонибдори сармоягузорони Русия аст”.

Гулнора Каримова.

Тибқи иттиҳомот нисбат раҳбари пешини TeliaSonera ин ширкат ба хотири ба даст овардани имкони фаъолият дар Узбакистон, ба духтари Ислом Каримов-Гулнора миллонҳо доллар пора додааст. Гуннар Стетлер, раиси бахши мубориза бо фасоди додситонии Шведсия ба бахши узбакии Озодӣ гуфтааст: “Дар баррасии қазияи марбут ба ширкати TeliaSonera дар бештари ҳуҷҷатҳо имзои Абдулло Орифовро дидан мумкин аст.”

Пас аз дар матбуоти ҷаҳонӣ расонаӣ шудани ин тафсилот дар соли 2012, Орифов аз мақомаш барканор шуд ва нашрияи интернетии "Узметроном" аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ хабар дода буд. Дар соли 2013 парвандаи ҷиноӣ нисбати Абдулло Орифов қатъ шуда ва ӯ дар Коллеҷи алоқаи Тошканд ба сифати муаллими оддӣ ба фаъолият пардохтааст. Ҳамакнун ӯ ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод гардидааст.

Таҳлилгар Алишер Илҳомов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтааст, иддао мешавад, ки Орифов бо имзоҳои худ ба миқдори 7 дарсади будҷа ё ҳудуди 1 миллиард доллар ба давлат хисорот ворид кардааст. Хабарнигори узбакистонӣ Сергей Ежков, ки моҷарои марбут ба Орифовро пайгирӣ кардааст, мегӯяд, Мирзиёев ба далели маҳорати баланди касбии Орифов то ба имрӯз аз ӯ пуштибонӣ кардааст.