Доктор Абдулло: Ҳукумати Афғонистон бояд аз ҷосусони покистонӣ тоза шавад

Раиси ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон аз давлати Покистон интиқод кард, ки дар мубориза бо терроризм ҳамкорӣ намекунад.

Доктор Абдулло ҳамчунин гуфт, ки дар паи ҳамлаҳои ахир дар Афғонистон маҳз Покистон қарор дорад. Бахши дариии радиои Озодӣ мегӯяд, аввалин бор баъди сари кор омадани ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон як мақоми баландпояе дар Кобул ба таври ошкоро Покистонро дар эҷоди мушкил дар Афғонистон маҳкум кардааст. Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон рӯзи 10 август дар нишасти Шӯрои вазирон гуфт, “Покистон душмани Афғонистонро душман худ хонда буд, аммо ҳоло ба душманони ин кишвар заминаи гуфтугӯ дар бораи таъини раҳбар барои ин гурӯҳҳо мусоид месозад”.

Доктор Абдулло гуфт: “Ҳеҷ навъ ҳамкорӣ бо Афғонистон то имрӯз дар зарфи 10 моҳи охир дар ростои муқобила бо терроризм аз тарафи Покистон сурат нагирифтааст. Камтарин тағйире дар зарфияти мошини ҷангии толибҳо ба тарафи кам шудан наомада, балки боло рафтааст, чун фишор болояшон низ таҷҳиз мешавад. Озодона меоянд, ҷону моли мардумро бо хатар мувоҷеҳ месозанд. Дар ин росто як ҳарф, як ҷумлае, ки собит карда битавонад, ки бо мо ҳамкорӣ сурат гирифтааст, ба ҳайси раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ чунин иттилоъро надорам”, гуфт доктор Абдулло.

Доктор Абдулло ҳамчунин Мулло Умар, раҳбари пешини Толибонро як ҷинояткор унвон кард. Вай гуфт, теъдоде аз раҳбарони Толибон дар ду соли гузашта дар музокироти сулҳ иштирок доштанд, вале, ба эътимоди ӯ, ҷараёни музокироти сулҳ ва мубориза бо терроризм “ниёз ба бознигарӣ” дорад ва сиёсати ҳукумати Афғонистон дар ин ҷараёнҳо бояд мушаххас шавад. Раиси ҳукумати иҷроия аз Покистон интиқод кард, ки бо вуҷуди дархостҳои Афғонистон, ба Толибон иҷозати баргузории ҷаласаҳоро дар қаламраваш фароҳам овардааст. Вай инчунин таъкид кард, ки суфуфи ҳукумати Афғонистон бояд аз “ҷосусони покистонӣ” тоза шавад:

“Пок кардани ҷосусҳои душман аз суфуфи давлати Афғонистон чизест, ки дар гузашта сурат нагирифтааст. Ин бояд аз авлавиятҳои ҳукумати ваҳдати миллӣ бошад. Натиҷае аз ин иқдомот ин хоҳад буд, ки дигар ҳодисаи террористие дар қаламрави Афғонистон сурат намегирад. Мутаассифона, мардуми мо ба як муқобилаи давомдор бо як вазъияте, ки поёнашро ҳанӯз бо чашм намебинем, мувоҷеҳ аст. Аммо иқдомоти мо бояд рӯшан бошанд”, гуфт ӯ. Радиои “Афғонистони озод” менависад, зоҳиран афзоиши хушунатҳо дар Кобул дар вақтҳои охир ва таваққуфи муваққатии гуфтугӯҳои сулҳ сабаби ин шудааст, ки мақомот дар Кобул бо лаҳни тунд нисбат ба амалкарди Покистон дар Афғонистон интиқод кунанд. Охирин таркиши қавие, ки шаҳри Кобулро такон дод, дар рӯзи интиқодҳои доктор Абдулло рух дод.

10-уми август мошини бомбгузоришудае ба посгоҳи фурудгоҳи Кобул ҳаракат карда таркиш ба амал омад ва дар натиҷа, 7 нафар аз ҷумла як кӯдак кушта шудаанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки талафот дар миёни ғайринизомиён ва нерӯҳои амниятӣ ҳам ҳаст. Дар таркиши рӯзи 7-уми август, ки яке аз хунинтарин бомбгузориҳо баъди ихроҷи нерӯҳои ҷангии байналмилалӣ аз Афғонистон ба шумор меравад, 29 нафар кушта шуда, 55 кас захм бардоштанд.