Сайёд Ҳалимов, сокини 24-солаи шаҳри Ҳисор, ки ба қавли наздиконаш ду рӯзи пеш маҷбурӣ барои хидмат дар артиш ҷалб шуда буд, ба далели тасдиқи бемориаш аз хидмат озод шудааст. Бадриддин Сафаралиев, амаки Сайёд, рӯзи 13 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло бародарзодааш дар бемористони марказии Ҳисор аст ва бар асоси тавсияи пизишкон табобат мегирад.
Тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавсими даъвати баҳории соли ҷорӣ ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ба хидмат дар Артиши кишвар ҷалб карда мешаванд.
Худи Сайёд мегӯяд, тасдиқи бемориаш чандон осон набуд ва ҳадди ақалл панҷ давраро дар бар гирифт. “Дар Ҳисор се бор гуфтанд, ки ман гӯё сиҳҳат ҳастам ва бояд ба аскарӣ равам. Вале дар бемористони Қарияи Боло ва беморхонаи маҳаллаи 82-юми пойтахт гуфтанд, ман бемор ҳастам ва боят табобат гирам. Вақте касалиям пурра тасдиқ шуд, баъд маро ба хона фиристоданд”, - гуфт ӯ.
Вокунишҳо
Ҷалби маҷбурии ин сокини, ба қавли наздиконаш, бемори Ҳисор ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Наздикони Сайёд Ҳалимови 24-сола иддао доранд, ки гӯшаш ношунаво ва як дасташ каҷ буда, бар илова ҳуҷҷати ҳарбӣ ҳам дошт, вале ду рӯзи қабл аз тариқи “облава” ба хидмати сарбозӣ бурда шуд. Дар Вазорати дифои Тоҷикистон ҷалби маҷбурии Сайёд Ҳалимовро рад карда ва гуфтанд, ки "имкони хидмати ӯ дар қатори нерӯҳои захиравии мусалллаҳи кишвар мушаххас шудааст."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Артиш ҷои маъюбону дардмандон нест”
Коршиносони низомӣ таъкид доранд, ки ба ҷалби ҷавонон ба артиш ҷиддӣ бояд бархӯрд шавад, то афроди солиму ҳушёр ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ роҳ ёбанд. Абдулло Ҳабибов, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва коршиноси низомӣ, рӯзи 13-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “артиш ҷои ҷавонони маъюб ва бемор нест. Танҳо ҷавони солим метавонад хизмати шоистаро ба ҷо биёрад. Зеро хизмат душвор аст ва ҷавони солим метавонад, мардонагию фидокорӣ нишон диҳад.”
Генерал Абдулло Ҳабибов мегӯяд, ҳоло барои ҷалби ҷавонон ба артиш кормандони умури дохилӣ ҳам ҷалб шудаанд. “Онҳо месанҷанд, ки кадом ҷавон солим аст ва кадом ҷавон фарзанди мансбадор асту пул медиҳад. Шояд баъд аз ҳамингуна санҷишҳо ҷавонони сиҳатманд ба артиш сафарбар шаванд”, - афзуд ӯ.
“Набераамро аз ҷои хобаш бурданд”
Ин дар ҳолест, ки сокини ҷамоати Ҳисори ноҳияи Ҳисор Мастура Наимова мегӯяд, соати 8-и субҳи 11 апрел кормандони Комиссариати ҳарбӣ ҳамроҳи ду тан милиса набераи маъюбаш – Сайёдро аз ҷойгаҳи хобаш ба зӯр бурдаанд. Наимова мегӯяд, се сол қабл комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор бо назардошти барои хизмати ҳарбӣ ношоям будани Сайёд ба ӯ билети ҳарбӣ дода буд. “Ҳамроҳи писарам – амаки Сайёд ба назди комиссариати ҳарбӣ рафтем. Ӯро суроғ кардем. Гуфтанд, ки ба комиссариати ҳарбии ҷумҳуриявӣ фиристода шудааст. Онҳо гуфтанд, ки Сайёд барои хизмат мувофиқ аст”, - афзуд ӯ.
Масъулони комиссириати ҳарбии ноҳияи Ҳисор низ дар гуфтугӯи кӯтоҳи телефонӣ гуфтанд, ки дар ҳақиқат Сайёд Ҳалимовро барои хизмати аскарӣ сафарбар намуданд. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон пас аз тақҳиҳи ин қазия дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Сайёд “облава” ва ё ба зӯр барои хизмат ба артиш сафарбар нашудааст.” Ба гуфтаи Маҳмадализода, дар бахши даъвати наваскарон дар Комиссариати ҳарбии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе билети ҳарбии Сайёдро дида, имконияти хизмати ӯ дар қатори нирӯҳои захиравии мусаллаҳи кишварро мушаххас кардаанд.
“Гӯшам вазнину дастам – каҷ. Аммо гуфтанд, ки сарбоз мешавӣ”
Вақте ки рӯзи 12 апрел мо ба комиссириати ҳарбии ноҳияи Ҳисор рафтем, Сайёд ҳамроҳи дигар даъватшавандаҳо дар як автобус ба Комиссариати ҳарбии ҷумҳуриявӣ ба шаҳри Душанбе интиқол ёфт. Сайёд Ҳалимов қабл аз ин дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "маро дар ноҳия ташхис карданд. Шаш дандонам нест, чаҳортои дигараш пӯсидаанд. Дасти каҷамро низ диданд, чанд пайи ҷарроҳӣ дар баданам низ ҳаст. Гӯшам вазнин аст. Аммо бо ин ҳам духтур гуфт, ки сиҳат астӣ ва ба шаҳр мефиристоданд."
Ивази беш аз 50 комиссарони ҳарбӣ
Тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавсими даъвати баҳории соли ҷорӣ ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ба хидмат дар артиши кишвар ҷалб карда мешаванд. Қаблан Азим Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон – аз масъулони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар тақозо карда буд, ки дар мавсими баҳории даъват ба артиш ба "облава" ё сафарбаркунии иҷборӣ роҳ надиҳанд.
Вай дар як ҷаласаи рӯзи 16 март дар Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, пас аз анҷоми даъвати тирамоҳи соли гузашта ба далели роҳ додан ба даъвати иҷборӣ, 51 комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз шуданд.
Дар Тоҷикистон масъалаи даъват ба артиш, масъалаи ба истилоҳ ҷанҷолӣ аст, чун теъдоде аз ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад.
Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои манобеи расмии Тоҷикистон, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.