Ҳамидаи 18-сола аввалин духтари ҳайкалтарош дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, орзу дорад, бо сохтани пайкараи модар маъруф шавад. Вай дар зеҳнаш аллакай тарзи тақдими ин пайкараро шакл додааст ва мехоҳад ин образи ӯ таҷассумгари симои як зани тоҷик бошад.
Ӯ мегӯяд, сохтани чеҳраи инсон як кори хеле душвор аст, вале маҳорати ҳунарманд ҳам дар ҳамин аст, ки симои инсонро на танҳо аз роҳи тасвири зоҳираш, балки бо ифодаи хислатҳои ботинии ӯ ифода карда тавонад. "Ҳар симое, ки аз санг, лой ё гаҷ офарида мешавад, танҳо дар он сурат муваффақ мешавад, ки тавонад баёнгари табиат, характер ва рӯҳияи амиқи ин образро ифода карда тавонад," - мегӯяд ӯ. Ба бовари Ҳамида, танҳо дар он ҳолат ҳунари пайкарасозон қадру қимати баланд дорад, ки бо назокат ва ҳунари баланд офарида шуда, бинандаро ба андеша водор кунад.
“Кори ҳайкалтарошӣ осон нест, аммо агар шавқи ин ҳунар дар дилат бошад, ҳама мушкилиҳо пушти сар мешавад. Мегӯянд, ки ҳайкалтарош шудан барои духтар хуб нест, вале барои ман писанд аст ва орзу дорам ҳамчун зани ҳайкалтарош корхонаи вижаи омӯзиши ҳунари пайкарасозиро таъсис диҳам,” - мегӯяд Ҳамидаи Бекназар.
Ҳамида дар миёни 20 писари ҳамсабақаш танҳо духтарест, ки дар устохонаи донишгоҳ ҳунари ҳайкалтароширо меомӯзад. Вай мегӯяд, дар оғоз волидонаш зид буданд, ки, ба қавли онҳо, духтарашон бо омӯзиши «як ҳунари мардона» машғул шавад, вале вақте диданд, ки дили Ҳамида ба ин кор гарм шудааст ва ӯ дидгоҳи эҷодии худро дорад, интихоби ӯро дастгирӣ карданд. Ҳамида ва ҳамсабақонаш дар сӯҳбат бо Озодӣ мегӯянд, тафовути дарсҳои онҳо аз наслҳои пешина дар ин аст, ки тибқи барномаҳои донишгоҳ, ҳоло барои онҳо бештар осори ҳунарии миллӣ ва ҳам байнулмилалиро меомӯзонанд.
Ҳамида мегӯяд: “Нафаре, ки мехоҳад ҳайкалтароши ҳирфаӣ бошад, аввал бояд рассоми хуб бошад, фанни анатомия, таърих ва дигар илмҳоро бидонад. Чун ҳайкалтарош аввал расмро мекашад, баъдан онҳо бо гил месозад.»
Ҳамида мегӯяд, ба сиёсат кор надорад ва орзу дорад, киметавонад ба унвони як ҳунарманди воқеӣ, эҷодкори озод ва мустақил кор кунаду танҳо образҳои дар зеҳни худ парвардаро бисозад. Ҳарчанд, пайкарасозон ҳам мисли дигар эҷодкорон, дар ҳар давру замон дар хизмати ҳукумат ва давлат ҳастанд, мегӯяд ӯ. Ӯ аз ҷумла аз образи «Коргару колхозчизан», ки таҷассумгари ҳукумати Шӯравист, ёд мекунад, ки аз ҷониби як зани ҳайкалтарош – Вера Мухина ва ба ақидаи ӯ, хеле моҳирона эҷод шудааст.
Комил Ҳамроев, яке аз ҳамсабақони Ҳамида, ки ду сол аст дар устохонаи донишкада ба корҳои вазнини Ҳамида кӯмак мекунад, мегӯяд, ҳама писарҳои донишомӯз дар сурати зарурӣ ба Ҳамида кӯмак мекунанд, пайкараҳои сангинро аз ҷое ба ҷои дигар мебардоранд. Вай мегӯяд, орзу дорад, ки Ҳамида рӯзе чун як ҳайкалтароши боҳунаре ном барорад.
Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ду соли пеш дар заминаи кафедраи рассомии донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таъсис ёфт ва имрӯз бештар аз 20 нафар ин ҷо ҳунари ҳайкалтароширо меомӯзанд. Устодони ин муассиса ҳам бовар доранд, ки аз миёни ин ҷавонон ҳунармандони воқеӣ тарбия мешаванд ва фардо ҳунари миллии худро дар арсаҳои баланд муаррифӣ хоҳанд кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад