Як ҷавони суғдӣ иддао дорад, ки талошаш барои кандани қарзи калоне ӯро ба фикри фурӯши гурда овард, вале дар натиҷа, ба сараш моҷарои нав эҷод кард: ҳоло ӯро барои нияти сафар ба кишварҳои зери назари гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” муттаҳам мекунанд.
Ин ҷавон, ки намехоҳад номи воқеиаш дар матбуот нашр шавад, 28 сол дорад ва як зодаи ноҳияи Исфара аст. Ӯ мегӯяд, вақте соли гузашта бо нияти фурӯши як гурдааш ба Истанбули Туркия сафари кӯтоҳе кард, соле баъди бозгашташ мавриди шубҳаи мақомот қарор гирифт. Як моҳи охир, ба гуфтаи ӯ, санадҳояш дар дасти мақомоти амниятӣ аст, ҳақиқати сафари ӯ ба кишваре, ки наздиктарин ҳамсояи Сурияи таҳти назари ДИИШ аст, санҷида мешавад. Мақомот гуфтаанд, шиносномаҳои ӯро баъд аз анҷоми таҳқиқ бармегардонанд.
Ин ҷавон, ки бо номи мустаори Маъруф Назиров ном мебарем, мегӯяд: “Аввал мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баъд додситонӣ бо ман суҳбат карданд. Онҳо аз ман баёнот гирифтанд барои фурӯхтани як гурдаам. Баъд ҳар ду шиносномаам, ҳам дохиливу ҳам хориҷиро гирифтанд. Гуфтанд, ки мо аниқ мекунем, ки ту бо ҳамин мақсад ба Туркия сафар кардӣ ё бо ягон роҳи рустӣ аз Туркия ба Сурия гузаштиву бозгашта ба Тоҷикистон омадӣ.”
Вай мегӯяд, бидуни шиноснома ҳеҷ як барномаи зиндагиашро амалӣ карда наметавонад: “Ман оиладор шуданӣ, баъди он ба назди бародарам барои кор ба Русия рафтанӣ. Барои ҳамин шиносномаҳоямро гирифтаниам, вале ҳеҷ кор аз дастам намеояд.”
“Гурдаамро барои кандани қарз фурӯхтам”
Маъруф Назиров мегӯяд, сафараш ҳамроҳи як раҳбалади тоҷик ба Истанбули Туркия ба қасди фурӯхтани як гурдааш моҳи сентябри соли гузаштаи 2015 бебарор буд. Табибони турк нахостаанд гурдаи ӯро бо роҳи ҷарроҳӣ бигиранд. Вале баъди бозгашт гурдаи чапашро бар ивази 40 ҳазор сомонӣ дар Душанбе фурӯхтааст: “Ба ин маро шароит маҷбур кард. Чор сол дар сохтмони Русия кор кардам ва ростӣ, аз кори сохтмон безор шудам, пули мардикорӣ танҳо нӯг ба нӯг барои сарҳисоби зиндагиам мерасид. Каме ба савдо ҳам даст задам, қарздор шудам. Баъди ҳамин як гурдаамро фурӯхтам, ки мушкилотамро бартараф кунаму сари тиҷоратеро бигирам.”
Ин ҷавон мегӯяд, баъди ҷарроҳиаш дар Душанбе дар тирамоҳи соли 2015, ҳудуди ду моҳ табобат гирифт ва баъди тахминан як соли зиндагӣ дар пойтахт, сентябри соли ҷорӣ ба зодгоҳаш Исфара баргашт. Баъди бозгашт мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифт.
Маъруф Назиров мегӯяд, дар 28 соли умраш танҳо мактаби миёнаро хатм карда, дар сохтмонҳои Русия кор кардааст. Ҳеҷ ихтисос ё машғулияти дигар надорад ва зиндагиаш пурмушкил аст.
Мақомот чӣ мегӯянд?
Дар ҳамин ҳол дар додситонии маҳалли зисти Маъруф Назиров ба радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки ин шахс мавриди бозҷӯӣ аст, маълумоти додаи ӯ дар бораи сафараш ба Туркия, фурӯши гурда ва дигар ҷузъиёт санҷида мешавад. Як корманди додситонӣ рӯзи 17 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “Баъд ин мавод аз рӯи тобеият барои таҳқиқ ба шуъбаи корҳои дохилӣ равон карда шуд.”
Вале аз шуъбаи корҳои дохилие, ки маводи аъмоли Назировро дастрас кардааст, ба Озодӣ гуфтанд, ки онро ҷиҳати таҳқиқ ба ШКД-и Шоҳмансури шаҳри Душанбе, маҳали бо роҳи ҷарроҳӣ гирифтани як гурдаи Назиров равон кардаанд ва ҳарфи ниҳоиро дар бораи ин қазияи печдарпеч ҳамин ниҳод хоҳад гуфт. Ходими полис гуфт, ки дар ҷараёни таҳқиқ Назиров низ бозпурсӣ хоҳад шуд ва дар сурати бегуноҳӣ, мавод баста шуда, шиносномаҳояш баргардонида хоҳад шуд.
Назари ҳуқуқшинос
Назар Назаров, ҳуқуқшинос аз маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Хуҷанд мегӯяд, мақомот ҳақ доранд замони тафтиши мавод оид ба гумонбар ба ҷиноятҳои махсусан вазнин шиносномаи шаҳрвандро то замони анҷом тафтиш бигиранд. “Тафтиши мавод маънои онро надорад, ки ҳатман алайҳи шаҳрванд парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад. Дар ҳолати боз кардани парванда шиносномаашро бармегардонанд. Вале аз оғоз то анҷоми таҳқиқи қазияҳои марбут ба гумонбарӣ ба содири ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҳуҷҷатҳои шаҳрвандро нигаҳ медоранд.”
Шубҳаи мақомот аз куҷо маншаъ мегирад?
Мақомоти Тоҷикистон, ки аз сафари беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба қаламравҳои таҳти назорати ДИИШ дар Сурияву Ироқ изҳори нигаронӣ мекунанд, талош доранд ҷараёни сафари шаҳрвандон ба Туркияро зери назорат дошта бошанд. Мақомот дар солҳои охир дар Сурия дар гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” будани чандин сокинони ноҳияеро, ки Маъруф Назиров зиндагӣ дорад, ошкор карда, чандин нафаронро зимни берун рафтан аз Тоҷикистон ба қасди сафари Сурия баргардонида буданд. Аз ҷумла, сафари ҷавонҳои синни баъдимактабӣ дар фурудгоҳ махсус санҷида мешавад.