Табибони бемористони шаҳри Қӯрғонтеппа ҷони ду ҷавони сокини ноҳияи Бохтарро, ки мехостанд худкушӣ кунанд, наҷот доданд. Ҳайдар Ҳомидзода ва Ҷонона Ҳомидова баъди нӯшидани сирко якҷо бо даҳҳо дона доруи хоби "димедрол" дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд. Гуфта мешавад, ки ин ду нафар хеши якдигар буданд ва дар заминаи рад шудани издивоҷашон аз ҷониби хонаводаҳо даст ба худкушӣ заданд. Полис аз ин ҳодиса огоҳ аст.
Ҳодиса рӯзи 5 октябр рух дод ва ин ду нафарро раҳгузарҳои тасодуфӣ ба бемористон интиқол доданд.
Бар асоси тағйиру иловаҳо ба қонуни оилаи Тоҷикистон аз 1 июли соли 2016, шаҳрвандони ин кишвар наметавонанд бо наздиктарин хешутабори худ оила барпо кунанд
Ба гуфтаи табибони бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа, агар интиқоли онҳо ба бемористон дертар сурат мегирифт, Ҳайдар Ҳомидзодаи 27 ва Ҷонона Ҳомидоваи 20-сола зинда намемонданд.
Табибони бемористон, ки мо рӯзи 9 октябр бо онҳо сӯҳбат кардем, гуфтанд, ки писари амак ва духтари амма аз марг раҳиданд ва вазъи онҳо феълан мӯътадил арзёбӣ мешавад. Табибон ин ду нафарро дар байни худ "Лайливу Маҷнун" меноманд.
Фирӯз Толибов, табибе, ки аз ин ду нафар муроқибат мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷавонҳоро дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон оварданд ва онҳо ду рӯзро дар бахши эҳёгарӣ сипарӣ карданд. Аз хешовандони наздик ба духтар холааш ва ба писар тағояш нигоҳубин мекунанд.
Ишқе, ки як сол идома дошт
Дар ҳоле, ки аксар наздикони ин ҷавонон аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунанд, яке аз наздикони писар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду ҷавон як соли охир ошиқи ҳамдигар буданд ва хонаводаҳо инро медонистанд. Аммо бинобар манъи никоҳи хешутаборӣ дар кишвар падари духтар ин издивоҷро комилан қабул надошт ва зоҳиран духтарашро барои тӯй бо ҷавони дигар омода мекард. Ҳамин хеши наздик гуфт, ки Ҳайдар Ҳомидзода рӯзи 5 октябр Ҷононаро аз Коллеҷи тиббии шаҳр, ки духтар дар он ҷо таҳсил мекард, гирифт ва бо мошинаш ба самти ноҳияи Данғара бурд. Гуфта мешавад, ин ҳарду сирко ва доруи хобро дар роҳ истеъмол карданд. Зоҳиран роҳгузарҳо онҳоро дар ҳоли беҳушӣ пайдо карда ба бемористон оварданд.
Феълан на Ҳайдар Ҳомидзода ва на духтари аммаи ӯ Ҷонона Ҳомидова мадори сӯҳбат надоранд ва таҳти назорати ҷиддии табибон ҳастанд. Табибон мегӯянд, ки ҳам аз сирко, ки фоизаш баланд будааст ва ҳам аз доруи хоб, ки бо миқдори зиёд истифода шудааст, узвҳои дохилии ҳарду осеб дид.
Аз карда пушаймон аст...
Ҳайдар Ҳомидзода ба пурсишҳои мо ба сахтӣ посух дод ва дар ҳоле ки дар даҳонаш лӯлаи нафаскашӣ дошт, ба зӯр гуфт, аз карда пушаймон аст, аммо духтари аммаашро бисёр дӯст медорад. Ҳоло, ки ин ду нафар ҷон ба саломат бурдаанд ва хешовандон ба чӣ қодир будани онҳоро ба чашми сар диданд, маълум нест, баъди ба по хестан сарнавишташон чӣ хоҳад шуд.
Ин аввалин ҳолати талоши худкушии ошиқон дар Хатлон нест. Моҳи июни соли гузашта ду сокини ноҳияи Дӯстӣ дар вилояти Хатлон Фарҳод Рустамови 20 ва Моҳрӯ Рустамоваи 16-сола, ки амакбача будаанд, дар паи монеъ шудани волидон ба издивоҷи онҳо, худро аз ҷарӣ ба поён партофтанд. Моҳрӯ ҷон дод, вале Фарҳод ҷон ба саломат бурд.
Бар асоси тағйиру иловаҳо ба қонуни оилаи Тоҷикистон аз 1 июли соли 2016, шаҳрвандони ин кишвар наметавонанд бо хешони наздик издивоҷ кунанд. Далели аслии манъи никоҳи хешутаборӣ ин тавлиди кӯдакони маъюб аст ва мақомот мегӯянд 30 дар сади кӯдакони маъюб аз чунин издивоҷро ба дунё омадаанд.
Қиссаи Фарҳоду Моҳрӯ: "Мо якдигарро дӯст медоштем, аммо..." ВИДЕО
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад