Пирӯзии "қаҳрамони" барномаи ТВ Танин дар додгоҳ

Додгоҳи Хуҷанд cе масъули телевизиони “Танин”-ро муваззаф кард, ки ба як зани даъвогар 15 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунанд.

Биноба қарори додгоҳ, ки баъд аз нимрӯзи 23 январ эълон шуд, Шермуҳаммад Шерматов, муассис ва раҳбар, Қудратулло Раҳматуллоев, сармуҳаррир, Парвина Аҳророва, таҳиягари барномаи "Оила" ҳар кадом ба пардохти 5 ҳазор сомонӣ ба манфиати Гулнора

Вай шаъну шарафи манро паст зад. Хуҷанд Маскави Русия нест, шаҳри хурд аст, ҳама якдигарро мешиносанд. Касони бисёр он намоишро тамошо карданд. Ба ин намоиш маро даъват накарданд ва бе иштироки ман гузашт

Аминова, сокини шаҳри Хуҷанд муваззаф шуданд. Кормандони телевизионро барои он муҷозот карданд, ки ҷузъиёти зиндагии хусусии ин занро, гӯё бидуни иҷозати ӯ, дар як барномаи худ ба баррасӣ гирифтанд.

Ҳамчунин, додгоҳ Қурбон Миробидов, шавҳари собиқи хонум Аминова ва ду иштирокдори дигар он намоиш - модари 79-солаи ӯ ва раиси маҳаллаашро низ ба пардохти ҷуброни зиёни маънавӣ, мутаносибан 5, 1 ва 2 ҳазор сомонӣ муваззаф кард.

Дар маҷмӯъ, ин 6 нафар бо қарори додгоҳ ба Гулнора Аминова 23 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ пардохт хоҳанд кард.

Гулнора Аминова дар муқобили ТВ "Танин" ва оилаи шавҳари собиқ

Гулнора Аминова моҳи феврали соли 2017 телевизиони хусусии “Танин” дар шаҳри Хуҷандро барои паст задани шаъну шарафаш дар як барномаи “Оила”-и ба додгоҳ кашида, аз онҳо талаб кард, ки 800 ҳазор сомонӣ (бо қурби он замон ҳудуди 100 ҳазор доллар) подоши зарари маънавиро пардохт кунанд. Додгоҳ алайҳи телевизиони “Танин” бо иттиҳоми “ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ” парвандаи маъмурӣ боз намуд.

Додгоҳи Хуҷанд зимни баррасӣ ва содир кардани қарор барноми “Оила”-и телевизиони “Танин”-ро дар риоят нашудани тавозун ва иштирок надоштани Гулнора Аминова дар барнома муттаҳам кард. Додгоҳ гуфт, ки барнома бидуни ҳузури худи Аминова, ки дар барнома метавонист барои ҳимояти худ баромад кунад, сабт шуд.

Вале ҷониби “Танин” иддао дошт, ки шавҳари собиқ дар он барнома номи ҳамсари собиқашро ба забон наовард, аз ин рӯ даъвои Аминова ҷиҳати рӯёнидани подоши маънавӣ чандон асосе надорад.

Дар он намоиш Қурбон Миробидов шикоят кард, ки гӯё ҳамсари собиқаш баъд аз ҷудоӣ бо роҳи додгоҳӣ чанд манзилву гараж ва ҳатто дӯкони тиҷоратии ӯро аз худ кард ва ӯро ба қавле “пои луч” ба кӯча ронд. Гулнора Аминова дар додгоҳ бо санад собит кард, ки он хонаву дар ва дороиҳо моли шахсии ӯ буда, тақдими падараш буд ва даъвои шавҳари собиқаш бунёд надорад.

"Ин ҷо Маскав не, Хуҷанд аст"

Хонум Аминова дар як суҳбати қаблии худ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки шавҳари собиқаш дар ҳақи ӯ гапҳои дурӯғ ва тӯҳмати зиёд кард:

“Шавҳари собиқам дар он намоиш дар бораи ман бисёр гапҳои бад ва дурӯғ зад. Гӯё ман калид сохта, чизҳояшро дуздида ва ба гулӯи модараш корд монда бошам ва бисёр гапҳои туҳматомези дигар гуфт. Вай шаъну шарафи манро паст зад. Хуҷанд Маскави Русия нест, шаҳри хурд аст, ҳама якдигарро мешиносанд. Касони бисёр он намоишро тамошо карданд. Ба ин намоиш маро даъват накарданд ва бе иштироки ман гузашт. Барои ҳамин, бо даъвои ҷуброни зарари маънавӣ ба додгоҳ муроҷиат кардам.”

Муҳаббат Ҷӯраева

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои телевизиони “Танин” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз гирифтани қарори додгоҳ дар мавриди қабули қарор ё талаби бозбинии қазия тасмим хоҳанд гирифт. Баррасии додгоҳии ин парванда бо танаффусҳое давоми як соли гузашта идома дошт.