Зане, ки ҳафтае пеш аз шавҳараш "се талоқ" гирифта буд, бо эътироз ба ин амал шоми 5-уми июл худ ва се тифли хурдсолашро дар рӯдхонаи Душанбе ба об андохт. Одамон Парвина Абдуллоева, сокини деҳаи Бӯстони ноҳияи Ёвонро аз об зинда берун карданд, аммо кӯдакони ӯ - Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвуддини 7-сола ба ҳалокат расиданд.
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 6 июл иҷозаи ҳабси пешакии Парвина Абдуллоеваро содир кард. Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои а, в-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне куштори ноболиғон айби пешакӣ эълон шудааст.
Сокинон бегоҳи 5-уми июл дар назди Кӯли ҷавонони шаҳри Душанбе шоҳиди хархашаи ин зан бо шавҳараш шудаанд. Исомиддин Камолов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, дар аввал ин зану шавҳар кӯдаконашонро аксбардорӣ карда ва лаҳзаҳои аввал миёни онҳо зоҳиран чизе набуд, аммо каме баъд хархашаи онҳо диққати мардумро ба худ ҷалб кард.
"Аз мазмуни баҳсашон ҳамин маълум мешуд, ки гӯиё мард зан гирифтаасту ва ин зан намедонад, чӣ кор кунад. Мо гуфтем, ки баҳси оилавиашон ҳаст ва дигар ҳама аз пешашон дур шуд. Мӯйҳои дарози ду духтарчаашон дар ёдам ҳаст. Вақте имрӯз дастони ин занро баста ба ҷои ҳодиса оварданд, ӯро шинохтам," – нақл кард ҳамсӯҳбати мо.
Як ҷумлаи Парвина: "Агар фаҳманд, маро мекушанд"
Ба нақли сокинон баъд аз баҳс ин зан ба самти рӯди Душанбе, ки тақрибан 200-300 метр аз Кӯли ҷавонон дурӣ дорад, рафта ва аз болои пули ин рӯдхона, ки бештар бо номи пули ларзонак маъруф ҳаст, худу тифлонашро ба об андохтааст. Раҳим Давлатов, сокини маҳаллаи “Роҳи нав”-и шаҳри Душанбе мегӯяд, соати тақрибан 9-и шаб канори рӯдхона ҳамроҳ бо дигар сокинон нишаста буданд, ки об аз боло ҷасади занеро овард ва онҳо худро дарҳол занро берун кашидаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Сахт хунук хӯрда меларзид. Ба фикрам ҳам аз тарс ва ҳам аз хунукӣ буд ларзишаш. Ҳамин қадар, ки мепурсидем, намехост гап занад. Танҳо як ҷумла гуфт, ки агар фаҳманд, ба ин кор маро мекушанд," – гуфт ӯ.
Тақрибан пас аз 300 метри маҳалли ғарқ шудан ҷасади ин занро аз об берун кашидаанд, аммо ҷасади ду духтараш 1 километр поинтар берун мешаванд. Қосим Раҳматов, сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, вақте ҷасадҳоро аз об берун карданд, ҳанӯз баданашон гарм буд: “Кӯдакон бехуд буданд, вале баданашон ҳоло хунук нашуда буд. Баъдан, писарашро саҳар ёфтанд.”
Рӯдхонаи Душанбе 40 метр паҳнӣ ва аз 2 то 3 метр чуқурӣ дорад.
Назари равоншинос
Наздикони ин зан дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, зиндагии ин ду ҷуфт якбора тағийр кард ва эҳтимол ин тағийрро Парвина таҳаммул карда натавонист. Анвар Шарипов, равоншинос мегӯяд, аз рафтори ин зан эҳсос мешавад, ки қарори ногаҳонии шавҳар ӯро ба шиддати баланди ҳаяҷони рӯҳӣ овардааст.
Ин равоншинос мегӯяд, дар ҳолати дучор омадан ба ин ҳолат инсон бояд таваҷҷӯҳашро ба самти дигар бубарад ва бештар дар бораи ояндаи хуб фикр кунад.
Қассос аз шавҳар бар ивази қатли се тифл?
Аммо Арафамоҳ Даминова, ҷомеашинос мегӯяд, зани камхонда дар муқоиса ба мард аксаран дар ҳалли бисёр мушкилот оҷиз аст ва мехоҳад, бо худкушии худу фарзандон аз шавҳар қассос бигирад. Ӯ мегӯяд, чунин навъи қассосро занҳое мегиранд, ки сустирода ҳастанд.
Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ ин амали занро чӣ гуна баҳо медиҳад. Дустмурод Ҳайитзода, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон, ки 6 июл дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, гуфт, дар чунин ҳолат, додгоҳ тамоми паҳлӯро таҳқиқ карда, баъдан хулоса мебарорад. Ӯ гуфт, дар сурати бемории равонӣ доштан фарди гумонбар дар ҷиноят ба табобати маҷбурӣ фаро гирифта мешавад.
Паврина бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан айбдор мешавад, ки ҷазои сангинеро пешбинӣ мекунад.Соли гузашта як зани дигари сокини Душанбе, ки духтари чор солаашро пас аз берун овардан аз хонаи ятимон кушта буд, додгоҳ 19 сол равонаи зиндон кард.
Аммо то ба ҳол шавҳари Парвина Абдуллоева пайдо нашуда ва маҳалли будубошаш низ маълум нест.