"Ҳаминҷо нағзакак кор кунӣ, намешавад?". "Муҷозот"-и як духтари муҳоҷир

Дар шабакаи интернет аз ду ҳафта боз навори видеоии муҷозоти худсаронаи як зани муҳоҷири тоҷик ба гумони "шаробхорӣ" аз сӯи чанд ҳаммиллаташ мечархад.

Дар шабакаи интернет аз ду ҳафта боз навори видеоии муҷозоти худсаронаи як зани тоҷик ба гумони "шаробхорӣ" аз сӯи чанд ҳаммиллаташ мечархад. Дар ин навори 2.30 дақиқагӣ, ки ба эҳтимоли зиёд аз сӯи худи “истинтоқгарон” сабт ва ба интернет роҳ ёфтааст, ба ин зан таҳдид мешавад, ки барои ин амалаш мӯи сари ӯро хоҳанд тарошид.

Ҷавонон ин занро барои он, ки бо ин рафтораш ба қавли онҳо “обрӯ ва шаъни ҳамватанон”-и худро паст задааст, бо забони тоҷикӣ, зоҳиран шеваи мардуми шимоли Тоҷикистон занро таҳқиру мазаммат ва таҳдиди тарошидани мӯйи сарашро мекунанд. Навори муҷозоти ин зани тоҷик аз ҷониби ҷавонони ҳамватани худ рӯзи 1-уми июн дар саҳифаи “Одноклассники” гузошта шуда, баъдан ба "Ютуб" ҳам роҳ ёфтааст. Вале дар ин муддати кӯтоҳ онро ҳудуди 80 ҳазор кас тамошо кардаанд.

Дар ин навор танҳо зан нишон дода мешавад, вале чеҳраи ҷавонони муҷозоткунанда аён нест. Макон ва замони наворбардорӣ низ сабт нашудааст. Ин зан баъди таҳдиди ҷавонон, ному насаби худу падараш ва ҳамчунин сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғд буданашро ба забон меорад. Дар ин гуфтугӯ шунида мешавад, ки ин зан ҳатто соҳиби фарзанд ҳам ҳаст. Вай аз ҷавонҳо зорӣ ва илтиҷо мекунад, то нисбати ӯ чунин муносибат накунанд. Ӯ ҳангоми бозпурсии ҷавонон мегӯяд, “барои кор ба инҷо омадам. Ва он писаре, ки ҳамроҳам дар қаҳвахона буд, Фирӯз ном дорад”.

Аммо истинтоқгарон ба ҳарфҳои ӯ ҷавоб медиҳанд, ки ӯ бо амалаш обрӯи кишвар ва миллатро поён мебарад. Ва яке аз ин ҷавонон баъдан насиҳатомез ба ин зан мегӯяд, “ҳаминҷо кор кунӣ нағзакак, ба падару модарат пул равон кунӣ, бо обру пеши духтарчаат равӣ, намешавад?”

Вале баъд аз анҷом шудани сонияи охири навор, сарнавишти ин зан дигар барои тамошобин маълум нест. Мақомоти ҳукумати ноҳияи Исфара ва ҷамоати Ворухи ин ноҳия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд ин, наворро надидаанд.

Гавҳар Ҳамроева, раҳбари бахши кор бо занон ва оилаи Исфара дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шахсияти ин занро маълум хоҳанд кард, ки кӣ ҳасту дар куҷо зиндагӣ дорад. Зеро мегӯяд ӯ, ҳоло дар 11 ҷамоати Исфара 260 ҳазор сокин зиндагӣ мекунанд ва онҳо дақиқ намедонанд, ки ин сокини кадом ҷамоат аст.

Ҳамроева низ аз пайдо шудани чунин навор дар интернет изҳори бехабарӣ кард, вале ин амали ҷавононро маҳкум карда ва гуфт, ки чунин амал обрӯи тоҷикистониёнро аз байн мебарад: “Ман духтарони Исфараро медонам, ба муҳоҷират низ зиёд рафтаанд, вале агар ин ҳақиқат бошад пас ин кор барои зани тоҷик як фоҷеа аст”-афзуд ӯ. Раҳбари бахши кор бо занон ва оилаи Исфара гуфт аз ҷузъити ин ҳодиса ба Озодӣ хабар хоҳад дод.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ин рафтори ҷавононро “худсарӣ” (самоуправсто) меноманд ва мегӯянд, қонун ба ҳеҷ кас ҳуқуқ надодааст, ки каси дигарро худсарона маҳкум кунад.

Дилрабо Самадова, масъули созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, агар он зан дар ҳақиқат танфурӯш ҳам бошад, ба ӯ бояд додгоҳ ҷазо таъин кунад. Вай мегӯяд, мақомоти додситонӣ бояд нисбат ба он ҷавонон, ки ба зан чунин кирдорро раво дидаанд, парванда боз кунанд. “Инсон барои тамоми ҳаракатҳояш тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ҳеҷ кас наметавонад бо истифода аз ваколатҳое, ки соҳиб нест, худсарона ба сари дигарҳо даст бардорад ё таҳдид кунад”-афзуд ӯ.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, агар мақомот ин қазияро пайгирӣ кунанд, афроде, ки бо ин зан чунин рафтор кардаанд, метавонад аз рӯи моддаи 117-и Кодеси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои азияти нафари дигар муҷозот шаванд. Ин парванда то 3 соли маҳрум сохтан аз озодиро дар назар мегирад.

Ҳодисаҳои азияту озори занон дар муҳоҷират аз ҷониби ба истилоҳ ҳамватанони "баномусашон" дар гузашта низ иттифоқ афтода буд. Бинобар ба иттиллои мақомот, дар Тоҷикистон низ занон мавриди ҷазои худсарона қарор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки қонунгузории Тоҷикистон дахолат ба ҳаёт ва озодиҳои фитрии инсонро дахлнопазир дониста, дахолат ба онро манъ кардааст. Мақомот ҳам аз чунин дахолати рӯирост ва бепарда ба ҳарими ҳаёти хусусии занон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Як манбаъ аз додситонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бо чунин ҷурм додситонии вилояти Хатлон ахиран парвандаеро ба баррасӣ гирифт, ки дар он як зан ба хотири рафторҳояш мавриди озори чанд ҷавонӣ ба истилоҳ "мазҳабӣ" қарор гирифтааст. Ин манбаъ гуфт, “чанд тан аз ҷавонон занеро, ки ба қаҳвахона мерафт, зери латукӯб қарор дода, баъд аз таҳдидҳои зиёд муи сарашро таршиданд”.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, дар ин нисбати ин ҷавонон бо моддаи 112, “Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ”, 116 “лату кўб” ва 117 ва “ азобу уқубат”-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парванда боз шудааст.

Ҷомеашиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон солҳои охир мизони таҳаммулпазирӣ, бахусус дар миёни ҷавонон ва он ҳам бештар қишри муҳофизакори ҷомеа поин рафта, мавридҳои дахолати худсарона ба ҳаёти шахсии дигарон, бахусус духтарону занон ба чашм мехӯрад. Ин дахолат пеш аз ҳам ба тарзи либоспӯшии занону духтарон эҳсос мешавад.

Аммо Ҷалолиддин Аҳмадов, ки борҳо дар Тоҷикистону Русия ин ҳодисаҳоро пайгирӣ мекунад, рафтори ҷавонони тоҷикро дар нисбати ин зан тақлид ба гуруҳҳое медонад, ки мехоҳанд қавмашонро ба истилоҳ "покиза" нигаҳ доранд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, ин танҳо тақлид ба скинхедҳои рус ва қафқозиҳо аст. Ба гуфтаи Ҷалолиддин Аҳмадов, ин гурӯҳ мардон кӯшиш мекунанд бо зӯрӣ камбудиҳои ахлоқиро бартараф кунанд, аммо ин шеваи рафтори онҳо натиҷаи баръакс медиҳад. Аҳмадов мегӯяд, ин нафарон на мазҳабиянду на аз ислом чизе медонанд.

Қаблан ҳам дар Интернет наворҳои видеоии “муҷозот”-и занони тоҷику узбаку қирғиз ба далели танфурӯшии онҳо нашр шуда буд. Аз ҷумла дар як навори 10-дақиқаӣ, ки моҳи сентябри соли гузашта расонаӣ шуд, 2 ҷавони тоҷик 2 зан аз Тоҷикистонро барои он, ки бо танфурӯшӣ “обрӯ ва шаъни ҳамватанон”-и худро паст задаанд, дар хонае бо алфози қабеҳ таҳқиру мазаммат ва таҳдиди куштан мекунанд ва дар охир бо нидои “Сарашро кал кун!” дасту пойҳои онҳоро баста, ба тарошидани мӯйи сарашон шурӯъ мекунанд.

Аз он пеш дар як навори видеоии низ зоҳиран дар Русия сабтшуда гурӯҳи ҷавонони қирғиз як зан аз Қирғизистонро барои он "истинтоқ" мекарданд, ки бо мардони тоҷик робитаҳои наздик доштааст. Дар поёни он навор низ сари он занро тарошида буданд. Тарошидани мӯи зан дар фарҳанги мардуми Шарқ як муҷозоти хеле сахт ба ҳисоб рафта, занро дар байни мардум умрбод шарманда мекунад.