Пайвандони Тулқинбой Усмонов ва Ҳушёр Қобилов, сокинони ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом мегӯянд, фарзандони онҳо қасди сарҳадшиканӣ ва гузаштан ба қаламрави Узбакистонро надоштанд. Ба иддаои онҳо, дар наздикии хати марз говбонӣ мекарданд ва сарҳадбонҳои узбак онҳоро вақти шомгоҳи 25-уми июн дуртар аз симхори марзи миёни ду кишвар дастгир карданд ва ба пойи Тулқинбой тир заданд.
Рӯзи чоршанбеи 1-уми июл ба деҳаи Патар ва ба ҷои ҳодиса, мавзеи марзии канори он рафтам. Бишарифа Усмонова, модари Тулқинбой ҳодисаи дастгир шудану ҳадафи тир қарор гирифтани писарашро чунин нақл кард: “Чаро бачаи бегуноҳи маро парронданд? Вай чӣ гуноҳ дошт? Вай он ҷо фақат говбонӣ мекард. Ягон кори бад ё ҷиноят накардааст. Фикру
нияти гузаштан ба хоки Узбакистон ҳам надошт. Сарҳадбонҳои Узбакистон аввал сагчаи вайро паррондаанд. Писарам он сагчаро аз хурдиаш калон карда буд ва вақти говбонӣ ҳамроҳаш буд, ба шӯр омадааст, ки ин ҳайвони безабонро чаро парондед? Баъди ин гапаш, ба вай ҳам тир задаанд”, мегӯяд модар.
Вале мақомоти сарҳадбонии Узбакистон бо нашри як иттилоия ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба талоши марзшиканӣ ва муқовимат ба сарҳадбонҳои ин кишвар муттаҳам карданд. Ба гуфтаи мақомоти узбак, марзбонҳои он кишвар маҷбур шудаанд, ки дар пайи муқовимати ин ду шаҳрванди Тоҷикистон аввал ба ҳаво тир кушода, баъд ба пои Тулқинбой Усмонови 30-сола тир зада, аз по афтонанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Собир Усмонов, падари Тулқинбой мегӯяд, писараш бо як занги кӯтоҳи телефонӣ аз беморхонаи нави ноҳияи Бешариқи Узбакистон, тақрибан 25-километрии Конибодом рӯзи 29-юми июн аз худ хабар дод. Ба гуфтаи вай, мақомоти узбак писарашро таҳти фишор қарор додаанд, ки гуноҳи сарҳадшиканиро ба гардан бигирад: “Писарам гуфт, вайро маҷбур карда истодаанд нависад, ки вай ба сарҳади Узбакистон даромада буд, гӯё баъди он ки сарҳадбонҳо онҳоро дидаанд, ба фармони онҳо гӯш накард ва гурехт. Ман гуфтам, ки писарам, ту ҳодисаро чӣ хеле, ки шуда буд, навис”.
Пайвандони Тулқинбой Усмонов мегӯянд, аз ҳоли писари маҷрӯҳашон нигаронанд ва намедонанд бо ӯ дар Ӯзбакистон чӣ мешавад.
Шавкат Қобилов, падари Ҳушёр Қобилов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писари вай дар маҳбаси шаҳри Қӯқанд, тахминан 100-километрии Конибодом нигаҳдорӣ мешавад. Ба вай низ як бор иҷоза додаанд, ки ба падараш занг занад: “Писарам Ҳушёр гуфт, ки шиносномаашро фиристем. Аз вай талаб кардаанд. Ман аз аҳволаш пурсидам, фақат “нағз” гуфт, дигар гап назад. Паст гап мезад, маълум, ки наздаш касон буданд ва озодона гап задан наметавонист.”
Мулоқоти мо бо волидони ҷавонҳои боздоштшуда дар Ӯзбакистон дар маҳали ҳодиса, назди дидбонгоҳи сарҳадӣ баргузор шуд. Ин қисмати хати сарҳади Тоҷикистону Узбакистон дар тахминан 10-километрии ҷамоати Патари Конибодом воқеъ аст. Сокинони маҳаллӣ он ҷоро Туғай меноманд ва дар воқеъ чандин километр қамишу туғайзор аст. Танҳо як дидбонгоҳи баланд аз ҷониби Тоҷикистон ва дар тақрибан 100-метрии он симхор аз тарафи Узбакистон хати сарҳади эҳтимолии ду кишвар дар ин маҳалро нишон медиҳанд.
Як канал ё обгузари кӯҳна, ки дар байни қамишу туғайзор тақрибан нопадид шудааст, хати сарҳади эҳтимолӣ дониста мешавад. Шояд, ба сабаби серобу ботлоқӣ будан, Узбакистон ин қисмати хати марзи худ бо Тоҷикистонро минкорӣ накардаст. Ба ин маҳал роҳи вайрони ноҳамвору серчангу хоки лаб-лаби канал мебарад. Ба гуфтаи сокинон, сарҳадбонҳои ҳар ду кишвар дар ин маҳал гоҳу ногоҳ пайдо мешаванд.
Сокинони Патар мегӯянд, ки онҳо ба ин ҷо барои гову аспчаронӣ меоянд. Ин ҷамоати Конибодом ҳудуди 20 ҳазор аҳолӣ дорад, вале қисми зиёде аз онҳо ҷои кори доимӣ надоранд. Онҳо ба мардикорӣ ба Русия мераванд ва бархе ҳам аз роҳи деҳқониву парвариши гову гӯсфанд, рӯзии аҳли оилаи худро пайдо мекунанд.
Ҳушёри 24-сола ва ҳам Тулқинбойи 30-сола ҳарду оиладор буда, ҳар кадом ду фарзандӣ доранд. Ҳар ду ҳам манзили худро надоранд ва дар хонаи падару модар зиндагӣ мекунанд ва ҳамсаронашон низ ҷое кор намекунанд. Модари Ҳушёр - Фарида дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан писараш мисли бисёр сокинони ин деҳа ҳамроҳи бародараш барои мардикорӣ ба Русия мерафт, вале соли гузашта онҳо аз он кишвар ихроҷ шуданд. Замира, ҳамсари Тулқинбой ҳам гуфт, шавҳарашро айни ҳамин қисмат насиб шуд ва аз Русия ба ватан баргашт ва мехост бо говбонӣ рӯзгорашро пеш барад.
Шавкат Қобилов афзуд, ки баъди дастгир кардани писараш сарҳадбонҳои узбак 4 сар гови онҳоро бурданд: “Ҳозир ин ҷо ба умед истодем, ки шояд говҳоямонро сар диҳанду гашта биёянд. Худатон дида истодаед, мо ин ҷо барои тамошо ё сарҳадшиканӣ намеоем. Зиндагӣ маҷбур мекунад, ки барои говбонӣ ин ҷо биёем. Дигар ҷои холӣ нест. Аммо ба ғайр аз ҳамин дидбонгоҳ ва каме симхор, дигар нишоне аз хати сарҳад нест. Гоҳ-гоҳ сарҳадбонҳои Узбакистон пайдо шуда, моро таҳдид мекунанд, ки ҳатто аз ҳамин хоки худамон ҳам дуртар равем.”
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, аз ин пештар, соли гузашта ҳам сарҳадбонҳои Узбкистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар ин мавзеи сарҳадӣ дастгир карда бурданд ва баъди шаш моҳи истинтоқу ҳабс, раҳо карданд. Вале сокинон ночор барои молчаронӣ боз ба ҳамин ҷо меоянд: “Сабаби асосии ин бесарусомонӣ муайян ва аломатгузорӣ нашудани хати марз аст. Бубинед, мо чандин километр аз назди хати марз омадем, ягон аломат надидем. Агар марзбандӣ кунанд ва нишонаҳо монанд, ин мушкил ҳал мешавад. Он гоҳ марзбонҳои Узбакистон мисли ҳозир гоҳе худсарона ба тарафи мо дохил шуда наметавонанд.”
Аҳли хонаводаи Ҳушёру Тулқинбой ҳам умедворанд, ки мақомоти Узбакистон фарзандони онҳоро ба ин зудиҳо раҳо мекунанд. Хонум Бишарифа, модари Тулқинбой мегӯяд: “Ман ҳамчун модар илтимос мекунам, ки фарзандамро ба наздам баргардонанд. Наход як одами бегуноҳи дастгиркардаашонро боз парронанд? Вай фақат барои говҳоро гардонда овардан, ба тарафи симхори Узбакистон рафтааст. Аммо аз симхор нагузаштааст ва ин хел карданӣ ҳам набуд. Ин ҷо занашу ду кӯдакаш, ман - бемор, падараш - бознишаста, акнун ҳоли мо чӣ мешавад?”
Аҳли оилаи ин ҷавонон мегӯянд, танҳо раиси ҷамоат аз ҳоли онҳо пурсида ва гуфтааст, ки мақомоти тоҷик аз қазияи дастгир шудани фарзандони онҳо дар марз хабар доранд ва барои раҳо намудани онҳо талош хоҳанд кард.