Ин сокини Восеъ мегӯяд, ки аз моҳи март ба ин тараф борҳо барои гирифтани ҳудуди 15 ҳазор доллари худ ба ин бонк муроҷиат кард, аммо то ба ҳол муваффақ нашудааст, ки ин пасандозро ба таври пурра бозпас бигирад. Баъди шикоятҳои пайдарпаи Хуршед Маҳмадиев ва расонаӣ карданӣ ин қазия, "Тоҷиксодиротбонк" 9 ҳазор доллари пасандозҳояшро баргардониду халос. Маълум нест, ки пулҳои боқимонда, яъне 6 ҳазор долларашро кай дастрас хоҳад кард. Маҳмадиев гуфт, маҷбур шуд алайҳи ин бонк ба додгоҳ шикоят барад.
Хуршед Маҳмадиев, сокини деҳаи Гулободи ҷамоати Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ аст. Дар шарҳи қазияаш ба радиои Озодӣ рӯзи 16-уми июн ӯ гуфт, мӯҳлати шартномаи бонкияш як ҳафта қабл ба итмом расид, аммо то ба ҳол натавонистааст 6 ҳазор доллари худро аз "Тоҷиксодиротбонк" бозпас бигирад. Ӯ мегӯяд, "адвокат гирифта, ба додгоҳ рафтам, додгоҳ гуфт, ки бонк даҳҳо нафарро ба суд додааст, ту аввалин одам ҳастӣ, ки бонкро ба суд медиҳӣ, аризаи маро қабул кард. Ҳоло баъди гирифтани маблағам боз аз болояш барои зарари маънавӣ, ки ҳоло асабҳоям аз рафту омад хароб шудааст, аз болои ин бонк шикоят мекунам."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин сокини ноҳияи Восеъ чанд моҳ пеш дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ нақл кард, ки моҳи августи соли 2015 маблағро дар ҳаҷми 15 ҳазор доллар дар "Тоҷиксодиротбонк" тариқи шартномавӣ гузошта буд. Вақте дар бораи мушкилоти ин бонк огоҳ шуд, моҳи феврали соли ҷорӣ шартномаро қатъ кард ва барои ин, тақрибан 600 доллар ҷарима супурд. Ӯ мегӯяд, ки баъд аз шикояту даъвоҳои зиёд ва чандмоҳа тавонист ҳудуди 9 ҳазор доллари худро ба даст биёрад ва ҳоло барои бозпас гирифтани 6 ҳазор доллари боқимонда ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Ӯ мегӯяд, бовар надорад, ки бонк барои бозпас додани ҳаҷми пурраи пасандозаш омода бошад.
Нуриддин Ганҷалов, роҳбари филиали "Тоҷикисодиротбонк" дар ноҳияи Восеъ панҷшанбеи 16-уми июн зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди иваз шудани роҳбарият дар бонк, пардохти пасандозҳо мутаваққиф шудааст. Ҷаноби Ганҷалов гуфт, ки ҳоло бонки марказӣ пасандозҳои муштариёнро ҳисобу китоб карда, баъдан ба додани он шурӯъ хоҳад кард. Ӯ мегӯяд, ки эҳтимолан то як ҳафтаи дигар пасандозҳои Хуршед Маҳмадиев пурра пардохт шаванд.
"Ҳоло бонки марказӣ иҷозат надодааст, ки мо пасандозҳоро пардохт кунем. Эҳтимол як ҳафта баъд бонк иҷозат диҳад ва мо аз ҳама аввал пули Хуршедро пардохт хоҳем кард. То роҳбарияти нав омадан, мо ҳудуди 9 ҳазор долларашро пардохт кардем. Аммо роҳбарияти нав ҳоло пасандозҳои муштариёнро ҳисобу китоб карда, иҷозат надодааст. Ҳоло ба гӯши мо низ расид, ки Маҳмадиев бонкро ба суд додааст. Ҳамин як ҳафта баъд дар сурати иҷозати бонки марказӣ, мо аввал маблағи ӯро пардохт хоҳем кард",--гуфт Нуриддин Ганҷалов.
Робия Отаева, модари Хуршед мегӯяд, ки ба як даъвати телевизион барои пасандозгузорӣ дар бонк бовар карда писарашро ҳам ташвиқ кард, ки пулҳояшро дар хона неву дар бонк нигоҳ дорад. Вале ҳоло, мегӯяд ин зан, аз кардааш пушаймон шудааст.
Даъвои ин сокини Восеъ алайҳи "Тоҷиксодиротбонк" дар ҳолест, ки аз ин қабл як гурӯҳ аз омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бинобар пардохт нашудани маоши думоҳаи худ алайҳи ин бонк ба додгоҳ шикоят бурданд. Вале баъди панҷ моҳи дастрас накардани маош ва пасандозҳои худ аз "Тоҷиксодиротбонк", хабарҳо дар бораи дучори мушкил шудани ин бонк расонаӣ шуд. Бонки миллии Тоҷикистон моҳи май эълон кард, ки барои се моҳи оянда дар ин муассисаи молӣ раҳбарияти муваққат таъин мекунад. Дар оғози моҳи июн Бонки Миллӣ эълон кард, ки интиқоли маблағ ба муштариён оғоз шудааст.
“Тоҷиксодиротбонк” баъди “Агроинвестбонк” дуввумин бонки бузурги Тоҷикистон буд, ки аз лиҳози ҳаҷми гардиши маблағ дар раддабандии бонкҳои умда буда, аз “Ориёнбонк”-у “Амонатбонк” болотар меистод. Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ вазъи “Тоҷиксодиротбонк” якбора бад шуд ва муштариён ҳам натавонистанд аз банкоматҳои он пул бигиранд.
Бино ба ҳисоботи молиявии бонк, сармояи умумии “Тоҷиксодиротбонк” дар поёни моҳи июни соли гузашта, 557 миллион сомонӣ ва ҷамъи дороиҳояш 3,7 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми умумии амонатҳо 1,6 миллиард сомониро ташкил медод. Фоидаи софи бонк дар моҳи июни соли 2015 дар ин ҳисобот чизе бештар аз 6 миллион сомонӣ нишон дода шудааст, ки назар ба 20 миллиони соли 2014 беш аз 3 маротиба камтар аст.