Машҳура: "Дар хонаи шайхи араб пайваста таҷовуз мешудем"

Акс аз бойгонӣ

Ширкати «Замони Юнус» соли 2011 Машҳураи 27-соларо барои кор ба Арабистони Саудӣ бурда буд, аммо корфармо ӯро ҳамчун ғулом истифода кард.
Ин зан, ки нахост исми хонаводагиаш ошкор шавад, духтарчаи шашсола дорад ва мегӯяд қаблан ба ҳайси пешхизмат дар яке аз ошхонаҳои маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе кор мекард. Аммо бо маоши ошхона натавонист зиндагияшро пеш барад.

Бинобар ин щ маҷбур шуд, аз тариқи ширкати «Замони Юнус» ба Арабистон равад ва барои 250 доллар аз соати 4:00-и субҳ то соати 12 шаб дар манзили арабе «ғуломвор» кор кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қочоқи занҳо ба хориҷ



Машҳура дар хонаи ин араб як солу шаш моҳ зиндагӣ карда, бо ҳама гуна кори хона машғул шудааст – бо пухту паз, тамизкорӣ ва дигар корҳо. Вай мегӯяд, ки расму русуми ин хонадон ҳам хос буд ва ӯ, ҳамчун коргари ин хонадон, бояд ин расмиётро иҷро мекард: «Аз рӯйи қоида мо бояд ҳар субҳ бо меҳру садоқат ба шайх салом медодем. Бояд бо шайх салом карда дастони ӯро мебӯсидем. Барои ҳамин зани шайх сахт рашк мекард моро азоб медод. Лекин вақте мо бо шайх хуб салом намекардем ё дурӣ меҷустем, худи шайх моро азоб медод».

Ба гуфтаи Машҳура, ӯву канизони дигар пайваста мавриди таҷовуз ва озори ҷинсии ҳам шайх ва ҳам дигар мардҳои ин хонадон қарор мегирифт, барои иштибоҳе дар таҳхона қулф ва ё аз ҷониби ҳамсари шайх лату кӯб мешуд.

Қарор буд, баъди ду соли хизмат дар хонаи шайх, Машҳура ба зиёрати Хонаи Худо бурда мешуд, аммо аз сабаби шиканҷаи зиёд ӯ дигар тоқат накард ва аз баҳри зиёрати Хонаи Худо гузашта, роҳи Тоҷикистонро пеш гирифт.

Ба нақли Машҳура, барояш як духтари ҳинду, ки бевосита хонаи хоби шайхро тоза мекард, барои гурехтан кӯмак кард. Зеро шиносномаи ҳама "ғуломон" дар хонаи хоби хоҷаашон нигаҳдорӣ мешуд. Машҳураро дар хонаи шайхи Араб боз даҳ духтари дигар аз Ҳиндустон ва Непал ҳамроҳӣ мекарданд.

Зимнан, соли 2011 Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки раҳбари ширкати "Замони Юнус" дар қаллобӣ муттаҳам шудааст.


Машҳура ягона тоҷикзане нест, ки дар хонадони шайхҳои араб гирифтори ғуломӣ шудааст. Даҳҳо тани дигаре ҳастанд, ки бо сабаби ҷустани кор ба ин ҳол гирифтор шудаанд.

Валихон Муллоев, муовини аввали сардори Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД.

Валихон Муллоев, муовини аввали сардори Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи ин мушкил ҳама корҳои заруриро анҷом медиҳад. Ба қавли ҷаноби Муллоев, агарчи қочоқи инсон дар Тоҷикистон мавҷуд бошад ҳам, аммо истисмори ғуломдорӣ дар дохили кишвар вуҷуд надорад:

«Ҷиноятҳое, ки вобаста ба хариду фурӯши инсонанд, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва ғуломдорӣ мебошанд. Дар Русия низ шаҳрвандоне ҳастанд, ки мавриди истисмори меҳнатӣ қарор мегиранд ва бештари истисморгарон худи тоҷиконанд.»


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки қочоқи инсон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар тахминан 15 соли пеш оғоз шуд. Дар гузашта занҳо ё духтарони тоҷик бештар ба кишварҳои исломии Иморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон ва Туркия интиқол меёфтанд ва дар корҳои мухталиф, аз ҷумла дар бозори сиёҳи танфурӯшӣ истифода мешуданд.

Ҳамакнун, мегӯянд масъулони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон, мавридҳои қочоқи инсон ба Чин низ мушоҳида шудаанд.

Таҳлилгарон мушкилоти иқтисодӣ ва бекориро сабаби аслии густариши қочоқи инсон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар медонанд. Комёб Ҷалилов, таҳлилгари тоҷик мегуяд: «Вақте шаҳрвандон ба Русия ё дигар давлатҳо мераванду нони хурдан надоранд, мушкили зиёд доранд, бо пешниҳоди маблағ аз ҷониби гурӯҳҳои махсус розӣ мешаванд.»

Зимнан, дар соли ҷорӣ мақомоти интизомии Тоҷикистон 11 занро аз фурудгоҳи Душанбе, пеш аз сафар ба шаҳри Дубай ва ҳамчунин Кобули Афғонистон аз роҳ баргардонидаанд. Ҳамчунин ин мақомот 3 занро аз ИМА ва як занро аз Афғонистон низ бозпас овардаанд.

Солҳои пеш мақомоти интизомии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 23 зану духтари тоҷикро аз ИМА баргардонида буданд.

Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар соли ҷорӣ 8 парвандаро дар робита ба одамрабоӣ, 9 парвандаро аз рӯи қазияи қочоқи ноболиғон ва шаш парванда дар робита ба хариду фуруши инсонро боз кардааст, ки таҳқиқи онҳо идома доранд. Гуфта мешавад 23 ҷинояти дигар дар робита ба истисмори одам ошкор карда шудааст.