Талаби 60 ҳазор доллар аз ВКД барои шиканҷаи милиса

Бо машварати равоншиносони хориҷӣ, як навраси аз дасти милиса шиканҷашудаи тоҷик аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пардохти ҷуброни маънавиашро талаб кардааст.

Равоншиносони хориҷӣ хисороти маънавии Хушбахт Қаюмов, як навраси тоҷикро, ки бар асари шиканҷаи корманди пулис дар ноҳияи Ёвон осеби ҷисмониву равонӣ дидааст, 300 ҳазор сомонӣ, муодили 60 ҳазор доллар муайян кардаанд. Ин гурӯҳ, ки бо даъвати волидон ва вакили дифои навраси осебдида ба Тоҷикистон омада буд, ба хулосае расид, ки дар паи шиканҷа ва баҳсҳои дусолаи додгоҳӣ ин навраси тоҷик зарбаи равонӣ дидааст ва ба табобати ҷиддӣ ниёз дорад.

Дар паи хулосаи равоншиносони украинӣ, волидайни ин наврас аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дархост карданд, ки ҷуброни маънавӣ ба маблағи 60 ҳазор долларро аз Вазорати дохилии Тоҷикистон бирӯёнаданд.

Ин ноболиғи тоҷик соли 2012 аз ҷониби Машариф Алиев, корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон мавриди шиканҷа қарор гирифта буд. Додгоҳ шиканҷаро собит кард ва кормандипулисро соли гузашта, пас аз баррасиҳои зиёд ба мӯҳлати 7 сол зиндонӣ кард.

Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Хушбахт Қаюмов мегӯяд, ҳадаф аз даъвати мутахасисони хориҷӣ дар заминаи маълум кардани ҷуброни маънавӣ ин буд, ки аввалан, гузаронидани чунин як ташхис дар Тоҷикистон хеле мушкил аст, дуввум хонавода кафолат дошта бошад, ки санҷиш беғаразона будааст.

“Ин маротибаи дуюм аст, ки дар парвандаҳои марбут ба шиканҷа зарари маънавӣ муқарар карда мешавад ва он ҳам бо даъвати мутахассисони хориҷӣ. Зарарро мутахассисон дар сӯҳбат бо зарардидаи шиканҷа ва омӯхтани он, ки ӯ пас аз шиканҷа дар кадом ҳолат қарор дораду минбаъд ба чӣ ниёз дорад, медиҳанд. Мо дар мурофиаи додгоҳӣ пешниҳод ҳам хоҳем кард, ки мусоидат шавад, то минбаъд чунин ташхисро дар кафедраҳои писхологӣ ва бо даъвати равоншиносони ватанӣ анҷом диҳанд.”

Масъулини додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ворид шудани чунин як ариза аз номи Маҳмадсаид Қаюмов, падари ноболиғи шиканҷашуда барои рӯёнидани товони маънавиро тасдиқ кард. Як корманди додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфт, бинои Вазорати Дохилӣ дар ноҳияи онҳо ҷойгир аст ва баррасии ариза низ масъулияти додгоҳи Исмоили Сомонӣ аст. Ин корманди додгоҳ гуфт, бо эҳтимол зиёд аз ҳафтаи оянда баррасии ин парванда шурӯъ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Қаюмов, падари ин ноболиғ мегӯяд, писараш пас аз шиканҷа шудан ва баҳсҳои дусолаи додгоҳӣ хаста шудааст ва аз зиндагӣ дилсард шудааст. “Асбаҳояш хароб шудаанд. Бояд мо инро ду се соли дигар табобат кунем, ки минбаъд зиндагиашро давом дода тавонад. Барои ҳамин умед дорем, ки суд даъвои моро қонеъ карда, маблағи лозимиро аз Вазорати корҳои дохилӣ барои мо пардохт мекунад.”

Ҷуброни хисороти маънавӣ ва ташхси равонпизишкӣ дар Тоҷикистон хеле кам иттифоқ меафтад. Аммо Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро, ки Тоҷикистон тавони мушаххас кардани ҷуброни маънавиро надорад, ғалат мехонад. “Вазорат чунин мутахассисон ҳам дорад. Дар донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кафедраи равонпизишкӣ низ амал мекунад, ки аз ҳисоби кормандони он имкони анҷоми чунин ташхис имконпазир аст”.

Маҳмадулло Давлатов, узви кафедраи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, таи панҷ соли ахир кормандони ин кафедра ҳамагӣ як бор чунин хулоса додаанд. Вай мегӯяд: “Ин як ташхиси хеле нозук аст. Муроҷиаткунанда бояд ҳуҷҷати табобат дар беморхона ва рӯйхати истеъмоли навъҳои доруҳоро дошта бошад. Саволнома тартиб дода мешавад ва аз посухҳои ӯ дақиқ мешавад, ки то кадом андоза ӯ рӯҳан зарар дидааст ва ба кадом намуди табобат ниёз дорад”.

Аммо волидайни ноболиғи шиканҷашуда мегӯянд, бо кӯмаки созмонҳои ҷамъиятӣ ба он хотир аз хориҷа мутахассис даъват кардаанд, ки ба мутахассисони дохилӣ эътимод надоранд. Ноболиғе, ки баҳсаш беш аз ду сол аст давом дорад, дуруст ду соли пеш аз ҷониби корманди милисаи Ёвон ба дуздӣ муттаҳам ва шиканҷа шуд. Ин корманди милиса ба Хушбахт Қаюмов мӯҳлат додаст, ки то фардо ҷинояти дуздиро ба гарадан бигирад. Аммо наврас шабона кӯшиши худкушӣ кард ва тасодуфан наздиконаш ӯро аз мурдан халос карда, дар ҳолати беҳӯшӣ ба бемористон бурданд. Ин ноболиғ бо кӯмаки пизишкон баъде се ҳафта аз марг наҷот ёфт ва шиканҷа шуданаш аз ҷониби пулисро дар додгоҳ собит кард.

Пулисе, ки барои шиканҷаи ӯ 7 сол зиндонӣ шуда буд, қарор аст, бар асоси қонуни авф қисме аз мӯҳлати ҷазояш кам карда шавад.